Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

      Бо мақсади гузаронидани корҳои ободонӣ дар арафаи фасли баҳор тибқи нақша – чорабиниҳо оид ба гузаронидани корҳои ободонӣ ва ташкил намудани шанбегиҳо аз 04 – уми марти соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон оғоз ёфт. Донишҷӯёни гуруҳҳои 1,2,5,6-и педиатрӣ ва 5,6-и тиббӣ  дар ин шанбегӣ сафарбар карда шуданд. Заминҳои атрофи хобгоҳ барои шинонидани гулҳо ва дарахтон тайёр карда шуданд. Дар маҷмӯъ бо қувваи донишҷӯён гирду атрофи донишгоҳ ва минтақаи ҷудокардаи ҳокимияти маҳаллии н. Данғара ба тамиз дароварда шуд. Бояд қайд кард, ки донишҷӯён маъракаи ободониро бо як руҳи баланди ватандустӣ гузарониданд. Деканати факултетҳо тасмим гирифтаст, ки чунин чорабиниҳои ободониро мунтазам гузаронад.

   

         Муовини декани факултетҳо Камолов А.С.

Ҳабибова Зуҳалдонишҷӯи гурӯҳи 10-и факултети тиббии ДДТХ

  

Ҳар гоҳ, ки номат ба забон меояд,                       

Дар ҷисми қалам дубора ҷон меояд.

Чун васфи туро сар кунам аз дил ба забон,

Чун оби равон шеъри равон меояд.

    Модарҷон, имрӯзҳо зи ту дураму пазмонат гаштаам. Баҳри таскини дили хеш дар ин авроқи безабон таронаеро баҳрат нигоштан мехоҳам. Бо кадомин суханон васфат созам, ки беҳтарин суханҳоро гуфтаанд.

    Модар бо офтоб ё бо моҳ, бо обу ҳаво, бо замин ва ё само. Ба ҷон баробарат месозам, на ту аз он ҳама болотарӣ. Бе ту ҳастии дунё маъное надорад.

    Олитарин ҳадяи Худованд туӣ-модар! Зиндагӣ зи ту сарчашма мегирад, олиҳаи ҳастӣ, ки ба мо ҳаёт бахшидӣ. Ба ҷон баробар дӯстат медорам, модарҷон! Дар раҳи сафар ба сӯи фатҳи ќуллаҳои дониш бо дастони нозуку пурсаховати худ дуоям додиву ашк рехтӣ. Ашк рӯи рухсораат мешорид. Ашк марезон, модарҷон, ки   тоқати дидани дидаи гирёнатро надорам. Дили ту ганҷи меҳру вафост, ки баҳри мо фарзандон онро арзонӣ медорӣ. Ба номат саҷда меорам, модар, ки номат мисоли ту бузург аст: дил, аҳд, раҳм. Худовандо, бигузор ашки модаронро  ҳаргиз касе набинад. Он ҳама ғаму ҳасратро зи онҳо дур бисоз, дуоямро мустаҷоб бигардон!

 Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,                                               

Фатҳу кушоиш дасти дуои модар.                                                              

 Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,                                               

Ангезаест шояд, аз аллаҳои модар.

    Модар барои ҳар як инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро ба модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд. Модар  чароғи нурбахшу сафобахши ҳар як  хонадон, ганҷи бебаҳо  ва фариштаи илоҳиест барои  фарзанд.

  Хоки қадамат ба дида молам, модар,                                        

  Додӣ ту ба ҷон шири ҳалолам, модар.                             

  Ҳастанд ягон-ягон, ки хорат созанд,                    

  З-ин тоифа бисёр малолам, модар.

   Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшандаанд. Навозишҳои дастони модар беҳтарин истироҳат аст-барои фарзанд, новобаста ба синну сол. Чун зан-модар худ гул аст, ҳар ҷое қадам мениҳад, онҷо гулу гулзор мешавад.       

