Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    Варзиш ин амал ё фаъолиятест, ки    аз замонҳои хеле қадим дар байни одамон ба вуҷуд омада, таърихи хеле тӯлонӣ ва сабақомӯзе дорад. Масалан, аллакай дар Юнони Қадим  бозиҳои олимпӣ гузаронида мешуд. Ҳангоми гузаронидани ин бозиҳои варзишӣ   амалиётҳои  ҷангӣ қатъ мегаштанд ва ин бозиҳо тамоми юнониёнро ба якдигар муттаҳид  менамуданд.

   Имрӯз  варзиш   ягона сафирест, ки имконияти аз байн бурдани низову  нифоқро  дар байни одамон  дорад. Шукри    истиқлолият,  ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу суббот, ки ба мо аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат,  муҳтарам Ҷаноби Олӣ,  Эмомалӣ Раҳмон,  махсусан дар соҳаи варзиш дастгириҳои беназир  шуда  истодааст. Имсол дар ноҳияи Данғара  маҷмуаи варзишие кушода шуд, ки имконияти гузаронидани мусобиқаҳои байналмилалии сатҳи ҷаҳониро дорад.  Бинои нави  асосии ДДД, ки бо толори варзишии  ҳозирамон муҷаҳаз гардонида шудааст,  ба истифода дода шуд. Ин ҳама ба хотири тарзи  ҳаёти солимро интихоб намудани шаҳрвандон ва донишҷӯён ва аз ҳама гуна корҳои ношоям  ва ба гурӯҳҳои   ифротгаро ва дасисаҷӯй  шомил нашудани онҳо  мебошад.

    Раёсати ДДТХ ва раёсати ДДД дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон,  варзиш ва саёҳии  Данғара  тибқи нақша - чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ бахшида ба Рӯзи Президент  12-уми ноябри соли 2016 дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара мусобиқаи футболро байни дастаҳои яккачини Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор намуд. Албатта, ин мусобиқа барои боз ҳам ба ҳам наздик намудан ва мустаҳкам кардани дӯстию рафоқати ин ду таълимгоҳи олии ноҳия заминаи мустаҳкаме гузошт. Гарчанде дастаи навтъасиси ДДТХ бозиро   бохта бошад ҳам, ин барои ҷавонони ҳарду донишгоҳ сабақи бузурги хештаншиносӣ, рафоқату муттаҳидӣ гардид.

 

Шарипова Дилафрӯз, Қаюмов Сино - донишҷӯёни гурӯҳи 7-8-уми тиббӣ

   

    Ҳар як инсон ба ду навъи ғизо зарурат дорад - ғизои моддӣ ва ғизои маънавӣ. Барои ғизои маънавӣ донишҷуён паси курсӣ дар китобхона  ва дар  дарсҳо нишаста сабақ мегиранд, барои ғизои моддӣ бошад, солим гардонидани руҳу ҷисми онҳо зарур аст, яъне ба қавли Ибни Сино:«Агар хоҳед, ки шуморо ба табиб зарурат набошад, ба варзиш машғул шавед». Дар ин росто мувофиқи супориши раёсати донишгоҳ бахшида ба рӯзи Конститутсияи ҶТ, мусобиқаи варзишӣ аз рӯи  намуди футбол  байни донишҷӯёни факултаҳои ДДТХ ба нақша гирифта шуд.

   Низомнома ва тартиби гузаронидани бозии футбол таҳия карда шуда, аз 24-уми октябр то 7-уми ноябри соли 2016 мусобиқаи футбол байни дастаҳои факултетҳо дар майдони варзишии ДДТХ баргузор гардид. Дар мусобиқа 12 дастаи факултаҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ иштирок намуданд.  Ба бозии финалӣ дастаҳои гурӯҳҳои 7-8-уми тиббӣ ва 3-4уми тиббӣ роҳ ёфтанд. Баъди баргузории бозии финалӣ дастаи гурӯҳҳои 7-8-уми тиббӣ ҷойи якум, дастаи гуруҳҳои  3-4уми тиббӣ ҷойи дуюм ва дастаҳои гурӯҳҳои 5-6-уми тиббӣ ва 1-2-и тиббӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа муовини ректор оид ба таълим Ғафуров Б.А., раиси иттифоқҳои касабаи кормандону донишҷӯён Мамадалиева С.А. иштирок намуда, ғолибони мусобиқаро бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорнома сарфароз намуданд.

