Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

Пас аз ҷамъбасти имтиҳони тестӣ, барои дида баромадани арзу шикоятҳои довталабон тибқи Қоидаҳои қабул комиссияи апеллятсионӣ, ки аз ҳисоби омӯзгорони тахассусии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Комиссияи қабули ДДТХ, қаблан бо фармони ректори донишгоҳ профессор У.Қурбон  таъсис дода шуда буд, имрӯз санаи 04 – уми майи соли равон, мутобиқи эълонҳои қаблӣ    апеллятсияи натиҷаи имтиҳони тестӣ дар мактаби Президентии ноҳияи Данғара баргузор гардид.   Маълум карда мешавад, ки ба Комиссияи аппелятсионӣ наздики 50 нафар  довталаб  бо ариза муроҷиат намуданд, ки  аризаҳои онҳо  дар ҳузури довталабон ва волидайни онҳо баррасӣ карда шуд,  Дар  натиҷа аз ҷониби комиссия   хатогиҳо  аз  баҳогузории имтиҳон  ошкор нашуда, балки   сабабу омилҳо ва  хатогии  худи довталабон маълум карда шуд. Дар маҷмуъ  холҳои бадастовардаи довталбони муроҷиат намуда  аз имтиҳони тестӣ,  бетаъғир боқӣ монд.

Комиссияи қабул

  • Довталабони ДДТХ метавонанд бо натиҷаҳои имтиҳони тестӣ дар Муассисаи таълимии давлатии  мактаби Президентӣ, воқеъ дар ҷамоати Корези н. Данғара  шинос шаванд.
  • Комиссияи аппелятсионӣ аз соати 11:00 то 17:00, рӯзи 4 – уми май дар Мактаби Президентӣ баргузор мегардад.
  • Хотиррасон карда мешавад, ки довталабони факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ, ки аз имтиҳони тестӣ соҳиби 70 хол ва зиёда аз он гардидаанд, ба имтиҳони хаттӣ роҳ дода мешаванд.
  • Имтиҳони даври дуюм, ки аз кори хаттӣ (иншо ва диктант) иборат аст, соати 07:00, рӯзи 07 – уми майи соли 2016 дар Муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ, воқеъ дар ҷамоати Корези н. Данғара  баргузор мешавад.
  • Довталаб бояд бо худ шиноснома ва дастхат (дастхат ба довталабоне дода шудааст, ки ӯ ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷат супоридааст) дошта бошад.

Комиссияи қабул

 Санаи 2 – юми майи соли равон даври аввали имтиҳоноти қабули довталабон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар мактаби Президентӣ, воқеъ дар ноҳияи Данғара   баргузор  гардид, ки дар он 1540 дар сади довталабон дар имтиҳон иштирок намуданд.   Қайд карда мешавад, ки   фаъолияти  Комиссияи қабули ДДТХ аз  1 – уми апрел   оғоз  гардида, то 30-юми апрели соли ҷорӣ  идома ёфт.  Дар муддат довталабон аз 60 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба донишгоҳ ҳуҷҷат супоридаанд.

Тибқи маълумотҳо аз аввали мавсим то 30 – уми апрели соли равон дар маҷмуъ, 1633  нафар  ҳуҷҷат супоридааст, ки нисбат ба нақшаи қабул 4,5 маротиба зиёд мебошад. Аз ин шумора 1117  нафар (62,3%),  ба факултети тиббӣ  417 нафар (25, 5%) ба факултети педиатрӣ ва 199 нафар (12, 2%) ба  факултети стоматологӣ   ҳуҷҷат супоридааст.

Аз теъдоди умумии довталабон  1097  нафар (67, 2% )  тариқи  буҷавӣ  ва   536  нафар  ( 32, 8%)  тариқи таҳсили   шартномавиро интихоб намудаанд.    

Аз рафти  имтиҳонот вазири маориф ва илми ҶТ,  Н.Саид, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрӣ ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ С. Юсуфӣ, раиси ноҳияи Данғара М. Сайдализода  дидан  намуда,  аз  корҳои омодагию  ташкилии   Комиссияи қабули донишгоҳ изҳори  қаноатмандӣ намуданд.         Лозим ба қайд аст,   як гуруҳ устодони варзида аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ барои гузаронидани имтиҳон даъват гардида буданд, ки бо кӯмаку дастгирии онҳо сатҳи баланди имтиҳон таъмин гардид.

Ёдовар мешавем, ки мутобиқи  қоидаҳои қабул  довталабоне, ки  холҳои гузаришро аз имтиҳони тестӣ  комёб мегарданд ба  даври дуюми имтиҳон роҳхат меёбанд.

    

 

Подкатегории