Модари ҷон хоки поят мешавам,

Чун бароят ҷонфидоят мешавам.

Ин дили ман зор-зори ту бувад,

Чун ки то ҳастам, фидоят мешавам.

      Қалби модар зеботарин ва ҷовидонтарин ҷойгоҳи фарзанд аст. Ҳатто, дар рӯзҳоре, ки ба  мӯйҳои фарзанд сафедӣ афтода бошад. Маҳз модар бо иффат, ақлу фаросат, одоби ҳамида ва меҳру шафқат рӯзгорро моро зеб медиҳад. Давлате, ки нисбат ба модар, ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад. Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои Худост. Ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.

Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,

Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.

Бе зан чӣ бувад зиндагиву зист дар олам,       

Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст.

     Атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, борон аз абр, ҳарорат аз офтоб ва зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад.

Оре, саодати зиндагӣ дар калимаи зан-модар  нуҳуфтааст. Беҳуда нагуфтаанд: “Модар бо як даст гаҳвораи мо ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад.” Дар васфи модарон чӣ қадар шеъру таронаву суруд бихонем, бинависем ин кам аст, чунки олиҳаи  ҳастии ҳамаи мавҷудоти рӯи замин ин зан-модар аст.

Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,

Як байт ҳам наарзад андар санои модар...

         Агар дили пурмеҳри модару дасти табаруккаш набошад, зиндагӣ бе рӯҳу беранг хоҳад гашт ва мардон хому носуфта  хоҳанд гашт. Зеро дар паҳлӯи модар будан соҳибдавлат будан аст.

Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад, зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебои рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва офарандаи фарзанд мебошад. Тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст, Худованд ба зан-модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад, Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро ба файзу раҳмати Худованд баробар донистааст.

Дили модар чу дарёи равон аст,

Ҷаҳони меҳри модар бекарон аст.

Сано бодо Муҳаммадро, ки гуфтаст,

“Биҳишт зери қудуми модарон аст”.

       Аз ин лиҳоз мо вуҷуди муқаддаси аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузи эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад. Аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ-ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Дар натиҷа  солҳои охир теъдоди  занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият, мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлатию ҷамъияти торафт афзоиш меёбад. Онҳо дар рушду пешрафти самтҳои ҳаёти ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта, истодаанд. Имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо назардошти бахши хусусӣ беш аз 1 млн занону духтарон фаъолият доранд, ки нишондиҳанда 45%-ро шумораи аҳолии машғули корро ташкил медиҳад. Қисми зиёди кормандони соҳаҳои маорифу тандурустиро  занон ташкил медиҳанд. Умуман дар соҳаи тандурустии кишвар беш аз 50 ҳазор нафар машғули кор бошанд, аз ин рақам 44 ҳазор нафарашон занон мебошад. Дар соҳаи маориф бошад, 52 ҳазор нафари омӯзгорон аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд.  Боиси хушнудист, ки имрӯз дар ҷодаи илм беш аз ҳазор нафар занони донишманд ва бамаърифати тоҷик пурмаҳсул заҳмат мекашанд.

     Занро зиннати хона, устоди атфол ва муаллими наслҳо мегӯянд. Воқеъан ҳам агар зан дар оила бо ақлу бо фаросат сариштакору озода бошад, худрову атрофиёнашро аз ҳолатҳои ногувори зиндагӣ эмин нигоҳ медорад. Раванди тадбиқи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баррасиву ҳалли мушкилоти ҷойдошта, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва тадбирҷӯиҳо баҳри маърифатнокии бонувон чӣ ислоҳоту таҳаввулоте  ба миён овардааст.

Замину осмони ман тӯӣ модар, тӯӣ модар,

Ҷаҳони бекарони ман тӯӣ модар, тӯӣ модар.

Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,

Ягона меҳрубони ман тӯӣ модар, тӯӣ модар.

