Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     

      Рӯзи 6-уми майи соли 2017дар доираи нақшаи  Клуби сайёҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    як гурӯҳ донишҷӯён бо ҳидояти муовини ректор оид ба хоҷагӣ Аҳадов Ш., декани факултетҳо Саидов И.З., саромӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ, н.и.х., Раиси шурои занон ва духтарони ДДТХ Усмонова У.Х., саромӯзгори кафедраи забонҳо Одинаев С.П., мудири бахши хоҷагӣ Камолов Дилшод,  мудири бахши фарҳанги ноҳия    Раҳимов Абдусалом ба ноҳияи Балҷувон саёҳати худро оғоз карданд. Ҷолиби диққат аст, ки ин сайёҳати навбатӣ ба баргузории Корвони маърифати вилояти Хатлон рост омад. Дар даромадгоҳи деҳаи Мулкони ҷамоати деҳоти Балҷувон моро раиси ҷамоат Файзигул Маҷидова ва гурӯҳи хонандагон бо гулдаставу чеҳраи аз шодӣ гул-гул шукуфон пешвоз гирифтанд.  Садои суруду мусиқӣ дар ҳама ҷо танинандоз гардида, сурури ин базмро боз ҳам хотирмонтар мекарданд. Масъулони мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳия Юсуф Мирзоев, Сайдаҳмад Хоҷаев, Саидҷаъфар Сангов, аҳли фарҳангии ноҳия,  ва сокинони деҳоти Мулкон ва Хироб бо барномаҳои фарҳангии худ дили ҳамаи моро шод гардонданд.   Кас аз чеҳраҳои шод, самимӣ ва ҳамчун чашмаҳои кӯҳистонашон софи ин мардуми одии деҳот ба вадҷ омада,  бори дигар ба меҳмонавозӣ ва дили бузурги онҳо тан медиҳад.

    Дар осорхонаи қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Саидқул Турдиев  донишҷӯёнро таассуроти дигаре интизор буд. Бале, осорхона донишҷӯёнро ба гузаштаи начандон дури корнамоии падару бобоёни мо, ки бар зидди душмани ғаддору пурзӯр –Германияи фашистӣ диловарона ҷангида, ғолибияти таърихиро ба даст овардаанд, шинос менамояд. Моро сармутахассиси ин осорхона Неъматов Азаматулло пешвоз гирифт. Як чиз боиси қайд аст, ки ин ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодгоҳи се нафар Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ – Саидқул Турдиев, Исмат Шарифов ва Сафар Амиршоев  мебошад.

   Дигар экспонатҳои осорхона низ барои донишҷӯёни мо шавқовару ҳайратовар буданд, чунки онҳо шоҳиди таърихи кишвари азизи мо Тоҷикистон мебошанд ва дастоварду рушди ҳайратовари имрӯзаи ҷумҳуриамонро бори дигар равшантар дар назари мо ҷилвагар менамоянд.

   Дар осорхонаи мардумии ноҳия мудири осорхона Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Миров Саид моро роҳбаладӣ менамуд. Дар ин ҷо низ экспонатҳои осорхона таърихи зиндаи ноҳия ва родмардони онро  таҷассум менамуданд. Ҳангоми тамошои осорхона чашмам ба духтарчае афтид, ки бо симои масъуми кӯдакона ва шавқу ҳаваси зиёди ба донишҷӯёни мо дидаи пур аз муҳаббати худро медӯхт. Беихтиёр бо духтарча ҳамсуҳбат шудам. Маълум шуд, ки дар синфи панҷум мехонад ва сахт орзуи табиб шуданро дорад. Донишҷӯдухтарони мо духтарчаро ба ҳалқа гирифта, ба вай маслиҳат доданд, ки дар мактаб хуб хонад ва аз расидан ба қуллаи мақсудаш кушишу ғайрати худро дареғ надорад.

    Дар ин ҷо моро боз як туҳфаи дигаре интизор буд. Донишҷӯёнро ба тамошои намоишномаи Муродалӣ Набиев «Гирдоби зиндагӣ» дар таҳияи коргардони ҷавон Сафархон Мадалиев даъват намуданд, ки онро дар доираи Корвони маърифати вилояти Хатлон Театри мазҳакавию мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бо маҳорати баланди касбии худ иҷро намуданд. Намоишномаи мазкур ба донишҷӯён хеле таъсири бузурге расонид, ки инро аз симои андешаманду қаноатмандашон дарк намудам. Шояд ҳамин чиз ғайрихитёр маро ба саҳна баровард ва аз номи иштирокдорони Клуби сайёҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба ҳунармандону таҳиягарони ин намоишномаи тарбиявӣ арзи миннатдориву сипос намудам.

   Баъди намоиш дар саҳни осорхона   маҳорати дасти занони моҳири пазанда дар таҳияи хӯрокҳои машҳури ин минтақа –фатирмаска, шакароб  ва ғайра  моро ба ваҷд овард. Кайҳо боз маззаи чунин таомҳои аҷиби миллии тоҷикиро начашида будем.

