Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     Шоми 27-уми октябри соли 2017  дар  саҳни Шабакаи аввали Телевизизиони Тоҷикистон бахшида ба “Соли ҷавонон” барномаи телевизионии “Дурахши иқбол” сабт гардид.  Дар ин барномаи телевизионӣ хонандагони пешқадами муассисаҳои миёнаву олӣ, ихтироъкорону навоварон, нафарони соҳибистеъдоду болаёқат ва ҷавонони муваффақи кишвар  иштирок намуда, оид ба истеъдоду дастовардҳои хеш ибрози андеза намуданд. Дар барномаи мазкур ҳунармандони шинохтаи кишвар низ иширок намуда,  бо сароидани сурудҳои ҷаззоб ва дилангез  таъби  ҳозиринро болида сохтанд.

       Мавриди зикр аст, ки дар ин барномаи телевизионӣ   аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон   олими ҷавон Холов Шарафҷон ширкат варзида,  ҳамчун як ҷавони муваффақи соҳаи тиб  оид ба  дастовардҳои илмии худ  маълумот доданд.

        Барномаи мазкур рӯзҳои наздик дар Шабакаи аввал пахш хоҳад гардид. 

 

Холов Ш.И.

28.10 соли 2017

      Рӯзи 27-уми октябри соли 2017  дар Театри вилоятии мусиқӣ-масҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бо иштироки бевоситаи раиси вилоят муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшо Қурбоналӣ  бахшида ба “Соли ҷавонон” ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон  дар назди раиси вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ин чорабинии сатҳи баланди вилоятӣ   намояндагони фаъоли тамоми табақаҳои вилоят фаъолона иштирок намуданд.  Сараввал Раиси вилоят муҳтарам Гулмаҳмадзода Д.Қ.  кулли ҳозиринро  бахшида ба  “Соли ҷавонон”  табрику муборакбод намуда, ба  кори Шӯро ҳусни оғоз бахшид, ки дар рӯзномаи он  бояд фаъолияти илмӣ-тадқиқотии вилоят ва масъалаҳои ҷорӣ дида баромада шаванд.  

      Сипас н.и.п., дотсенти Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав Саймуминов Аҳлиддин, ки ба тозагӣ ба ҳайси раиси Шӯрои олимони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гаштаанд,  оид ба дастовардҳои  илмӣ ва тадқиқотии олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои таълимии вилоят аз минбар маълумот доданд. Инчунин намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят дар алоҳидагӣ оид ба дастовардҳои илмӣ-тадқиқотии ҳар як донишкадаву донишгоҳҳо дар музокироти илмӣ бо раиси вилоят суханронӣ намуданд. Дар ин музокироти илмӣ аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муҳаққиқи ҷавон- Холов Шарафҷон иштирок намуда, дар назди раиси вилоят, муҳтарам Давлатшо Қурбоналӣ ва иштирокчиён оид ба  дастовардҳои илмӣ-тадқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ба пурррагӣ маълумот дод.

     Пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯро, дар толори театри мазкур консерти ҳунармандони ҷавони вилояти Хатлон дар баргузории Фестивали ҷавонони вилояти Хатлон таҳти унвони “Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар!” бахшида ба “Соли ҷавонон” баргузор гардид, ки таъби  иштирокчиёнро болида сохт.

 

Холов Ш.И.

28.10 соли 2017

“ТАШАККУЛИ ЭҲТИРОМ БА МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ” ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзҳои 24-25 октябри соли 2017 дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ-СУМЗ (Всемирной Организацией Интеллектуальной Собственности-World Intellectual Property Organization) семинари минтақавӣ дар мавзӯи “Ташаккули эҳтиром ба моликияти зеҳнӣ” баргузор  гардид.

Дар ин семинар - машварат олими ҷавон аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Холов Шарафҷон дар асоси мактуби расмии директори МД “Маркази милии патенту иттилоот” аз 19.10 соли 2017, таҳти №353/01.1. иштирок варзид.  Барномаи семинар аз тарафи Бюрои байналмиллалии СУМЗ омода шуда буд. Сараввал директори МД “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода   кори семинарро кушода эълон намуда, кулли иштирокчиёни ватаниву меҳмонони хориҷиро аз давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Беларус, Малдова ва судяву прокурорҳои байналмиллалиро  шодбош гуфт. Пас аз он  Иля Грибков- иҷрокунандаи вазифаи сардори бахши кишварҳои Кафқоз, Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Раёсати кишварҳои тараққикарда ва рӯ ба тараққии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, Женева ҳозиринро ба моҳияти ин семинари минтақавӣ шинос намуда, ба  пурраги хизматрасониҳои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳниро  шарҳ дод.