         Ҳамду сано ба зан модар, ки муҳаббати у интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои уст. Ба оғози эҳёи табиат фасли рӯидани сабза, шукуфтани гулҳо ва ҷомаи сабзи баҳори ба тан кардани дашту саҳрои сарзамини зебоямон рост омадани Рӯзи модар рамзи басо неку хуҷаста мебошад. Чунки агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндаги ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташабусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба кишту кор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад. Аз ин рӯ, мо модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дӯст медорем, мақому манзалат, қадру қиммат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша пос медорем.

Алла мехонди ту шабҳои дароз,

Бар сари гавҳораи пурнози ман,

Роҳатам буд аз шаби бехобиат,

Модаро бишнав кунун овози ман.

 

Иди зебоятон мубораку хуҷастапай бошад модарони азизу меҳрубон!

                           

  

     Салом! Ай модари бузургворам. Имрӯз бори чандум аст, ки хома ба даст мегирам, то ин ки васфат намоям. Аммо сад афсӯс, ки ҳарфе намеёбам ва дар назди бузургиат оҷизу нотавонам.

      Оҳ модарам! Аҷоиб мӯъҷизае ҳастӣ ту! Ҳарчанд мекӯшам, вале на тасавир  карда метавонаму на тасаввурт. Ҳар лаҳзае, ки номатро ба забон меорам, тамоми вуҷудам меларзад, забонам лол мегардад ва нафас дар гулӯям мепечад, ту бароям зебо ва яктоӣ, бароям ганҷи пурқиммат ва арзандаи, ту беҳамтоӣ – эй модар.

   Ҳар як каломат дилнавозу ширин аст. Ба тамоми инсонҳо рӯҳу равони тоза мебахшад. Танҳо алфозу гуфторат дилнопазир аст. Танҳо ту метавонӣ сари гаҳвораи фарзандат бедор нишинӣ ва бо дидаи бехоб аллаи  пурмеҳру пурсеҳр бихонӣ. Аллаат гуворо ба гӯш мерасад. Танини садоят ба фазо мепечад ва ба як навои дилнишин мубаддал мегардад.

   Садою навоят ҳамаро мафтуну ҳайратзода кардааст. Агар тамоми умр ситоишат созам мисли чакраест, ки  дар  назди ин ҳама меҳрубониву навозишҳоят оҷиз аст.

   Якпора гӯштро дар батнат нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз нигоҳдорӣ ва муҳофизат мекунӣ. Ҳангоми нишастан, анҷом додани корҳои хона эҳтиёт мекунӣ. Фарзандатро бо як азобу машаққат ба дунё меорӣ ва барои тарбияи ӯ шабҳои дароз бедорхобӣ кашида оромаш мекунӣ ва дидаи пурмеҳратро ба рӯяш медӯзӣ.

  Модари баҳиштиям, фарзандат аввалин сухани ширинро аз забони ту мешунавад ва гаҳе  ки бо лаҳни ширини тифлонааш калимаи «модар»-ро ба забон меорад, ту дубора рӯҳи тоза мегирӣ ва қалби бузургатро нишоту шодии тасвирнопазир лабрез менамояд. Намегузорӣ ба пои мо фарзандонат хоре халад ва дили нозуки вай аз чизе озор ёбад.

   Дар ҳақиқат ганҷи пурқиммат ва волотар зи ҷонӣ – эй модар.

   Модарҷонам! Доимо дар қалби худ орзуҳои нуҳуфтаеро нисбати фарзанди ҷигарбандат  дорӣ. Чун  фарзандат ба воя расид, мехоҳӣ хонадораш кунӣ. Барои писарат ҷомаи домодӣ медӯзию, бароии духтарат либоси арӯси. Онҳоро хушбахту хонаобод дидан мехоҳӣ.

   Чаро хаста намешавӣ модар? Чаро? Чаро боре ҳам   ба сари тифле, ки нимаи шаб туро аз ширинии хоб бедор месозад, садоятро баланд намекунӣ? Чӣ тавр ба ин ҳама ранҷ тоқат мекунӣ?