   Мақсади   ташкили  бозиҳо  дар байни донишҷӯён  бедор намудани ҳисси масъулият, ҳамдигарфаҳмӣ ва пурқувваттар намудани  дӯстию бародарӣ дар байни онҳо мебошад. Ҳамзамон донишҷӯён   варзиш, ҳаёти солим, муҳити солимро пайгирӣ   намуда, аз амалҳои ғайриахлоқӣ дурӣ ҷӯянд. Дар оянда низ дар ҷамъият  адои вазифа намуда, мутахасисони хубу солим  ба воя бирасанд, дар байни ҷомеа соҳиби обрӯю мартабаи баланд гарданд ва ба давлату миллати худ хизмати сазовор намоянд.

 

Нуров Маъруф – донишҷӯи гурӯҳи 10-уми факултети тиббии ДДТХ

Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,

Шамъ чун хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад.

    Боиси таассуф ва андӯҳи бузурги устодони  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва кулли мардуми Тоҷикистон аст, ки марг рӯзи 31-ми октябр аз миёни мо фардеро рабуд, ки аз барозандагони тоҷу тахти бартарӣ ва сафороёни маъракаи давлату раиятпарварӣ буд ва ниҳоли бахташ аз тарбияти баҳори камолот тарбия ёфтаву арсаи тӯлу арзи қаламрави ахлоқу одоб ва фурӯтаниву хоксорияш аз сарҳади тасаввур фаротар гардан мекашид.

   Шахсе рӯ ба ниқоби хок кашид, ки ганҷинаи табъи салимаш аз зару сими хираду дониш ба он ҳад  саршор буд, ки агар тӯтии нутқро дар шакаристони маҳфил мутакаллим месохт, аз резиши найсони каломаш садафи ҳушу равони гавҳарсанҷони ҳар маҳфил моломоли дурру марворили обдори балоғату фасоҳат мегардид ва агар ҳумои отифату насиҳаташ бар ҳар саре сояи боли иноят меафканд, дар маъракаи арҷмандӣ сарфароз мегашту ба манзили мақсуд мерасид.

    Номваре аз байни мо рафт, ки офтоби оламтоби вуҷуди масъудаш машриқорои сипеҳри ҳастӣ буд ва дар арсаи ҳар диле, ки партави хуршеди ҷонбахшаш метофт, анвори таҷаллиёти фуюзоти ҷовидониро дармеёфт ва агар насими панду андарзаш гулшани ҳар дилеро хуррамӣ мебахшид, аз осебу зиёни ҳеҷ хазоне хиҷолати зардрӯӣ намекашид.

Ба дигар сухан:

                        Китоби фазли варо оби баҳр кофӣ нест,

Ки тар кунӣ сари ангушту сафҳа бишморӣ.

 

    Ин ганҷури хизонаи хираду доноӣ ва ғаввоси баҳри басорату биноӣ, ки аз партави назари кимиёасари нурфизои соҳати саодатмандӣ баҳравар гашта буд, РАМАЗОН ҒОЗИЕВ (1. 08. 1946 - 31. 10. 2016) буд. Номбурда, ки  солиёни зиёд бо шаҳди нигоҳу гуфтори хеш коми ташнаи шогирдон ва ҳамсуҳбатони хешро дар ҷумҳурӣ, ба вижа дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, шодоб месохт, кунун дар байни мо нест.

   РАМАЗОН ҒОЗИЕВ, бо назардошти соҳибтаҷрибаву огоҳдил буданаш, ҳар куҷо, ки ба фаъолият мепардохт, дар мақоми иззу эҳтиром ва мулотифату икром қарор дошт. Аз сабаби он ки фаъолияти ин абармард бисёрҷабҳаву гуногуннавъ аст, баррасии ҳамаи онҳо фароғи хотир ва фурсати бештареро тақозо мекунад, ки ин таъзиянома маҷоли бардошти ҳамаи онҳоро надорад. Ин ҷо бо истифода ва такя ба мақоли «Мушт намунаи хирвор аст» фақат ба таври иҷмол арз медорем, ки марҳум ҳангоми дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон фаъолият карданаш , аз соли 2011 то соли 2016, мушовири собиқ ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино - Убайдулло Қурбон - роҷеъ ба масъалаҳои тарбиявӣ буда, дар ин замина бо ибтикороти хеш ба роҳандозӣ ва таъсиси китобхонае таҳти унвони «Асрори дониш» дар ноҳияи Муъминобод муваффақ шуд. Ҳамчунин ташкили маҳфилҳое таҳти номҳои «Масъалаҳои равонӣ бо донишҷӯён»,  «21 сифати роҳбар» ва «Зан - роҳбар»  дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ибтикороти ӯст. Вазифаи раиси Шӯрои мураббёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бар дӯши вай гузошта шуда буд.

