Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

       Рӯзи 31 октябри соли 2017, соати 10:00 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистону мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбии гуруҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани тартиби ҷамъоварӣ ва ҷойгир кардани иттилоот дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ дар Интернет-портали муттаҳидаи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ва Барномаи рушди нерӯ ва моликиятии зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020 семинар-машварати омӯзишиву фаҳмондадиҳӣ  баргузор гардид.  

       Сараввал Насриддинзода Рамазон- мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб  суханронӣ намуда, ҳамагонро  аз номи раиси ш.Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло барои иштирок дар ин семинари илмӣ хайрамақдам гуфта, ба ташаббускорону дастандаркорони ин машварати омӯзишӣ арзи сипосу миннатдори баён намуд.

       Сипас аз тарафи намояндагони раёсати илмӣ-тадқиқотии МД “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусайни Абдукарим ва Миралиев Қиёмиддин  оид ба мавзуъҳои зерин маърӯзаҳо пешниҳод карда шуданд:

  • Интернет-портали миллии инноватсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон;
  • Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ;
  • Намудҳои фаъолияти инноватсионӣ ва
  • Моҳияти бақайдгирии давлатии захираҳои иттилоотӣ.

        Дар ин чорабинӣ аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ассистенти кафедраи морфология ва физиологияи одам-Холов Шарафҷон иштироки фаъолона дошт.Дар охири семинар, музокироти илмӣ барпо гашта, иштирокчиён ба суолҳои хеш аз масъулин посухҳои лозимиро гирифтанд.

 

Пешниҳод кард: Холов Ш.И.

 

          Санаи 30.10.2017с. бо иштироки ҳамаи донишҷӯдухтарони ДДТХ маҳфили «Олиҳаи тиб» дар мавзӯи «Либос - ҷузъи фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ дар суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки афзоиши таваҷҷуҳи занону духтарони тоҷик ба пушидани либосҳои сиёҳу бегона, бахусус сатру бурқаъ як раванди ташвишовар, ташвиқи либосҳои бегона, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарон аст. Аз ин сабаб зарурияти гузаронидани чунин як ҳамоиш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба амал омад.   

         Раиси Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ донишҷӯёнро бо иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба аз нав зинда сохтани пироҳани миллии тоҷикона шинос намуда, онҳоро барои ҳамаҷониба дастгирӣ намудани ин иқдом даъват намуданд. 

         Қайд карда шуд, ки имрӯз тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор байни занону духтарон ба мушоҳида мерасад. Либоси миллӣ нишоне аз таъриху фарҳанги қадимаи ҳар як халқу миллат аст. Нигаҳдории либоси миллӣ ва аз насл ба насл мерос гузоштани он вазифаи муқаддаси ҳар як зани соҳибхирад аст.

         Сипас, аз тарафи донишҷӯён муаррифии сару либоси миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Либосхои миллии манотиқи мухталифи Точикистон хотирмону дилнишин буд. Кас хайрон мемонад, ки бо чунин нафосату зебогии либоси тоҷикона шахс чӣ гуна метавонад ба фарҳанги либоспӯшии бегона майл намояд.                                          

         Навор оид ба тағйир ёфтани фарҳанги либоспӯшии зани тоҷик дар муддати сад соли охир ба донишчуён тассуроти хубе бахшид.

        Намоиши либосҳои миллии эчодкардаи тарроҳони шинохтаю барҷастаи тоҷик бо эҳё кардани фарҳанги либоси қадимаи тоҷик, таҷассум намудани нақшу нигори миллӣ дар либосҳои муосир, дар шакли замонавӣ офаридани пироҳани тоҷикона бо омезиш додани шакли либоси миллӣ бо аврупоӣ дар муд инқилоби бузурге ба вуҷуд оварда, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.

        Дар охир раиси Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ махфилро чамъбаст намуда, ба донишҷӯ духтарон барои иштироки фаъолонаашон арзи миннатдории худро баён намуданд.   

 

Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ

     

       Рӯзи 31-уми октябри соли 2017 дар гурӯҳҳои 105-106-и тиббӣ дарси кушоди саромӯзгори кафедраи забонҳо Қурбонов Х.Ш. баргузор гардид. Дар дарси кушод декани факултетҳо Саидов И.З., муовини декан Камолов А.С., сардори шуъбаи таълим Усмонова У.Х., мудири кафедраи фанҳои клиникӣ Қузибаева Н.К., мудири кафедраи забонҳо Қурбонмамадов С.Х., дотсенти кафедраи забонҳо Должикова В.А. омӯзгорони кафедраи забонҳо Мамадалиева С.А., Солиев Б., Отахонов Р., омӯзгорони кафедраи биологияи тиббӣ ва химия Султонмамади Г., сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П. ва омӯзгори кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика Раҳимов  А. иштирок доштанд. Мавзӯи дарс “Мафҳуми системаи падежҳои забони русӣ. Тасрифи исм” буд. Донишҷӯён фаъолона исмҳои гуногунро тасриф намуда, қонунияти ин падидаи муҳими грамматикиро фаҳмида гирифтанд. Қайд кардан лозим аст, ки алоқамандии дарс бо ихтисоси донишҷӯён ҷой дошту истилоҳоти гуногуни анатомӣ аз рӯи расми скелети пешниҳодшуда ба забони русӣ баррасӣ шуда, қисме аз онҳо дар асоси падежҳои забони русӣ тасриф карда шуданд. Донишҷӯ Давлатова Н. порчае аз мактуби Татянаро ба Онегин аз шоҳасари машҳури назмии А.С.Пушкин “Евгений Онегин” қироат намуданд.

      Дар охир сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П., дотсенти  кафедраи забонҳо Должикова В.А., мудири кафедраи фанҳои клиникӣ Қузибаева Н.К. баромад намуда, иштироки фаъолонаи донишҷӯёнро қайд намуданд. Умуман, дарси кушод бо як маҳорати хуби педагогии омӯзгор баргузор гардид ва иштирокчиён барои худ баҳрае бардоштанд.

Шуъбаи таълим, назорати сифати таълим

     Шоми 27-уми октябри соли 2017  дар  саҳни Шабакаи аввали Телевизизиони Тоҷикистон бахшида ба “Соли ҷавонон” барномаи телевизионии “Дурахши иқбол” сабт гардид.  Дар ин барномаи телевизионӣ хонандагони пешқадами муассисаҳои миёнаву олӣ, ихтироъкорону навоварон, нафарони соҳибистеъдоду болаёқат ва ҷавонони муваффақи кишвар  иштирок намуда, оид ба истеъдоду дастовардҳои хеш ибрози андеза намуданд. Дар барномаи мазкур ҳунармандони шинохтаи кишвар низ иширок намуда,  бо сароидани сурудҳои ҷаззоб ва дилангез  таъби  ҳозиринро болида сохтанд.

       Мавриди зикр аст, ки дар ин барномаи телевизионӣ   аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон   олими ҷавон Холов Шарафҷон ширкат варзида,  ҳамчун як ҷавони муваффақи соҳаи тиб  оид ба  дастовардҳои илмии худ  маълумот доданд.

        Барномаи мазкур рӯзҳои наздик дар Шабакаи аввал пахш хоҳад гардид. 

 

Холов Ш.И.

28.10 соли 2017

Подкатегории