                    Чун хандаи гул зебост

                    Лабханди лабат модар

                    Бар ҳар ду ҷаҳон арзад

                    Як ранҷи шабҳои модар.

   Ту меҳмонро дӯст медорӣ – модарҷон. Зеро худ низ меҳмонӣ ва рӯзе аҷал бо эҳтиёту эҳтироми хоса туро аз мо дур мекунад ва ту тарки мо мекунӣ. Ба дили ҳар яки мо ғаму андӯҳ ҷо мегирад. Дар чорроҳаи зиндагӣ ҳайрону нолон мемонем. Бе ту зиндагӣ душвор ва хастакунанда мегардадт. Аз ин рӯ ҳастии мо ва қандили фурӯзони ҳар як хонадонӣ …

                    Бо меҳру муҳаббат ту калонам кардӣ

                    Дар ҷодаи зиндагӣ равонам кардӣ

                    Дарси адабам додиву гуфти пандам

                    Ту ҳарфи накӯ  ҷо бар забонам кардӣ

  Зиндагӣ қомататро хаму рӯятро пур зи ожанг кардааст. Ин ожангҳоро дигарон мебинанд, аммо фарзандон на, чунки дар ҳар як ожанг фариштае нишастааст ва онро молиш медиҳад. То ин ки дар  зебогии  Шумо костагие  пайдо нашавад. Зебоӣ, модари ҷонам. Хастагӣ дар чашму рӯйат ҳаст, аммо ба ҳамаи ин ту боз ҷасурӣ – модарҷон.

   Дар ҷанги хонумонсӯз далерона қадам мондӣ, аз чизе наҳаросидӣ, аз чизе нагурехтӣ. Фарзандонатро     мисли ӯкоби далеру ҷасуре зери қанот гирифтӣ ва  ояндаи неку дурахшонро аз фариштаҳои осмоният таманно намудӣ. Модарони зиёдеро доғи фарзанд ва даҳшати    ҷанги хонумонсӯз ба ҷоҳи яъсу ноумедӣ меандохт, аммо ту ҳамдарди доғу алами онҳо будӣ. Ба ин ҳама сахтиҳо дили ҷавон ва лаби хандон дорӣ – ай модари биҳиштиям.

                  Ту болотар аз тамоми мавҷудоти оламӣ.    Ҳатто аз офтоб пурсидаанд.   Аз ту гармтар чист?   Гуфт: Меҳри модар.    Аз кӯҳ пурсиданд:   Аз ту баландтар чист?  Гуфт: Қадри модар.    Аз баҳр пурсиданд:    Аз ту калонтару бузургтар чист?   Гуфт: Қалби модар

   Модоме ки Худованд аз ҳамаи инҳо туро болотар офаридааст, пас ту фариштаӣ, бале фариштаи ҳақиқии заминӣ.

                   Аё модар дилу ҷонам фидоят

                   Ҳамехоҳам бибӯсам хоки поят

                   Заминро саҷдагоҳ баҳри ту созам

                   Ки як бори дигар гирам дуоят.

   Модар ҷон ин ҳама қудратро ба ту кӣ дод? Худованд? Албатта, Худованд медиҳад!

   Зиҳӣ он Худованде, ки туро офарид! Вақте ки чунин қудрати бузургро соҳиб ҳастӣ,  пас чӣ гуна метавонам ба он чашмоне, ки саршори меҳру муҳаббатанд, ба лабоне, ки доимо  моили табассуманд, аллаи ширину дилнавозро ба гӯшам   гуфтанд, ба чеҳрае, ки саршори нури илоҳист,  ба чашми бад нигарам. Агар чунин кунам, чашмам кӯр бод!

   Пеши поят сари таъзим фуруд меорам, фариштаи бузурги ҳаётам, модари азизу марҳами ҷонам!

