Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

       Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    бо андӯҳу сӯгвории зиёд аз вафоти дотсенти кафедраи акушерию гинекологии № 1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  Мирсабурова Роҳат Тоҷиевна изҳори тасаллият менамояд. Ин омӯзгори варзида, собиқадори соҳаи акушерию гинекологии ҷумҳурӣ умри худро сарфи таълиму тарбияи табибон намуда, худ ба рисолати баланди омӯзгорию табибӣ соҳиб гаштааст. Қалби бонуе аз таппидан боз монд, ки насли зиёди табибони варзидаи ҷумҳурӣ аз дарёи донишу малакаи ӯ об хурда, худ мисли устоди меҳрубонашон соҳибкасбу баландмақом гаштаанд.

       Мирсабурова Роҳат Тоҷиевна соли 1935 дар шаҳри Чорҷӯи Ҷумҳурии Туркманистон чашм ба олами ҳастӣ кушода, солҳои 1951-1955 дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Керкии Турманистон таҳсил намудааст. Баҳри боз ҳамткамилу сайқал додани дониши тиббии худ таҳсилро дар таълимгоҳи олии тиббӣ – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  идома дода, соли  соли 1961 онро хатм менамояд. Сипас дар ординатураи клиникии кафедраи акушерӣ-гинекологӣ ва аспирантураи кафедраи мазкури донишгоҳи тиббӣ Дониши андӯхтаи худро оид ба тиб таҳсил намуда, яке аз ташкилотчиён ва мудири кафедраи акушерию гинекологии факултети такмили ихтисоси табибон дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Мирсабурова Роҳат Тоҷиевнаро пеш аз ҳама сбабҳои фавти модарон сахт ба ташвиш меовард ва дар ин ҷода корҳои илмию тадқиқотии худро ба роҳ монда, оид ба масоили гуногуни бемориҳои занона зиёда аз 50 мақолаи илмӣ, 3 дастури таълимӣ таълиф намудааст. Профессор Мирсабурова Р.Т. Аълочии тандурустии СССР, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Аммо мукофоти аз ҳама баландтарини ин олимаи пуркор хотираи неки ҳазорон шогирдону ҳамкоронаш мебошад.

       Албатта, аз байни мо рафтани чунин олимаи пуркору хирадманд фоҷиаи хеле бузург аст, аммо як чиз моро тасаллӣ медиҳад, ки шоири зиндаёд фармудааст:

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро!

       Аз номи раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    ба наздикону пайвандони Мирсабурова Р.Т.  сабри ҷамил хоста, бо боварии том гуфта метавонем, ки ёди ин бонуи роҳпаймои илми тибби умрбод дар қалби мо боқӣ хоҳад монд:

Ёди ту ҳама дар дили мо бошад,

Меҳри ту чароѓи манзили мо бошад.

 

         Рӯзи 5-уми октябри соли 2017 дар толори фарҳангии ДДТХ бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси идона ва барномаи адабию фарҳангӣ баргузор гардид.

       Ҷамъомадро бо сухани табрикотӣ ректори ДДТХ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба ифтихори ҷашнҳои Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии ҶТ табрику муборакбод намуд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки рисолати бузурги забон ва омӯзгор дар ҷомеаи имрӯзаи мо баҳснопазир аст, чунки яке асоси бақои миллат ва дигаре пешвою омӯзандаи алфози неку таҷассугари ростию росткорист.

       Дар ҳақиқат, дар тарбияи маънавӣ ва ташаккули афкору хиради инсоният маҳз саҳми омӯзгорон назаррас аст. Дар асоси фармоиши ректори  ДДТХ омӯзгорони зерин бахшида ба «Рӯзи омӯзгорон» бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд:

  1. Зарипов И.А. – мудири кафедраи морфология ва физиологияи одам
  2. Аҳадов Ш.Ф. – омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ
  3. Должикова В.А. – дотсенти кафедраи забонҳо
  4. Бустонов М.О. – дотсенти кафедраи морфология ва физиологияи одам
  5. Одинаев С.П. – саромӯзгори кафедраи забонҳо
  6. Мамадалиева С.А. – омӯзгори кафедраи забонҳо
  7. Самиев С. – омӯзгори кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика
  8. Қурбоналиев Ҷ. - омӯзгори кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика

     Мудири кафедраи ҷомеашиносӣ дотсент Гулов А.А. дар мавзӯи «Рисолати омӯзгор дар ҷомеаи имрӯза» маърӯза намуда, ба шарофати панду ҳикмат ва дарсҳои устоди соҳибхирад дар зиндагӣ муваффақу комёб гардидани инсон ва дар ҷомеа мавқеи хос ишѓол намуданашро таъкид намуд.

    Мудири кафедраи забонҳо номзади илмҳои филологӣ Қурбонмамадов С.Х дар мавзӯи «Шукуҳмандии забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол» маърӯза намуда, қайд намуданд, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бойтарин ва қадимтарини сайёраамон ба шумор меравад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд  онро биомӯзанд. Инро дидаву шунида, мо соҳибзабонон вазифадорем забони бузурги модариамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагию равонии он ҳамеша саҳмгузор бошем.

     Сипас барномаи адабию фарҳангӣ дар иҷрои донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Сурудҳои марѓуби донишҷӯи соли аввал Шукуров А. ба забони тоҷикӣ, донишҷӯи соли дуюм Ёралиева Н. ба забони англисӣ,  донишҷӯи соли дуюм Раҷабов Н. ба забони русӣ писанди ҳамагон гардид. Донишҷӯи соли аввал Дустамамадова Г. рақси зебову марѓуби бадахшониро бо маҳорати хоссае иҷро намуд. Монологи ҳаҷвии донишҷӯи соли дуюм Шукуров Дамир ва саҳначаи ҳаҷвии донишҷӯёни соли дуюм Қобилов А. ва Содиқов А.  табъи ҳозиринро хеле болида намуд.

