Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

      

       Рӯзи 22-феврали соли 2017 дар толори асосии ДДТХ ҳамоише бахшида ба 24-умин солгарди Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

    Ин маҳфили пуршукуҳро аз номи ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдуллои Қурбон иҷрокунандаи вазифаи муовини  ректор оид ба таълим, дотсент Конбобоева Н.К. ҳусни ифтитоҳ бахшида қайд намуданд, ки имрӯз ба ифтихори санаи фархунда, яъне 24-солагии таъсисёбии Артиши Миллии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлату давлатдорӣ, кафили сулҳу осудагии ҳар хонадон ва сипари боэътимоди ватани маҳбубамон ҳисоб меёбад, дар ин толор ҷамъ омадаем. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки  шуруъ аз соли таҳсили 2017 – 2018  Донишгоҳи тозабунёди тиббии Хатлон низ ба яке аз маркази асосии омода сохтани мутахассисони олии ҳарбии тиббӣ табдил меёбад. Дар ояндаи наздик  аввалин хатмкунандагони  донишгоҳи мо дар гушаҳои гуногуни кишвар ҳамчун мутахассисони тибби ҳарбӣ бомуввафақият хизмати софдилонаи худро дар назди Ватану миллат адо хоҳанд намуд. Ба фаъолият шуруъ намудани  кафедраи тибби ҳарбӣ бовари аст, ки кормандони  он  барои   омода намудани кадрҳои баландихтисоси тибби ҳарбӣ кӯшишу заҳмати зиёде бояд ба харҷ диҳанд.  Ёдовар мешавем, ки хатмкунандагони мо дар баробари шаҳодатномаи тахасусӣ гирифтан,  инчунин соҳиби шаҳодатномаи афсари тибби ҳарбӣ мегарданд.  Барои ноил гардидан ба ин ниятҳои нек, роҳбарияти имрӯзаи донишгоҳро зарур аст, ки барои  таъсиси кафедраи тибби  ҳарбии донишгоҳ ва таъмини шароитҳои беҳтарини таҳсил чораандешӣ намоянд.

     Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимод ва кафили сулҳу осоиши кишварамон аз рӯзҳои аввали ба даст овардни истиқлолияти миллӣ нақши боризи худро гузошта истодааст. Мудири кафедраи ҷомеашиносии ДДТХ, номзади илмҳои ҷомеашиносӣ Гулов А.А. дар мавзӯи  «Артиши Миллӣ – сипари боътимоди сулҳу амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, қайд намуданд, ки 23 феврал тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Дар маърӯза оид ба  таърихи ташкил шудани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти  муфассал дода шуд.

       Дар иҷрои гурӯҳе аз донишҷӯён суруди “Горди миллӣ” танинандоз гардид, ки бо ҳисси баланди ватандӯстию хештаншиносӣ суруда шуд. Донишҷӯён Баҳоваддинова Ш. – (9 тиббӣ), Сайдвалиева Н.  (9 тиббӣ), Ҳамроев М. – (Комилова Б. – (9 тиббӣ),  (Иброҳимзода С.  ( 2 стоматологӣ, Азизов Ш.  (1 тиббӣ), Адибаи Рустамдухт– (10 тиббӣ) ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, немисӣ, италянӣ, хитоӣ, ӯзбекӣ табрикоти худро бахшида ба ин ҷашни фархунда қироат намуданд. Донишҷӯён Раҷабов Н., Розиқов В. бо иҷрои суруди “Қасам”, Набиева М. (гурӯҳи 4-уми стоматологӣ) хотири аҳли нишастро болида намуданд. Инчунин саҳначаҳои ҳаҷвии омоданамудаи донишҷӯён низ ба ин маҳфил ҳусни тозае бахшид.

     Озмуни беҳтарин газетаи деворӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҷамъбаст карда шуда, ғолиби он гурӯҳҳои 9-10-уми педиатрӣ дониста шуданд.

   Дар охир иҷрокунандаи вазифаи муовини ректор оид ба таълим дотсент Конбобоева Н.К. ба маҳфил ҳусни анҷом бахшида ба баргузоркунандагон ва иштирокчиён ҳамоиш аз номи раёсати донишгоҳ арзи миннатдорӣ намуда, бори дигар ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ табрику муборакбод намуданд.

 

 

         Иттифоқҳои касаба ва Шуъбаи кор бо ҷавонон

                     Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо камоли эҳтиром ва ифтихори бепоён Шуморо ба муносибати ҷашни фархунда ва камолоти 65-солагии зодрӯзатон самимона  муборакбод менамоянд. Шумо дар ин умри бобаракати худ чандин маротиба аз имтиҳонҳои сахти зиндагӣ  бо сари баланд гузашта, тавассути меҳнати ҳалол ва талошҳои пайвастаатон тавонистаед, ки  ба қуллаҳои баланди илми тибби муосири тоҷик қадамҳои устувор гузоред ва дар баробари фаъолияти пурсамари илмӣ ҳамчун устоди варзидаи ҳазорон толибилмони соҳаи тандурустии мамалакат дар тарбияи ин мутахассисони ҷавони соҳа саҳмгирӣ намоед.  

