Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

      Рӯзи 7-уми марти соли 2018 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    бахшида ба Рӯзи модар чорабинӣ таҳти унвони «Биҳишт зери қудуми модарон аст» баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани табрикотӣ ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо ин иди зебо ва пуршукӯҳи модарон табрику муборакбод намуданд. Қайд карда шуд, ки мавриди ифтихор аст, ки бо вуруди фасли зебои баҳор ҳар сол мо яке аз ҷашнҳои арзишманд ва зеботарини сол - Рӯзи модаронро  бо шукуҳ таҷлил менамоем, ки ба  айёми  зиндашавии табиати зебо рост омадани ин ҷашни умумиллӣ шукӯҳу шаҳомати онро дучанд афзун менамояд. Ба андешаи мо ҳамасола ҳеҷ як ҷашне ба хонадони ҳар яки мову Шумо ин қадар шодиву сурур намебахшад, чуноне, ки дар руёрӯи тантанаи иди модарону хоҳарони азиз эҳсос менамоем.

      Сипас баҳри болидагии хотири ҳозирин барномаи адабию фарҳангии «Биҳишт зери қудуми модарон аст» пешкаш карда шуд. Донишҷӯён дар васфи модар ва бузургии вай шеърҳо қироат намуда, бори дигар бузургиву фариштаи осмонӣ будани зан-модарро васф карданд.

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар.

Ватан сар мешавад аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар.

      Рақсу сурудҳои иҷронамудаи донишҷӯён ба ин чорабинӣ ҳусни идона бахшида, бори дигар собит намуданд, ки ҳар як инсон бузургиву шарафмандии Модарро дар қалби худ ба андозае ҷой додааст, ки дар қатори мафҳуми Ватан ҳамчун муқаддасот ҷойгузин намудааст.

        Дар охир   ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ба ҷамъомад ҳусни анҷом бахшида, бори дигар таъкид намуданд, ки табиат чунин оварда, ки Иди Бонувон чанд рӯз пеш аз иди Наврӯз ҷашн гирифта мешавад. Шояд ин ба он хотир бошад, ки дар зебогиву накҳат  Бонувон аз Баҳор пештару болотаранд.   И иди зебоӣ, иди малоҳату нафосат ва иди меҳру садоқатро ба ҳамагон  муборакбод гуфта,  баҳрашон сарсабзиву рӯзгори ободи таҳсилу фаъолияти пурсамарро  таманно намуданд.

 

Кафедраи химия ва биологияи тиббии ДДТХ

       Дар асоси нақша чорабиниҳои ҷашнҳои баҳорӣ кафедраи морфология ва физиологияи одам озмуни илмию омӯзишӣ дар байни донишҷӯёни бахшҳои якум ва дуюм, вобаста ба навъ хусусиятҳои шифобахши ва ҳам дар амалияи тиб байни табибон,  дар таҷрибаашон пурра барои табобати беморон самаранок ва фоидаовар  истифодашавии  гиёҳҳо  маърӯзаҳои ҷолиб бо намоишгузории  гиёҳҳои шифобахш дар гушаю канори Тоҷикистон буда, анҷом дода шуд. Маҳфил ба тарзи озмуни-интерактивӣ гузаронида шуда, аз чорабиноҳои зерин бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳҳои 105 педиатрӣ, 104 педиатрӣ, 106 тиббӣ, 102 педиатрӣ, 204 педиатрӣ, 104 тиббӣ, 205 тиббӣ ва ҳам аъзои ҳакамон аз шумораи омӯзгорони донишгоҳ, бо баҳогузории баромади донишҷӯён ва ҳам презинтатсияи онҳо гузашт. Дар маҳфили озмунӣ маърӯзаи донишҷӯён шунавида шуда  ва ҳам викторинаҳо ба тарзи саволу ҷавоб байнашон гузаронида шуд.

        Аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол иштирокдорони чорабинӣ  донишҷӯёни зерин вобаста ба шартҳои озмун ва қобилияташон ҷойҳои зеринро сазовор дониста шуданд:

  • Аз рӯи номинатсияи “Муаррифӣ намудани гиёҳҳои шифобахш:

Ҷойи аввал иштирокчиёни  гурӯҳи 102 педиатрӣ

        Ҷойи дуюм ба иштирокчиёни гурӯҳи 105 педиатрӣ.