 Дар давоми 2 рӯз  аз тарафи иштирокчиёни ватанӣ ва хориҷӣ бобати мавзуъҳои мубрами зерин  баромадҳо карда шуданд:

  • Ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ(МЗ) дар базаи меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Роҳҳои боандеша ба ҳифзи ҳуқуқҳои МЗ: ташаккули эҳтиром ба МЗ;
  • Ҳифзи ҳуқуқҳои МЗ-таҷрибаи Тоҷикистон;
  • Риояи ҳукуқҳои МЗ-базаи меъёрию ҳуқуқӣ ва истифодабарии он-ҳисоботи кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Тоҷикистон;
  • Муносибат ва огоҳии истеъмолкунандагон-баландбардории огоҳӣ ҳамчун қисми ташаккули эҳтиром ба МЗ;
  • Ҳифзи ҳуқуқҳои МЗ, манфиатҳои ҷамъиятӣ ва қарори пешниҳоди эътироз;
  • Қалбакикунонии тамғаҳои молӣ, поймолкунии ҳуқуқҳои муаллиф дар сатҳи саноатӣ (Контрафакция товарных знаков, пиратство в сфере авторского права в промышленных масштабах);
  • Тадқиқоти ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи МЗ, шубҳа ва далелҳои асоснок;
  • Далелҳои ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи МЗ дар мурофиаи судӣ;
  • Ҳуқуқвайронкунии ҷиноятӣ ва муҷозот нисбати қалбакикунонии тамғаҳои молӣ ва асардуздӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф;
  • Ҳифзи марзии ҳуқуқҳои МЗ;
  • Воситаҳои ҳимояи шаҳрвандию ҳуқуқӣ: амрҳои судӣ ва зарарҳо;
  • Нобудкунии молҳои қалбакӣ дар асоси ҳуқуқи адолатона;
  • Ҳифзи ҳуқуқҳои МЗ дар муҳити рақамӣ;
  • Сенарияи омӯзиши таҷрибавӣ;
  • Нақши дорандагони ҳуқуқ дар ҳифзи ҳуқуқҳои МЗ;
  • Рушди таҷрибаи судӣ дар самти риояи ҳуқуқҳо ба тамғаи молӣ ва ҳуқуқҳои муаллиф;

 

Дар интиҳои ин семинар бошад мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҳамкориҳои стратегӣ дар мубориза бо поймолкунии ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ” барпо шуда,  пас аз ибрози андешаҳо, ҳозирин ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Холов Ш.И.

28.10 соли 2017

         

         Санаи 24-25 октябри соли  ҷорӣ 2 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тибби Хатлон бо рохбари мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар лоиҳаи ҷадид зери унвони «Дар меҳмонии ректор» дар Донишгоҳи давлати ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ширкат намуданд.

        Ёдовар бояд шуд, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби  Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш,   Вазорати  маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон    бахшида ба «Соли ҷавонон» таҳия гардида буд.

       Чорабинии мазкур дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд қарор гирифтааст,  баргузор гардид. Ба чорабинии мазкур  донишҷӯёни фаол ва олимони ҷавон аз тамоми навоҳии мамлакат даъват гардида буданд.   

     Чун анъана, чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии  ректори Донишгоҳи давлати ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон д.и.и.,професор Шарифзода.М.М оғоз гардида, баъдан тамоми иштирокчиён ва меҳмононро хайрамақдам гуфтанд. Лозим ба зикр аст, ки дар доираи баргузории чорабинии мазкур як қатор вохӯриҳо семинарҳо, маҳфилҳои илмию алдабӣ байни ҷавонон дар сатҳи баланди ташкили доир карда шуд. Дар доираи барномаи фарҳангӣ меҳмоноро аз мавзеҳои таърии  ин шаҳри бостонии тоҷикон ошно намуданд.           

        

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҳимов Х.С.

Подкатегории