     Дар охир ректори ДДТХ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ин маҳфили хотирмонро ҳусни хотима бахшида, бори дигар ҳамагонро ба ин ду ҷашни бузург табрику таҳният гуфта, ба донишҷӯён ва ташкилкунандагони барномаи рангини адабию фарҳангӣ изҳори сипос намуданд.

 

 

                                                          Кафедраи забонҳо

       Рӯзи 27-уми сентябри соли 2017 дар Шӯрои олимони ДДТХ нахустин озмуни интихоби ишғоли ҷойҳои холӣ баррасӣ карда шуд. Баъди аз комиссияи озмунӣ гузаштан нозадҳои зерин пешниҳод карда шуданд:

  1. Ғафуров Б.А. - барои ишғоли вазифаи дотсенти кафедраи химия ва биологияи тиббӣ
  2. Аҳмадов Ш.Р. – барои ишғоли вазифаи дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ
  3. Саидов И.З. - барои ишғоли вазифаи дотсенти кафедраи морфология ва физиологияи одам
  4. Қузибаева Н.К. - барои ишғоли вазифаи дотсенти кафедраи фанҳои клиникӣ
  5. Гулов А.А. - барои ишғоли вазифаи дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ
  6. Чориев С.А. - барои ишғоли вазифаи дотсенти кафедраи химия ва биологияи тиббӣ
  7. Одинаев С.П. - барои ишғоли вазифаи саромӯзгори кафедраи забонҳо
  8. Зарифов И.А. - барои ишғоли вазифаи саромӯзгори кафедраи морфология ва физиологияи одам
  9. Қурбонов Х.Ш. - барои ишғоли вазифаи саромӯзгори кафедраи забонҳо

      Сараввал аз ҷониби котиби Шурои илмӣ ҳуҷҷатҳои пешниҳодкарда ба самъи аъзои Шӯрои илмии ДДТХ расонида шуд. Дар асоси овоздиҳии аъзоёни Шӯрои илмӣ ҳамаи номзадҳо бо аксарияти овозҳо ба вазифаҳои пешниҳодшудаашон интихоб карда шуданд. Натиҷаи овозодиҳӣ аз ҷониби раиси Комиссияи баҳисобгирии овозҳо – мудири кафедраи забонҳо, н.и.ф. Ќурбонмамадов С.Х. эълон карда шуд.

   Раиси Шӯрои илмӣ, ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳамаи интихобшудагонро бо вазифаҳои ишғолкардаашон табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаи таълимию илмии онҳо комёбиҳо таманно намуданд.

 

      Дар асоси супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзи 13-уми сентябри соли 2017 дар МТМУ № 9 ҷамоати деҳоти Сангтуда ва бо аҳли ҷамоатчигии деҳоти мазкур, хонандагони мактаб ва сокинони деҳот вохӯрӣ баргузор намуданд Дар вохӯрӣ У. Қурбон – роҳбари гуруҳ, Расулов Ғ. – сардори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулҳаев К.А. – дотсенти кафедраи  фанҳои ҷомеашиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Гулов А.А. - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи ҷомеашиносии ДТТХ, номзади илмҳои фалсафа, Одинаев С.П. – саромӯзгори кафедраи забонҳои ДДТХ, Садриддин Сайдализода – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои раиси ноҳияи Данғара,  Назирзода Нодир – роҳбари дастгоҳи суди ноҳияи Данғара, Абдулов Олим – мутахассиси танзим ва дини назди ҷамоати деҳоти Сангтуда  ширкат намуданд. Садри маҷлис  ҳозиринро шодбош гуфта, дар бораи сабабҳо ва зарурияти ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур, инчунин аз ҳадафи баргузории ҷамоади имрӯза сухан намуданд. Сараввал сардори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулов Ғафур баромад намуда, қайд намуданд, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даҳ соли сипарӣ гардида, барои даровардани тағйиру иловаҳо он ба муҳокимаи умумихалқӣ  гузошта шуда буд. Ниҳоят 28-уми августи соли равон тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Сипас ҳозиринро бо мазмуну моҳияти ин тағйироту иловаҳо шинос намуданд.

      Дотсенти кафедраи  фанҳои ҷомеашиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Абдулҳаев К.А. оид ба ҷиҳати фалсафии  қонуни мазкур сухан ронда, моҳияти бисёре аз бандҳои онро бо ҳадису ояҳои Қуръони маҷид собит намуданд.

      Назирзода Нодир – роҳбари дастгоҳи суди ноҳияи Данғара дар бораи моҳияти қонун ва бандҳои алоҳидаи он суханронӣ намуданд. Мутахассиси танзим ва дини назди ҷамоати деҳоти Сангтуда Абдулов Олим дар бораи татбиқи қонуни мазкур дар ҷамоати деҳот ибрози назар намуданд.

    Сипас аҳли нишаст, махсусан, пирони рӯзгордида саволҳо дода посухи қаноатбахш гирифтанд. Хонандаи синфи 11-уми мактаби мазкур Аббосова Фотима аз номи ҷавонон ҳозиринро хайра мақдам гуфтанд. Дар маҷмуъ, вохӯрӣ бо як рӯҳи баланди худшиносии мардум баргузор гардида, аҳли нишаст аз баргузории он изҳори қаноатмандӣ намуданд .

Одинаев С. – аъзои гурӯҳи таблиғотӣ

Подкатегории