Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 7700 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6160 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷой 40 ҷои шартномавӣ
  • 8690 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

      Раёсати ДДТХ аз иқдоми  наҷиби роҳбари Маркази ҷумҳуриявии тибби оилавӣ профессор Бандаев Илҳом  сипосгузор буда, дастрас шудани маводҳои зарурии кӯмаки аввалияи тиббиро саривақтӣ ва мувофиқи мақсад мешуморад.

     Ба ДДТХ 4 -дона ҷуздони табиби оилавӣ ва зиёда аз 50 адад китобу дастурҳои таълимии тиббӣ тӯҳфа карда шуд. Ҳар як ҷузвдон дорои маводҳои зарурии кӯмаки аввалияи тиббӣ мебошад, аз ҷумла намудҳои гуногуни ҳароратсанҷ, маҷмӯи муоинаи отоскопӣ  (муоинаи гӯш), офтолмоскоп,асбоби ченкунии глюкоза, (глюкометр) тофтабанд барои манъ кардани хунравӣ, стетоскопи акушерӣ, тақвими ҳомиладорӣ, қайчиву навардчаҳои гуногуни бесироят ва ғайраҳо. Лозим ба қайд аст, ки маблағи умумии лавозимоти туҳфашуда   зиёда аз 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

     Умедворем, ки чунин иқдомҳо аз тарафи дигар муассисаҳо барои ин таълимгоҳи навтаъсиси тиббии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати дастгирии донишгоҳ кўмаку иқдомҳои ташаббускоронаи худро дареғ нахоҳанд дошт.

 

                                                                             Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

 

           Дар сессияи имтиҳонотии зимистонаи соли таҳсили 2017-2018 бори аввал дар донишгоҳ имтиҳони давлатии гузаришӣ аз фанни Анатомияи одам ба таври мутамарказонидашуда баргузор гардид. Имтиҳон аз ду марҳила иборат буд. Марҳилаи аввали он санаи 18-уми январи соли 2018 гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯёни курси 2-юми факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ ширкат варзида, донишҳои андухтаи худро аз рӯи расмҳои анатомӣ муайян карданд.

         Санаи 20-уми январ бошад марҳилаи дуюми имтиҳон баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ба саволҳои тестии шакли пӯшида ва кушода ҷавоб доданд. Имтиҳон аз рӯи холҳои дар марҳилаи якум ва дуюм бадастовардаи донишҷӯён натиҷагирӣ карда шуд.

Дар рафти имтиҳон қоидавайронкунӣ қайд карда нашуд.

Деканати факкултетҳо,

Кафедраи морфология ва физиологияи одам

 

       

       Дар ҷомеаи имрӯза, дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавондухтарон хеле муҳим аст. Агар бонувон соҳиби дониши босифат набошанд ва ҷои кори муносибе барои татбиқи ниятҳои илмии худ дар Ватан пайдо карда натавонанд, пас чӣ гуна миллат аз ҷавондухтарон, аз модарони оянда, умеди ояндаи нек карда метавонад?

        Дастрасӣ доштан ба дониши сифатнок ва пайдо кардани кори мувофиқе ба касбу зиндагӣ шарти асосии муваффақияти ҳар як бону аст, чунки фардои миллат аз онҳо вобастагӣ дорад. Ободкунандаи ҷомеаю оила ва чароѓи ҳар як хонадон ин зан мебошад.

       Сарвари давлат қайд намудаанд: «Сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад». Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол сафи занони фаъолу соҳибтаҷриба зиёд гардида, барои пешбурди илму техника саҳми сазоворе гузошта истодаанд.

       Истифодаи самараноки неруи созандаи бонувон яке аз омилҳои таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ ва болоравии сатҳи худшиносию худогоҳии мардум хоҳад шуд. Инъикоси нақшу мақом ва симои зан дар оинаи таърих хеле ҷолибу муассир аст. Замоне буд, ки зан мақому манзалати хосае дошт ва таърих он давраро бо номи давраи «Модаршоҳӣ» ёд мекунад.