   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хидматҳои шоиста ва бенуқсони Рамазон Ғозиевро дар самту соҳаҳои гуногун ба эътибор гирифта, ӯро бо як қатор мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардондааст.

   Раёсат, ҳайати профессорону устодон, шогирдон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва кулли кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз фавти ин шахсияти оқилу фарзона, устоди сахтгиру меҳрубон, масъулиятшиноси камназир ва фарди хоксору накусияр – РАМАЗОН ҒОЗИЕВ сахт андӯҳгин буда, ба хешу табор ва кулли пайвандони марҳум шикебоии зеборо таманно доранд ва якдилона аз забони шоир мегӯянд:

Кай нутқи марди маърака вассофи қадри ӯст,

Берун бувад сифоти вай аз маркази қиёс.

Дар остони қадри ҷалолаш намерасад,

Гар сад ҳазор сол парад тоири қиёс.

Сармашқи тозарӯии фирдавси роҳат аст,

Ҳар дил, ки нақди бандагияш кард иқтибос.

Ҳар чини ӯ ба номаи озодагӣ хатест,

Пешоние, ки хоки суҷудаш бувад масос.

Мақбули коиноту сазовори ҷаннат аст,

Ҳар муқбиле, ки бар дари ӯ гашт рӯшинос.

 

Раёсати ДДТХ

Данғара. Кормандони ДДТХ дар ҳифзи сиҳатии аҳолӣ саҳми бориз доранд

Дар саргаҳи ин ибтикор  ректори ДДТХ, профессор Убайдулло Қурбон қарор дорад

Имрӯз дар мамлакат беморхонаву бунгоҳҳои тиббии ба талабот замон ҷавобгӯ сохта, бо таҷҳизоти навтарини истеҳсоли ширкатҳои машҳури олам, ки пештар истифода аз онҳо бароямон афсона буд, ҷиҳозонида шудаанд. Шоҳидем, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бахши тандурус­тии кишвар низ мавриди ислоҳот қарор гирифт ва ин раванд то имрӯз пайгирона идома ёфта истодааст. Дар натиҷа, заминаҳои наву муосири қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, такмили низоми идоракуниву маблағгузорӣ, рушду таҳкими кумаки авва­л­ия­и тиббиву санитарии бо тибби оилавӣ асосёфта ва таҷдиди муассисаҳои тиббиву фармасевтӣ муҳайё карда шуданд. Агар ин раванд­ро, ки 25 соли соҳибистиқлолӣ бемайлон ҷараён дорад, гурӯҳбандӣ намоем, он дар нав­бати аввал, таҷдиди сохтор, фароҳам овардани шароит барои кумаки аввалияи тиббӣ, таъмини муассисаҳои бистарикунонӣ бо лавозимот, тақвияти неруи кадрии соҳа, мукаммалсозии инфрасохтор, такмил ва беҳбуди таъминот бо доруворӣ, ворид намудани усулҳои нави маблағгузорӣ, татбиқи усулҳои нави ташхису табобат бо истифодаи технологияҳои муосир, барқарорсозии саломатии маъюбон ва умуман, беморон, инчунин рушди заминаи иттилоотии идоракуниро дар бар мегирад. Ҷиҳати тавсеа бахшидани ин раванд бо дарназардошти хусусиятҳои хоси соҳа зиёда аз 20 барномаи миллӣ татбиқ шуда истодааст, ки ҳадафи асосии онҳо торафт беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва солимии аҳолӣ мебошад.  Бидуни шубҳа метавон гуфт, ки дар натиҷаи татбиқи барномаҳои зикршуда тамоюли беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, паст шудани сатҳи беморшавии аҳолӣ ва кам шудани шумораи бемориҳои сироятӣ ба мушоҳида мерасад.   

