Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

       

         Дар асоси супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзи 13-уми сентябри соли 2017 дар МТМУ № 9 ҷамоати деҳоти Сангтуда ва бо аҳли ҷамоатчигии деҳоти мазкур, хонандагони мактаб ва сокинони деҳот вохӯрӣ баргузор намуданд Дар вохӯрӣ У. Қурбон – роҳбари гуруҳ, Расулов Ғ. – сардори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулҳаев К.А. – дотсенти кафедраи  фанҳои ҷомеашиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Гулов А.А. - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи ҷомеашиносии ДТТХ, номзади илмҳои фалсафа, Одинаев С.П. – саромӯзгори кафедраи забонҳои ДДТХ, Садриддин Сайдализода – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои раиси ноҳияи Данғара,  Назирзода Нодир – роҳбари дастгоҳи суди ноҳияи Данғара, Абдулов Олим – мутахассиси танзим ва дини назди ҷамоати деҳоти Сангтуда  ширкат намуданд. Садри маҷлис  ҳозиринро шодбош гуфта, дар бораи сабабҳо ва зарурияти ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур, инчунин аз ҳадафи баргузории ҷамоади имрӯза сухан намуданд. Сараввал сардори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулов Ғафур баромад намуда, қайд намуданд, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даҳ соли сипарӣ гардида, барои даровардани тағйиру иловаҳо он ба муҳокимаи умумихалқӣ  гузошта шуда буд. Ниҳоят 28-уми августи соли равон тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Сипас ҳозиринро бо мазмуну моҳияти ин тағйироту иловаҳо шинос намуданд.

       Дотсенти кафедраи  фанҳои ҷомеашиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Абдулҳаев К.А. оид ба ҷиҳати фалсафии  қонуни мазкур сухан ронда, моҳияти бисёре аз бандҳои онро бо ҳадису ояҳои Қуръони маҷид собит намуданд.

        Назирзода Нодир – роҳбари дастгоҳи суди ноҳияи Данғара дар бораи моҳияти қонун ва бандҳои алоҳидаи он суханронӣ намуданд. Мутахассиси танзим ва дини назди ҷамоати деҳоти Сангтуда Абдулов Олим дар бораи татбиқи қонуни мазкур дар ҷамоати деҳот ибрози назар намуданд.

      Сипас аҳли нишаст, махсусан, пирони рӯзгордида саволҳо дода посухи қаноатбахш гирифтанд. Хонандаи синфи 11-уми мактаби мазкур Аббосова Фотима аз номи ҷавонон ҳозиринро хайра мақдам гуфтанд. Дар маҷмуъ, вохӯрӣ бо як рӯҳи баланди худшиносии мардум баргузор гардида, аҳли нишаст аз баргузории он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

          Одинаев С. – аъзои гурӯҳи таблиғотӣ

 

      Санаи 12 – уми сентябри соли равон дар асоси Нақша чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ  бо мақсади баргузор намудани корҳои ташфиқотӣ ва тарғиботӣ дар байни шаҳрвандон ва кормандони идораву  муассисаҳо оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Чумҳурии Тоҷикистон» зери роҳбарии гурӯҳи корӣ, ректори ДДТХ, профессор Убайдулло  Қурбон дар ноҳияи Данғара ҷамъомад баргузор гардид.

        Ёдовар мешавем, ки  ба гурӯҳи корӣ намояндагони зерини муассисаҳо ва мақомотҳои давлатӣ  шомил мебошанд, ки дар давоми аз санаи 11 сентябр то 15 сентябри соли ҷорӣ дар ҷамоатҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои ноҳияи Данғара корҳои тарғиботиро бояд ба анҷом расонанад.

Расулов Ғафур – сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ

Абдулҳаев Кароматулло  Абдухалилович – дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Гулов Асламшо Амирназарович – дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДДТХ

Одинаев Сайдаҳмад Полвонович – саромӯзгори кафедраи забонҳои ДДТХ

Ситамов Саъдулло –  мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва информатикаи ДДТХ

Раҳмонов Гулон – раиси КИ ҲХДТ дар н. Данғара

Раҷабов Султонмурод – мудири бахши ҷавонон ва варзиши н. Данғара

Қурбозода Баҳром – мудири бахши корҳои дину танзими н. Данғара

Саидова Давлатмоҳ – мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи н. Данғара

     Дар асоси   Нақша чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ гуруҳи корӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии ноҳияи Данғар нақшаи корӣ таҳия намуда, тибқи он дар ҷамоатҳои Данғара, И.Шарифов, Сангтуда, Лолазор, Себистон, Пушинг ва дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон як қатор вохӯриҳо баргузор   карда хоҳанд шуд.   

 

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

     

     Боиси хушнудист, ки бо сабаби арҷгузорӣ ва эҳтиром ба Донишгоҳи навтаъсис дар соли таҳсили 2016-2017 аз ҷониби Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бештари адабиёти таълимӣ бо забони русӣ ва бо забони тоҷикӣ ба мо тақдим гардида буд, ки донишҷӯён тавонистанд бе ягон мушкилӣ аз онҳо истифода баранд.

    Қайд кардан ба маврид аст, ки  санаи 1-уми сентябри соли 2017 барои ДДТХ рӯзи хотирмон буд, зеро дар баробари ҷашн гирифтани “Рӯзи Дониш” аз аз ҷониби ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино зери роҳбарии  мушовири ректор Қурбонов С.С ва муовини ректор Холов Ё.Қ теъдоди беш аз  2000 нусха адабиёти таълимӣ барои донишҷӯёни курси II ҳамчун  туҳфа тақдим карда шуд.

      Ёдовар мешавем, ки соли таҳсили 2016-2017 низ ин иқдоми хайрро Раёсати донишгоҳи номбурда иҷро карда буд, ки теъдоди адабиёти таълимии туҳфанамуда зиёда  аз 7-ҳазор нусхаро  ташкил медод.

       Аз мавриди муносиб истифода бурда ба Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино арзи миннатдорӣ баён намуда, боварии комил дорем, ки дар оянда низ аз ҷониби ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои тарбия ёфтани донишҷӯёни ДДТХ чунин иқдомҳо давом ёфта ва бо ин васила дӯстию ҳамкориҳои дуҷониба густариш меёбанд.

 

 Маъмурияти Китобхона

   

      Субҳи 8-уми сентябри соли 2017 бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо иштироки  ҳайати профессорону омӯзгорон, раёсати донишгоҳ ва донишҷӯёни курсҳои якуму дуюм ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро декани факултетҳо н.и.т., Саидов И.З. ҳусни оғоз бахшида, аз номи ректори донишгоҳ ҳозиринро ба ин санаи фархунда шодбош гуфтанд. Сипас мудири кафедраи ҷомеашиносӣ номзадаи илмҳои фалсафа Гулов А.А. дар мавзӯи «Истиқлолият – неъмати бебаҳо» баромад намуданд. Қайд карда шуд, ки Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ  ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст,  ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.

        Донишҷӯи курси дуюм Комилова Бибисоро аз номи донишҷӯён ҳозиринро бо фарорасии ҷашни муқаддаси Истиқлолият табрику муборакбод намуда, оид ба нақши ин рӯйдоди тақдирсоз дар рушду такомули ҷавонон сухан ронданд.

        Гурӯҳи донишҷӯдухтарони соли дуюм сурудеро бахшида ба Истиқлолият сароида, хотири аҳли нишастро болида гардонданд.

 

 

Подкатегории