      Биҳоҷал Раҳимова аввалин духтари касби энергетикро интихобкардаи тоҷик буда, вақти таҳсил дар байни 23 нафар ҳамсабақон ягона духтар буд. Дар натиҷаи заҳматҳояш аз коркуни комитети маркази комсомол то ба дараҷаи ҷонишини раиси Шӯрои вазирони ИҶШС расидааст. Баъди пош хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ дар соли 1992 ҷонишини вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Соли 1995 бошад, директори заводи «Садаф» таъин шуда буд.

      Варзишгардухтари тоҷик Зебунисо Рустамова дар камонварӣ чемпиони ҷаҳон (1975) чемпиони чандинкаратаи Аврупо гардида, Тоҷикистонро дар ин намуди варзиш ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Комёбиҳои ӯ баландтарин қуллаест, ки як зани тоҷик дар соҳаи варзиш ба даст овардааст.

    Зебунисо қаҳрамони 15 каратаи ИҶШС ва қаҳрамони 20 каратаи камонварии Тоҷикистон мебошад. ӯро беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар асри ХХ эътироф кардаанд. Албатта, кас аз чунин неру ва иродаи зани тоҷик эҳсоси ифтихору сарбаландӣ карда метавонад.  

       Мавзуна Чориева аввалин варзишгардухтари тоҷик аст, ки дар соҳаи бокс ба бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифта, аз он ҷо бо медали биринҷӣ баргаштааст, ки ин дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолист. Ҷавондухтари тоҷик муштзани маъруф, чемпиони чандкаратаи Осиё ва Аврупо Мавзуна Чориева номбардори миллати тоҷик ва парчамбардори Тоҷикистони азизамон мебошад.  Вай собит кард, ки муштзанӣ танҳо кори мардҳо нест, балки ба ҷасорати инсон вобаста аст. Айни замон Мавзуна  тренери зиёда аз даҳ нафар духтарони муштзан аст.

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии бонувон ва таъмини онҳо бо  ҷойҳои корӣ, дар асоси донишҳои духтарон аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷии онҳо диққати махсус дода, пешниҳодҳои бонувонро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамояд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавондухтарон пайваста таъмин месозанд.

      Ҷавондухтарон рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ҳифз намуда, аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзанд.

        Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 ро дар Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон доштанд. Ҷавондухтарону ҷавонписарон аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу равони тоза гирифта, ба Модар-Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ донистанд.

       Дар шароити имрӯза дар пешбурди рушди устувори минбаъдаи кишвар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми занони фаъол: Озода Раҳмон, Марҳабо Ҷабборӣ, Гулнора Ҳасанова ва дигарон хеле назаррас мебошад.

       Хулоса, рисолати ҷавондухтарони мо дар рушду пешбурди соҳаҳои гуногуни ҷамъият, махсусан илм назаррас аст. Ҳар як ҷавондухтар барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат ва илму заковати худ пайваста кушиш намояд ва дар сайқал додани он тамоми неруи ҷавонона, ҷидду ҷаҳди худро равона созад. Барҳақ фармудаанд:

                                  Басо духтар, ки соҳибтоҷ гардад,

                                  Ба пешаш сад писар муҳтоҷ гардад.

 

Донишҷӯи курси 204,

факултети педиатрӣ

Самадов Саддамҷон

      Маълум аст, ки  дар ягон замоне ва дар ягон маконе даврае  вуҷуд надоштааст, ки  инсоният  бе пешво, ё бе роҳбаре бошад. Ҳатто аз нигоҳи таълимотҳои динӣ пешво ин халифа,  ё сояи Худо дар руи Замин аст. Беҳуда нест, ки мутафаккирон асримиёнагии Шарқ дар бораи пешво, роҳбар  ва умуман сиёсату давлатдорӣ асарҳои бузурге навиштаанд  ва дар он асарҳо сифату  хусусиятҳои шоҳонро   васф намудаанд, масалан, “Сиёсатнома”-и Низомулмулк, ё “Мадинаи фозила”-и Абунасри Форобӣ, ё Муҳаммад Ғазолӣ дар китоби худ бо номи “Ҳақиқат-ул-мулук” дар бораи подшоҳон, яъне пешвоён ё роҳбарони  миллат чунин қайд мекунад:

 

                                              Подшаҳ сояи Худо бошад,

                                              Соя аз зот кай ҷудо бошад.

