Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

        Китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз моҳи августи соли 2016 фаъолияти худро барои донишҷӯёну омӯзгорон оғоз намудааст. Фаъолияти ин сохтор дар донишгоҳи навтаъсис ва тозабунёд бениҳоят муҳим мебошад, зеро асоси манбаи хизматрасонӣ ба корҳои таълимию илмӣ, маълумотию иттилоотӣ ва фарҳангӣ ба шумор меравад.

       Раёсати Донишгоҳ бо мақсади ғанӣ намудани Китобхонаи Донишгоҳ пайваста чораҳо андешида, имкониятҳои мусоидро фароҳам овардааст, ки дар ин давра фонди Китобхонаро анқариб ба 8 ҳазор нусха китобҳои чопӣ расонидааст. Аслан, барои дар соли таҳсили 2016-2017 сарчашмаи таъмин намудани донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ- таълимӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба таври тӯҳфа ба Донишгоҳ ворид гардида буд, ташкил медод.

      Имрӯз, хушбахтона дар асоси ҳамкориҳои Донишгоҳ бо ташкилотҳои тиҷоратӣ ба Китобхона боз 39 номгӯи адабиёти таълимии ихтисосӣ, аз ҷумла аз ширкати русиягии “ГЕОТАР МЕДИА”  бо теъдоди 707 нусха китобҳои баландсифат харидорӣ ва ба Китобхона дастрас гардида шуданд. Маблағи умумии ин адабиёт 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки манбаи асосии маблағи зикршуда, аз ҳисоби сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти маблағҳои буҷетии ДДТХ барои соли 2016 пешбинӣ гардида буд.

                                                                             Маъмурияти Китобхона

Дар маҷалаи нашри Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Ирон дар фасли «Пажӯҳиши забонӣ ва адабӣ дар Осиёи Марказӣ» (шумораи 45, соли 1394 ҳиҷрӣ  мутобиқ ба соли 2016 мелодӣ)  мақолаи мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, доктори илмҳои филологӣ Тағоймуродов Р.Ҳ. бо номи «Ҳунари суханварии Бедили Деҳлавӣ дар як ғазали моддаи таърих» бо ҳуруфи форсӣ ба дасти чоп расидааст. Дар дебочаи мақола омадааст, ки сарфи назар аз он ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Абулмаъонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил  ба ҳайси суханвари бузургу маҳбуб ва камназир пазируфта шудааст,  аз назари таҳқиқу пажӯҳиши ҳамаҷонибаи мухтассоти осораш агар ӯро яке аз камшинохтатарин адибон қаламдод кунем, газофа нахоҳад буд.

Беҳуда нест, ки донишманди эронӣ, яке аз муҳаққиқони адабиёти форсӣ – Шафеии Кадканӣ роҷеъ ба шеъри Бедил чунин мегӯяд: «Шеъри Бедил меъмории ҷадидест бо ҳандасаи вижаи хеш. Илтизоз аз он бояд аз раҳгузари миқдоре ҳавсала ва андаке ошноӣ бо рамзҳову калидҳое хосси шеъри ӯ бошад».

Ғазали мавриди таҳлили Бедил аз нуқтаи назар моддаи таърих ва ҳисоби абҷад баррасӣ шудааст.

Ба ҷиҳати дур намондан аз мақсади аслӣ, барои собит сохтани гуфтаҳои фавқ ва ба хотири он ки ин иддао аз иттиҳоми ҳарза мубарро гардад, мо намунаеро аз ибтикороти Бедил дар як ғазали ӯ, ки ҳар як мисроаш, аз матлаъ то мақтаъ, бо вуҷуди мазмуни баланд доштан, санаи 1108 ҳиҷрии қамариро ойинадорӣ мекунад, пешорӯи аҳли завқ мегардонем. Чунончи:

Фарёд, к-он ҷамоли карам дар ҷаҳон намонд,

Товуси ҷилварез дар ин ошён намонд.

Бо он ҳама сифоти зако, сад ҳазор ҳайф,

К-он нури офтоби вафо ҷовидон намонд.

Оҳ ин чӣ фитна буд, ки дар олами нагун

Ҷуз ном з-он муҳити мусаввар нишон намонд.

Сели фано матоъи ҷаҳон ҷумла пок бурд,

Ҷинсе зи дастгоҳи зиён дар дукон намонд.

Тӯфони гиря баски зи ҳар ҷамъ ҷӯш зад,

Ҷуз Даҷла дар мамолики Ҳиндустон намонд.

Булбул ҷиҳоди нола бас аст обёри дард,

Аз гулбуни вафо ба нумӯ ҷуз хазон намонд.

Эй бекасӣ, ба хок фикан ҷаъду навҳа кун,

Имрӯз бар мазори замин осмон намонд.

Аз шарми ҳузну об ба имои эҳтиёҷ

Эй инфиъол, мушфиқи мо ин замон намонд.

Ҳар мисраъам ба солу замон насб мекунад,

Оҳе, ки кӣ? - Масеҳи сипеҳростон намонд.

Бедил, ҷафокашони қадаҳ яъс мекашанд,

Чанде ба ҷайб чок зан акнун, ки хон намонд  [7, 890].