Ҷойи сеюм  ба иштирокчиёни гурухи104 педиатрӣ

  • Аз рӯи номинатсияи “Маърӯза ва презентатсияҳо оид ба гиёҳҳои шифобахш”:

Ҷойи аввал ба  гурӯҳи 204 педиатрӣ - Таваллоев Муҳаммад

Ҷойи дуюм ба гурӯҳи 104 тиббӣ Юлдошов Авазбек 

 

Ҷойи сеюм ба гурӯҳи  205 тиббӣ  - Ҳакимов Муҳим

  • Аз рӯи номинатсияи “Саволу ҷавоб оид ба гиёҳҳои шифобахш”:

       Ҷойи аввал ба иштирокчиёни  гурӯҳи 105 педиатрӣ

       Ҷойи дуюм  ба иштирокчиёни  гурӯҳи 104 тиббӣ

Ҷойи сеюм ба иштирокчиёни 102 тиббӣ

        Барои фаъолона роҳбари намудани  маҳфили гиёҳҳои шифобахш ба  донишҷӯи гурӯҳи 204 педиатрӣ - Мусоева Фарангис ва барои шеърҳои пурмазмун Шаҳнозаи Шӯҳратзода  қадрдонӣ карда шуданд.  

    Дар арафаи ҷашни Наврузӣ барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои баҳорӣ донишҷӯён бо ифтихорномаҳои Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ  карда мешаванд.

  

Кафедраи морфология ва физиологияи одам

       

        Дар кафедраи морфология ва физиологияи одам   дар асоси нақшаи таълимӣ   рӯзи 06-уми  марти  соли 2018 дар гурӯҳи 105 педиатрӣ   дар  мавзӯи «Анатомияи узвҳои шошаю таносул» дарси  кушоди мудири кафедра Зарипов И.А.   гузаронида  шуд. Рафти  дарс  бо истифодаи  слайдҳо, расмҳо  баргузор  гардид. Дар охир барои  мустаҳкамкунии  маводи  дарсӣ  саволу  ҷавоб байни донишҷӯён бо устод  сурат гирифт. Донишҷӯён ба саволҳои додаашон  ҷавоби  пурра  гирифта  қаноатманд  шуданд.

       Дар   дарси  кушод  Одинаев С.П.-  сармутахассис оид ба назорати сифати таълим, Наботова О. З – муаллимаи кафедраи анатомияи одам ва гистология , муаллимаи кафедраи ҷомеашиносӣ Мардонова Н, омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ  Султонмамади Г., омӯзгори кафедраи забонҳо Отахонов Р., иштирок доштанд.  Дар охир    сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П. натиҷаи дарсро ҷамъбаст намуда, бори дигар зарурияти омӯзиши ин фанро барои толибилмони донишгоҳи тиббӣ таъкид намуданд.

 

Кафедраи морфология ва физиологияи одам

        

         Рӯзи 2-юми марти соли 2018 дар бинои Театри драмавии шаҳраки Данғара озмуни ноҳиявии «Маликаи Наврӯзӣ» баргузор гардид. Дар озмун се нафар донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон - Баҳодурова Танноз (гурӯхи 106 педиатрӣ), Қудратова Беназир, Калонова Зарнигор (гурӯҳи 106 тиббӣ) ширкат намуданд. Шартҳои озмун аз табрикоти наврӯзӣ, қироати шеър дар васфи баҳор ва Наврӯз, саволу ҷавоб оид ба суннатҳои наврӯзӣ ва намоиши либоси маликаи наврӯзӣ, миллӣ ва аврупоӣ иборат буданд. Боиси хушнудист, ки донишҷӯйи гурӯхи 106-и педиатрӣ Баҳодурова Танноз ба гирифтани ҷойи аввал ва донишҷӯйи гурӯҳи 106-и тиббӣ Қудратова Беназир ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гардиданд. Аз номи ҳайати профессорону омӯзгорон ва кулли донишҷӯёни донишгоҳ ғолибони озмунро барои дастовардҳояшон дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, дар таҳсилу фаъолияти минбаъдаи онҳо комёбиҳо орзу менамоем.

 Шӯрои занону духтарони ДДТХ

Подкатегории