           Боиси ифтихор аст, ки Шумо бештари умри азизи худро ба омӯзиш ва ҳаллу фасли мушкилоти яке аз соҳаҳои нозуки илми тиб - саратоншиносӣ сарф намудаед ва барои ин заҳматҳои зиёд ва роҳи дарози пурпечутоберо паси сар гузоштаед. Барои нозукиҳои ин соҳаи дардноки ҷомеаро аз худ намудан бо бузургтарин марказҳои саратоншиносии ҷаҳон ҳамкорӣ намуда, дар мавзӯҳои «Меланомаи роҳи мақъад» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Саратони пӯст. Клиника, ташхис, муолиҷа» рисолаи докториро бо муваффақият дифоъ намуда, соли 2002 ба унвони баланди илмии доктори илми тиб шарафёб гаштаед.

           Дар баробари касби илм намудан Шумо тамоми қувваю неруи худро сарфи хизмати содиқона ба халқу Ватан намуда, тӯли солҳои зиёд ба ҳайси мудири шуъбаи ҷарроҳии Диспансери ҷумҳуриявии онкологӣ, муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳамзамон саронкологи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, сардори Раёсати тандурустии ш. Душанбе пурсамар фаъолият намудаед.  

           Мо аз он ифтихор дорем, ки  дар давраҳои мушкили барқарорсозии пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкамсозии риштаҳои гуногун аз ҷумла, соҳаи иҷтимоиёти давлати тозаистиқлоламон Шумо ҳамчун яке аз сиёсатмадорони таърихи нави тоҷикон пайваста  бо ҳаракатҳои созандаву бунёдкоронаи  худ, бо ибрати шахсӣ, ташаббускорӣ ва дарки баланди масъулиятшиносӣ ҳамчун яке аз вакилони фаъоли Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ   саҳми назаррас  гузоштаед. 

 

Устоди азиз,  Ҷумъабой Раҳматович,

      Бори дигар Шуморо бо ҷашни зодрӯзатон табрику муборакбод намуда, бароятон осмони софу  беғубор, тани дурусту хотири ҷамъ, хушбахтию некномиҳои зиёд  орзу менамоем.   

   

Бо эҳтиром, Раёсати ДДТХ

 

 

      Дар асоси низомнома ва нақша-чорабиниҳои варзишӣ, ки аз тарафи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара бахшида ба эълон гаштани “Соли 2017-Соли ҷавонон” роҳҳандозӣ гардидааст, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ин чорабиниҳои варзишӣ иштирок намуданд.

 Дар таърихи 11.02.2017с. дар Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара мусобиқа аз рӯи намуди “Гуштини миллӣ” баргузор гардид.

Дар вазни 65кг донишҷӯи курси 1-уми факултаи тиббӣ Азизӣ Муҳаммадалӣ аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода,бо усули зебои ба худ хос,усули сари зону, 3-ҳарифи хешро ба тахтапушт афтонд ва ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт. Дар даври нимниҳоӣ ҳарифи вай аз ҷамоати “Саргазон”,ки бениҳоят паҳлавони пуртаҷриба буд, ба майдон баромад. Дар ин сабқат Азизӣ Муҳаммадалӣ аз худ маҳорати баланд нишон дод,аммо доварон фаъолнокиро ба ҳарифи ӯ мансуб донистанд.

Ҳамин тариқ, дар вазни 65кг,аз шумораи 48-нафар Азизӣ Муҳаммадалӣ сазовори ҷои 3-юм гардид.

       Дар саннаи 17-18.02.2017с мусобиқа аз рӯи намуди “Волейбол” байни дастаҳои писарона ва духтаронаи ташкилот ва муассисаҳои ҷамоатҳои н. Данғара тибқи “Низомнома”-и бахши ҷавонон,варзиш ва сайёҳии н.Данғара бахшида ба”Соли ҷавонон” баргузор гардид.

Дастаи писарона ва духтаронаи ДДТХ дар ин мусобиқа ширкат варзиданд. Дастаи писаронаи ДДТХ дар бозии аввал бар дастаи ҷамоати “Оқсу”, дар бозии дуввум бар дастаи “Коллеҷи тиббӣ” пирӯзӣ ба даст оварданд ва ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.Мутаассифона,дар даври нимниҳоӣ аз дастаи ҷамоати “Шаҳрак” мағлуб шуда, сазовори ҷои 3-юм гардиданд.

Дастаи духтаронаи ДДТХ бошад,дар даври аввал озод буда,дар даври дуюм бар дастаи “Беморхонаи клиникии Ҷумҳуриявӣ” ғолибият ба даст оварданд ва ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.Дастаи духтаронаи ДДТХ дар даври нимниҳоӣ бо дастаи “Мактаби варзишӣ”вохӯрда,дар натиҷа, сазовори ҷои 3-юм гардиданд.

Ин дастовардҳои нахустин дар соҳаи варзиш аз тарафи донишҷӯёни ДДТХ дар “Соли ҷавонон” фоли нек буда, боварӣ дорем,ки дар оянда дар дигар мусобиқаҳои варзишӣ баромад намуда, бонишондодҳои хуб ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд.

Мудири кафедраи “Ҷомеашиносӣ”                     Гулов.А.А

 

       Аз Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд, ки гулдухтарони ДДТХ дар озмуни ноҳиявии “Кадбонуи беҳтарин” ғолиб гардида, ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

        Тамоми аъзоёни Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ иштирокчиёни ин озмунро барои ғолибият табрик намуда, таманно доранд, ки дар оянда қуллаҳои баландтари ғолибиятро ба даст оварда, номбардор ва ифтихори Донишгоҳи хеш гарданд.   

 

 

Раиси Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ н.и.х.Усмонова У.Х.

 

Подкатегории