   Ин таронаро шабе навиштам, ки ҳамаи суолҳоямро ба модарам додам ва аз ӯ танҳо як посух гирифтам, ки гуфт: «Ман барои шумо фарзандонам заҳмат мекашам ва шумоён субҳи ҷовидонии ман ҳастед».

                  Эй модари ҷон садқа шавам нони туро

                  Ҳам сурфаю, ҳам мухпару чагдони туро

                  Ҳам гушнаю ҳам ташна дар мулки ғариб

                  Эй, модари ҷон,  ёд кунам дастархони туро.

   Ман модари азизи худ ва тамоми модарони оламро бо фарорасии «Иди модарон» сидқан шодбош гуфта, барояшон умри дарози пурбаракат орзумандам. Ҳамеша хушбахт ва дар паноҳи офаридгор тансиҳату сарбаланд бошанд.

 

Ганҷинаи Ализода – донишҷӯи гурӯҳи 4-и  факултети педиатрӣ

          Рӯзи 11-уми феврали соли 2017 дар толори фарҳангӣ аввалин  конференсияи илмию амалии устодони ДДТХ дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳнамо  ба сӯи зиндагии шоиста» баргузор гардид. Мақсади асосии баргузории ин ҳамоиш баррасии муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар конференсия ҳайати раёсат, профессорону омӯзгорон, донишҷӯёни ДДТХ, намояндагон аз Ҳукумати ноҳияи Данғара, воситаҳои ахбори омма  ширкат намуданд.

Ба диққати ҳозирин маърӯзаҳои зерин пешниҳод карда шуданд:

  1. Баромади мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Азизуллоев А.А. дар мавзӯи «Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Роҳ барои ояндаи дурахшон».
  2. «Величие русского языка и его роль в подготовке высококвалифицированных кадров» -  баромади дотсенти кафедраи забонҳои ДДТХ Должикова В.А.
  3. «Хусусиятҳои тарбиявии таҳсилоти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - баромади сардори Шуъбаи таҳлилу назорат ва робита бо ҷомеаи ДДТХ,  н.и.ҷ. Ахмедов Ш.Р.
  4. «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» - баромади мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва информатикаи ДДТХ, дотсент Ситамов С.
  5. «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» - баромади мудири кафедраи химия ва биологияи тиббии ДДТХ, н.и.б. Чориев С.А.
  6. «Нақши пешвои миллат дар таҳкими мавқеи ҷавонон» - баромади н.и.ҷ., мудири   кафедраи ҷомеашиносии ДДТХ  Гулов А.А.
  7. «Мо забони русиро меомӯзем» - баромади муаллими калони кафедраи забонҳои  ДДТХ Қурбонов Х.Ш.

        Бо сухани ифтитоҳӣ ба конференсияи мазкур ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшида қайд намуданд, ки имрӯз дар саросари ҷумҳурии азизамон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди омӯзишу баррасиҳо қарор гирифтааст. Дар Паёми мазкур нуктаҳои асосии рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ зикр гардидаанд ва мақсади баргузории конференсияи имрӯза ҳам ба масъалаи мазкур бахшида шудааст. Дар маърузаҳои пешниҳодшуда  зикри он дар ҷойи аввал меистод, ки  дастуру супоришҳои  дар  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасишуда  бояд маромномаи рушди устувори Тоҷикистон барои солҳои минбаъда гардад. Имрӯз тамоми мардуми кишвари куҳанбунёди мо ба роҳи устувори созандагию бунёдкорӣ қадам ниҳода истодаанд ва ин ҳидояти навбатии Пешвои миллат онҳоро ба сӯи ояндаи дурахшони миллат раҳнамун месозад.

       Дар анҷоми конференсия ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ба ҳайати омӯзгорону профессорон, донишҷӯён барои иштироки фаъолонаашон дар ҳамоиши мазкур изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Муовинати таълим

Подкатегории