 

     Мақсад аз пешво, ё роҳбар интихоб кардан, ин дар роҳи дуруст ва роҳи равшану  бехавф бурдани афроди ҷомеа  мебошад, яъне агар омма бе пешво бошад, роҳи дурударози таърихиро тай кардан наметавонад ва албатта аз забон ва фарҳанг низ бебаҳра мемонад.Беҳуда нест, ки Саъдии бузург дар китоби безаволи худ “Гулистон” чунин қайд мекунад:

 

                       Зарурат аст, ки афродро саре бошад,

                       В-агарна  мулк нагирад ба ҳеҷ руй низом.

                       Ба шарти он ки бидонад сари акобири қавм,

                       Ки бе вуҷуди раият сарест бе андом. Саъдӣ.

 

       Дар ҳар шакли умумият ва дар ҳар як давру замон  барои солим ва бегазанд нигоҳ доштани  ҷомеа маҷмуи қонунҳо лозим аст, ки мақсад аз онҳо албатта нигоҳ доштани низому тартибот  мебошад. Агар дар ҷамъият маҷмуи қонунҳо вуҷуд надошта бошад, дар он маврид ҷомеа ба як  бешазори анбуҳ мубадал мегардад. Мутафаккири олмонӣ Имануэли Кант  менависад, ки  «дар дунё ду чиз аз ҳама душвор аст, яке тарбия кардани инсон ва дигаре идора намудани давлат». Дар ҳақиқат барои идора намудани давлат ва барои  азизи мардумон будан ,  сифатҳои  «инсони комил»-ро доштан зарур аст, яъне ба забони илми муосир харезматик  будан лозим аст.Албатта таърих гувоҳ аст, ки садҳо нафар сари ҳокимият омаданду чун боди саҳар ба тезӣ  аз  байн рафтанд. Мо  ки аллакай аз асрҳои 1Х ва Х соҳиби давлат ва забону адабиёти воло ҳастем,  имруз чун як давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ  дар олами муосир шинохта мешавем. Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳангӣ қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Шукрона аз обу дони ин сарзамин менамоем ва сарбаланд ва ифтихор аз он менамоем, ки сарваре    дорем, чун Эмомалӣ  Раҳмон. ӯ касест, ки дар ҳақиқат  барои миллат чизеро дареғ намедорад ва ҳама вақт саъй ва талош менамояд, ки мардуми кишвари ӯ осудаю ором ва дар ҳар хонае серию пурӣ бошад. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик бо роҳбарии  сарвари  давлат   имкон дод, ки  мо маҷрои  рушди иқтисодии миллиамонро ба куллӣ тағир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор андозем ва  барои рушди минбаъдаи  соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи  мусоид фароҳам оварем.  Далели ин  албатта ин паёмест, ки  чанд  рӯз пеш  чӣ  аз тариқи синамо ва чӣ  тавассути рӯзномаю маҷалаҳо гӯшрас ва дастрасӣ мардум гашт.

       Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ  қайд намуд,ки  «мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу ниизоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи  кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ ҳастем», «мо ин сиёсатро идома медиҳем ва дар ҷодаи таҳкими ҳамкориҳо бо  ҳамаи кишварҳои ҷаҳон минбаъд низ чораҳои зарурӣ меандешем». Ба фикри ман ин  иқтибос аз паёми пешвои миллат ба таҳлилу тафсир зарурат надорад, чунки маълум аст, ки халқи тоҷик дар симои пешвои худ хоҳони сулҳу осоиштагӣ  дар тамоми олам мебошад. Нависандаи тоҷик Темур Зулфиқоров дар як мақолаи худ менависад, ки «Худованд барои офаридани биҳишт ба табиати зебоӣ Тоҷикистон назар афканда, баъд онро офарид». Бале, дар ҳақиқат Тоҷикистон кишварест, ки табиати биҳиштосо дорад, муҷизаҳоеро ба чашм дидан мумкин аст, ки  хоси дигар кишварҳо нестанд, Тоҷикистони мо дорои неъматҳои  бебаҳои табиӣ-обҳои табобатию гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон бемислу монанд  аст.

       Дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба об кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ чандин ташабусҳои  созандаро  пешниҳод намудааст. Дар натиҷа тибқи арзёбиҳои  байналмилалӣ  Тоҷикистон тайи  ду  даҳсолаи гузашта ташаббускорӣ ҷаҳонии ҳалли масъалаи  глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардидааст  ва   дар айёми  таҷлили ҷашни Навруз, яъне 22-март, рӯзии ҷаҳонии об эълон карда мешавад.

      Тамоюли чаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои  глобалии асри ХХ1 табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташакули наслҳое, ки  вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони  соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд. Бо назардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат, соли 2017 соли ҷавонон эълон шуда буд. Ташабуси мазкур,  барои боло рафтани ҳисси ватандустӣ, ташакули тафакури  ҷавонон оид ба масъалаҳои  ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ  бахшид. Дар ин раванд, зарур аст,ки  минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд,дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ  созанд, ба муқобили зуҳуротҳои номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ  доранд ва барои ободию пешрафти минбаъдаи ватани маҳбубамон саъю кушиш намоянд.  Борҳо пешвои миллат  дар зимни баромадҳои  худ “ҷавононро ояндаи миллат” номида буд.

      Қайд намудан ба маврид аст, ки,  Пешвои миллат дар паёми худ дар бораи 15% зиёд намудани музди кормандони ташкилоту муассисаҳо, нафақаҳои меҳнатии  шаҳрвандон ва стипендияи донишҷуён; ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон; таъмин намудани аҳолӣ  ба маҳсулотҳои хушсифат, (масалан ба кишвар ҳамасола500-600 тонна бозичаҳои  гуногун аз 20 давлати дунё ворид мешавад, ки 90% онҳо аз руи сифат ба талаботҳои бехатарӣ мувофиқ нестанд); масъалаи туризм ва эълон шудани соли 2018 соли рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ; беҳтар намудани  маводҳои доруворӣ; дастгирии иҷтимоии табақаҳои  осебпазири аҳолӣ; тавасути   озмун интихоб намудани  кадрҳо қайд карда гузашт, ки албатта мақсади асосии паём ин беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии  аҳолии кишвар мебошад.

     Хулоса, паёми сарвари давлат дар раванди инкишофи минбаъдаи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии чумҳурӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳиме, ки тамоми соҳаҳои  ҳаёти ҷомеаро дар бар гирифтааст, нақши муҳим гузошта, натанҳо дурнамои  рушду инкишофи минбаъдаи давлату ҳукумат, балки  самтҳои нави кору фаъолияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриямонро ба таври равшан муаян намудааст. Пас, вазифаи имрузаи ҳар яки мост, ки нишондодҳои  Паёми  Пешвои миллатро ҳаматарафа омухта, барои дар ҳаёт татбиқ гаштани  онҳо аз тамоми воситаю имкониятҳои дар  ихтиёрдошта самаранок истифода намоем.

        Чаро, ки худи пешво  бо як боварию имони қавӣ ба миллати худ дошта,  чунин қайд мекунад: “Ман ба қудрати созандаи халқи азизам итминони комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки  мо бо заҳмату фаъолияти ақлонаи худ дар ояндаи  наздик мушкилотеро, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлатамон вуҷуд доранд, бартараф мекунем ва барои мардумамон шароити зиндагии боз ҳам беҳтару сазовортар муҳаё месозем”.

      Дар ҳақиқат пешвои мо, сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон марди Худост. Ҳақ ба ҷониби вакили парлумони Аврупо  Андрейс Мамикинс ҳаст, ки мегуяд:  «Ҳар боре ки  бо ин бузургмарди давр ҳамсуҳбат мешавам, эҳсос  мекунам,ки  нигоҳи баланд, дили ниҳоят нарм дорад ва дар ниҳодаш самимияти бузурге ниҳон аст». Мавлонои Рум дар “Маснавӣ”-и худ, чунин ишорат  мекунад:

                               То дили марди Худо н-ояд ба дард,

                               Ҳеҷ қавмеро Худо расво накард.

 

Мо бояд дастҷам дили ин марди Худоро наранҷонем ва ҳама вақт пайгир  ва   тақлидгари ӯ бошем.

 

                                                                     Гулов А.А., мудири  кафедраи фанҳои «Ҷомеашиносӣ»

 

Подкатегории