   Сафари мо ба дигар ҷойҳои таърихии ноҳияи Балҷувон идома меёфт. Тассуроти навбатии мо аз тамошои оромгоҳи Ҳазрати Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ буд. Тамошои боғи биҳиштосои он ба кас ҳузуру ҳаловати махсусе мебахшад. Нигаҳбони ин оромгоҳ ба мо дар бораи ҳаёти ин марди бузурги ориф - Ҳазрати Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ ривояту далелҳои аҷиберо нақл карда, зимнан қайд намуданд, умри баъзе аз чинорҳои пуршукӯҳи ин боғи фирдавссимо аз ҳазор сол зиёдтар аст.

   Аз ин сафар донишҷӯён бо як ҷаҳон таассурот ба донишгоҳ боз гаштанд ва гаштаю баргашта миннатдории худро ба раёсати донишгох ва Клуби сайёҳии он иброз менамуданд. Тамоми роҳи сафари бозгашт бо суруду руҳи болидаи донишҷӯён мунаққаш буд.

          С.Одинаев – муаллими калони кафедраи забонҳои ДДТХ

     Рӯзи 6-уми майи соли 2017дар доираи нақшаи  Клуби сайёҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    як гурӯҳ донишҷӯён бо ҳидояти муовини ректор оид ба хоҷагӣ Аҳадов Ш., декани факултетҳо Саидов И.З., саромӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ, н.и.х., Раиси шӯрои занон ва духтарони ДДТХ   Усмонова У.Х., саромӯзгори кафедраи забонҳо Одинаев С.П., мудири бахши хоҷагӣ Камолов Дилшод,  мудири бахши фарҳанги ноҳия    Абдусалом ба ноҳияи Балҷувон саёҳати худро оғоз карданд. Ҷолиби диққат аст, ки ин сайёҳати навбатӣ ба баргузории Корвони маърифати вилояти Хатлон рост омад. Дар даромадгоҳи деҳаи Мулкони ҷамоати деҳоти Балҷувон моро раиси ҷамоат Файзигул Маҷидова ва гурӯҳи хонандагон бо гулдаставу чеҳраи аз шодӣ гул-гул шукуфон пешвоз гирифтанд. Масъулони мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳия Юсуф Мирзоев, Сайдаҳмад Хоҷаев, Саидҷаъфар Сангов, аҳли фарҳангии ноҳия,  ва сокинони деҳоти Мулкон ва Хироб бо барномаҳои фарҳангии худ дили ҳамаи моро шод гардонданд.  

   Дар осорхонаи қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Саидқул Турдиев  донишҷӯён бо ҳаёту зиндагии ин қаҳрамони ҷанг аз Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.

   Дар осорхонаи мардумии ноҳия моро мудири осорхона Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Миров Саид моро роҳбаладӣ менамуд. Дар ин ҷо низ экспонатҳои осорхона таърихи зиндаи ноҳия ва мардони шарифи  онро  таҷассум менамуданд. Донишҷӯёнро ба тамошои намоишномаи Муродалӣ Набиев «Гирдоби зиндагӣ» дар таҳияи коргардони ҷавон Сафархон Мадалиев даъват намуданд, ки онро дар доираи Корвони маърифати вилояти Хатлон Театри мазҳакавию мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бо маҳорати баланди касбии худ иҷро намуданд.

    Сафар ба дигар ҷойҳои таърихии ноҳияи Балҷувон идома меёфт. Тамошои  ва зиёрати оромгоҳи Ҳазрати Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ ба донишҷӯён хеле писанд афтод .

 

Клуби саёҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  

 

           С целью выполнения плана кружка “Олихаи тиб” числа 4.05.2017 г. был проведён конкурс “А ну-ка, девушки!”. В связи с этим на спортивном поле ХГМУ между девушками педиатрического и медицинского факультетов была проведена игра в волейбол.

        Из педиатрического факультета в игре приняли активное участие Нилуфари Алишер, Султонова Гулшан, Исмоилова Сайёра, Сафоева Маҳинабону, Мадинаи Аҳатӣ, Камолова Миҷгона  и из медицинского факультета Баҳоваддинова Шоиста, Сафарова Манижа, Раҳимова Адиба, Абдулҳаева Майсара, Фароғати Маҳмадалӣ, Саидзода Аниса. Судьёй этих двух команд был учитель физического воспитания Қурбоналиев Джурабек.  

      Девушки обоих факультетов играли очень позитивно, весело и ловко. Игра закончилась победой медицинского факультета, со счётом 2:0.             В будущем мы будем стремиться к тому, чтобы почаще проводить такие спортивные игры между девушками, развивая интерес к спорту, так как спорт является основой для их дальнейшего физического развития.

 

Председатель Совета женщин и девушек ХГМУ

к.х.н. Усмонова У.Х.

     Дар таърихи 29 апрел дар Донишгоҳ ба истиқболи Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори  «150- рӯзи ободонӣ» шанбегии умумидонишгоҳӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ донишҷӯписарон ва донишҷӯдухтарони  гурӯҳҳои 7-10 факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ, гурӯҳҳои 3-4 факултети стоматологӣ дар маҷмӯъ 124 нафар иштирок карданд.

      Донишҷӯён ба  корҳои кабудзоркунӣ ва ободонии  гирду атрофи  биноҳои таълимӣ, саҳн ва майдони варзишии донишгоҳ машғул шуданд.

 

 

Декани факултетҳо   Саидов И.З.

Подкатегории