   Таъсиси Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон идомаи ибтикороти  Ҳукумати ҷумҳурӣ  дар ин ҷода маҳсуб шуда, аҳли он таҳти сарварии узви вобастаи Академияи илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон  тамоми неруи зеҳнӣ ва имконоти мавҷударо баҳри тарбияи кадрҳои баландихтисоси миллӣ равона карда, тасмими ҷиддӣ доранд, ки ба ин васила худро ҳамчун вориси мероси бузурги гузаштагон, аз ҷумла пири ҳакимони Машриқзамин – Ибни Сино бештару хубтар муаррифӣ намоянд. Роҳбарият ва омӯзгорони ин донишгоҳ ба хубӣ дарк намудаанд, ки онҳо бо шахсоне сарукор доранд, ки оянда ба онҳо одамон ҳаёти худро бовар мекунанд. Ҳамрадиф бо роҳандозии фаъолияти таълимӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд, роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  табобату ҷарроҳии ниёзмандонро аз ҷониби гурӯҳи сайёри табибон таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Қурбон ба роҳ мондааст.  Ин гурӯҳи сайёр аз ҳисоби табибони ботаҷрибаи шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина таъсис ёфта, аз 14 феврали соли равон инҷониб барои амалӣ намудани ҷарроҳиҳои реконструктивӣ ва барқарорсозӣ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара бомуваффақият фаъолият доранд.  Ёдовар мешавем, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми октябри соли 2012 дар ноҳияи Данғара Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ  таъсис ёфта, 22 марти соли 2014 бо иштироки  Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ намуда буд.  Сохтмони беморхона соли 2006 оғоз гардида, барои бунёду таҷҳизонидани он қариб 100 миллион сомонӣ харҷ шудааст. Муассисаи мазкур бо мақсади таъмини хизматрасонии босифату муосири тиббӣ барои як миллиону 100 ҳазор нафар сокинони минтақаи Кӯлоб бунёд гардида, ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Беморхона дорои имкониятҳои маҷмӯии ташхису табобат буда, дар як вақт ба 150 нафар эҳтиёҷманд хизмати тиббӣ расонида метавонад. Дар муассиса имконияти хуби ташхису табобат ва гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ мавҷуд буда, ҳамзамон шароити хуби табобати гиёҳдармонӣ ва тавонбахшиву машқҳои варзишӣ низ муҳайё карда шудааст. Бо ифтитоҳи беморхона 240 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуда, 62 нафар табиб, 80 нафар корманди миёнаи тиб, 88 нафар корманди хурди тиб ва мутахассисони техникӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

  Тибқи иттилои масъулини донишгоҳ, то имрӯз дар беморхонаи зикршуда 148 амалиёти ҷарроҳӣ  бомуваффақият гузаронида, аз ин шумора 57-нафар мард, 56-нафар зан, 35-нафар кудакони то 14-сола  мебошанд.  Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки теъдоди зиёди беморонро (123 нафар) сокинони ноҳияи Данғара ташкил дода, аз навоҳии дигари вилояти Хатлон  дар 18 нафар ва шаҳри Душанбе 7 нафар амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд.  Аз теъдоди умумӣ 120  амалиёти ҷарроҳӣ, ки 83 фоизро ташкил медиҳад, дар заминаи  нишондодҳои тиббӣ ва 25 ҷарроҳӣ (баробар ба 17 фоиз) бинобар зарурати эстетикӣ (зебоӣ) гузаронида шудааст. Аз он ҷумла, ринопластика бо нишондоди тиббӣ ба  86-нафаре, ки дар натиҷаи садама ё осеби миёнадеворӣ бинӣ ё устухонҳои биниашон шикаста ва ё каҷ шудаву дар ин замина мушкилии нафаскашӣ доранд  гузаронида, дар 6 -нафар ин амалиёти ҷарроҳӣ бинобар зарурати эстетикӣ гузаронида шуд. Ҳамрадиф бо ин, дар 9 - нафаре, ки аз барҷастагии суфраи гушҳо шикоят доштанд, амалиёти ҷарроҳии оттопластикаи дутарафа гузаронида шуд.  Ҳамчунин  дар 10-нафар, ки контрактураҳои пас аз сухтаи мафсалҳои андомҳои калон ва панҷаи дасту пой доштанд, амалиётҳои ҷарроҳии бартараф намудани контрактураҳо бо усулҳои гуногун ва  дар 5 - нафар, ки аз халтазании пилкҳои болоӣ ва поёнӣ азият  доштанд,  амалиёти ҷарроҳии блефаропластика гузаронида шуд. Ба ғайр аз ин, дар 24 ҳолати дигар амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ, ба монанди флебэктомия, бурида гирифтани гемангиомаҳо, ҳемистурмэктомия, ҳерниопластика, фаровардани тухми мардона ба тухмдон, бартараф намудани гидроселе, бурида гирифтани кистаҳои мавзеҳои гуногун, гирифтани ҷисми бегонаи ҷавфи Гайморов гузаронида шуд.  Муҳимтар аз ҳама, дар марҳилаҳои пас аз ҷарроҳӣ дар тамоми ҳолатҳо оризаҳои хосу ғайрихоса ҷой надоштанд. 

Ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намудан ва расонаӣ намудани он аз ҷониби банда бесабаб нест. Муътақидам, ки аз чанд зовия метавон онро рӯйдоди фараҳбахш ва дастоварди навбатии бахши тандурустии кишвар арзёбӣ намуд. Сабаби аввал он аст, ки дар дар замони шуравӣ ва давраи соҳибистиқлолии мамлакат ин гуна амалиёти ҷарроҳӣ аввалин маротиба дар вилояти Хатлон гузаронида шуд. Сониян, чунин намуди ҷарроҳӣ дар илми тиб аз лиҳози назокатҳояш нисбатан душвор маҳсуб шуда, амалӣ намуданашон на дар ҳама бемористон  имконпазир аст. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ чунин шароит дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара муҳайё буда, ҳамрадиф бо ба роҳ мондани баргузории амалиёти ҷарроҳӣ, роҳбарияти донишгоҳ барои омодасозии мутахассисон  дар заминаи ин бемористон асос гузошт. 

  Бе муболиғаву тамаллуқ мегӯям, ки фаъолияти табибони масеҳонафасе чун профессор Убайдулло Қурбон дар мисоли шифои комил ёфтани шумораи зиёди беморон баръалост ва мақоли халқии «чизе, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест» - ро ба ёд меорад. Мисолҳои зиёде мавҷуданд, ки ба шарофати  ин табиби ҳозиқ, теъдоди зиёди инсонҳо, ки бо сабабҳои гуногун қисме аз баданашон осеб дидаасту дар зиндагӣ ба ноҷӯриҳои зиёд мувоҷеҳ буданд, ба зиндагӣ дилгарм шуданд. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки тадқиқотҳои илмии Убайдулло Қурбон аҳамияти байналмилалӣ дорад. Қисмати аъзами корҳои илмиии ин нафарро  усулҳои ҷарроҳии реконструктивии осебҳои дар ҳолатҳои гуногун бавуҷудомада, бандаки рагу асаб ва контрактураи ангуштон ва мафсали дасту пойҳо пас аз сӯхтан  ва ғайра дар бар гирифтааст. Нуктаи муҳим он аст, ки баъзе ҷарроҳиҳои ин бахш дар тибби ҷаҳонӣ назир надошта, маротибаи аввал аз ҷониби номбурда ва ҳамсафони ӯ дар сатҳу хуб ва  сифати баланд иҷро шудаанд. Барои ба хонандагони ҳафтанома фаҳмотар гардидани моҳияти ин намуди ҷарроҳӣ зикри онро бамаврид медонем, ки дар ҳолати рух додани чунин ҳолат барои дилхоҳ нафар, сарфи назар аз намояндаи кадом қишри ҷомеа буданаш, фоҷиа маҳсуб меёбад ва боиси дилхунукиаш аз зиндагӣ мегардад. Маҳз амалӣ намудани чунин ҷарроҳӣ замина фароҳам овардааст, ки ин нуқсонҳо рафъ гарданд ва ҳамватанони мо ба зиндагии маъмулии худ баргарданд. Нафарони зиёдеро медонам, ки баъд аз соҳибмансаб гардиданашон корҳои илмиро канор гузоштаанд. Вале Убайдулло Қурбонов бо вуҷуди ба зиммааш вогузор гардидани масъулиятҳои бузург ҳаргиз ба пешаи табибӣ ва корҳои илмӣ муносибати дуюмдараҷа накардааст. Ҳамасола аз ҷониби номбурда зиёда аз 300  ҷарроҳии душвор, ки қисме аз онҳо дар таҷрибаи тибби ҷаҳонӣ назир надоранд, бомуваффақият анҷом дода мешавад. Дар ин давом аз ҷониби у беш аз 350 мақолаҳои илмӣ, 10 ихтироот, 5 китоби таълимӣ, зиёда аз 70 пешниҳодоти навоварона таълиф шудааст. Илова бар ин, зури роҳбарии у 12 нафар олими ҷавон рисолаҳои илмӣ ҳимоя намудаанд, ки ин ҳама  бозгӯйи фаъолияти пурмаҳсули ӯст. Дар маҷмӯъ, нақшаҳои Убайдулло Қурбон ва аҳли донишгоҳ дар робита ба масъалаи мавриди назар зиёд буда, тасмим доранд чунин ҳамкориро бо дигар беморхонаҳои вилояти Хатлон  низ ба роҳ монанд.

 

Далер Мерганов,

журналист

Подкатегории