Чи тавре ки қаблан изҳор доштем, ҳар мисрои ин суруда ба ҳисоби абҷад адади 1108-ро ойинадорӣ мекунад ва чунонки аз муҳтавояш бармеояд, ин ғазал ғамнома ва ё нолаи мавзунест, ки дар рисои касе суруда шудааст. Таҳқиқ дар мазмуну муҳтаво, бахусус мисрои «Ҳар мисраъам ба солу замон насб мекунад» ва ҷустор дар адади 1108 моро ба андешае водор сохт, ки ин ғазал марсия буда, дар сӯги дӯсту ҳамфикр, шогирду ихлосманди шоир, яъне Шукруллоҳхони Хофӣ гуфта шудааст. Тибқи нишондоди таърихнигорон санаи мазкур айёмест, ки Шукруллоҳхон аз мансаби ҳаёт мустаъфӣ гашт.

Изофатан бояд ёдовар шуд, ки ғазали мазкур дорои ду моддаи таърих аст. Тибқи таъкиди худи Бедил дар мисрои пеш аз байти охир, ки мегӯяд: «Оҳе, ки кӣ? - Масеҳи сипеҳростон намонд», яъне агар ба ҳар мисрои ин суруда калимаи «оҳе» афзуда гардад, санаи 1124 ба даст меояд, ки ин сана солрӯзи даргузашти Оқилхонро ойинадорӣ мекунад.

Дар фароварди сухан муаллиф қайд менамояд, ки дар эҷодиёти Мирзо Абдулқлдири Бедил  ғазалҳои дигаре низ мавҷуд аст, ки дар баробари бархурдорӣ аз мазмуни олӣ саропо ороставу перостаи санъати моддаи таърих аст, ки ин аз иқтидору тавоноиҳои чашмгири ӯ дар ҷодаи офариниши осори бадеӣ шаҳодат медиҳад, вале мо бо истифода аз масали «мушт намунаи хирвор» аз арзёбии муфассалу мукаммали ин масъала худдорӣ карданро салоҳи кор медонем ва ҷиҳати таҳқиқи ҳамаҷиҳатаи ин мавзӯъ равзани имкону маҷолро барои дигарон кушода медорем.

Ба хотири бархурдории бештари хонандагони соҳибзавқу хушсалиқа мақолаи мазкур аз маҷаллаи ёдоваршуда пурра оварда мешавад. Боварӣ дорем, ки мақолаи мазкур пажӯҳишгарони адабиёти куҳанбунёди моро барои боз ҳам амиқтару жарфтар омӯхтани эҷодиёти ин нобиғаи адабиётамон роҳнамун хоҳад сохт, зеро агар санъати моддаи таърих дар саросари эҷодиёти Мирзо Бедил мавриди омӯзишу пажӯҳиш ва баррасӣ қарор дода шавад, бидуни тардид, метавон ба корбурди ҳунармандонаву шигифтовари навъҳои гуногуни ин санъат, ки  қариб дар ҳама анвои адабии ашъораш ба чашм мерасад, рӯ ба рӯ омад, ки ҳатто бархе аз навъҳои он дар таърихи адабиёти куҳантаърихи форсӣ-тоҷикӣ бесобиқа аст. 

 

Рӯзи 1-уми декабри  соли 2016 дар толори китобхонаи  Донишгоҳи давлатии  тиббии Хатлон аввалин семинарии  маҳфили  «Ҷаҳони андеша» баргузор гардид. Мутасаддиёни чорабинӣ: мудири кафедраи ҷомеашиносӣ  Гулов А.А.,раиси итифоқи касабаи   кормандон ва донишҷӯён Мамадалиева С.М.,  раиси Шурои занон ва духтарон  Усмонова У.Х., ва     ассисенти кафедраи ҷомеашиносӣ Саидова М.Р. иштирок доштанд.

Ба ҷамъомад  муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон оид ба таълим, дотсент Ғафуров Б.А. ҳусни оғоз бахшида  дар бораи зарурати ташкил кардан ва узви  фаъоли чунин маҳфилҳо будан, сухан намуданд.Устод Ғафуров Б.А., суханони Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  хотиррасон намуда, донишҷӯёнро  такид намуд, ки  ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, яъне фирефтаи ҳаргуна таблиғотҳои  сиёсии бардурӯғ нагарданд.

Мудири кафедраи ҷомеашиносӣ номзади  илмҳои фалсафа Гулов.А.А. ба суханони  муовини ректор оид ба таълим Б.А. Ғафуровро тақвият бахшида,  мақсади ташкил намудани ин маҳфилро баён намуд ва қайд намуд, ки «андешидан ин будан аст», яъне андешидан ин як сифати қалбӣ ва зотии инсон аст, ки ӯро дар нисбати дигар махлуқот шарифтар мегардонад. Дар раванди сӯҳбат устод формулаи асосии  таълимоти Зардушт-андешаи нек, гуфтори нек ва рафтори некро таҳлил намуда, бо суханони файласуфи фаронсавӣ  Рене Декарт: «Ман меандешам, пас ман ҳастам» ва як шеър аз Мавлонои Балх  баромади худро ба итмом расонид.

            Пас аз ифтитоҳи маҳфил, сухан ба дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои  сиёсатшиносӣ Ахмедов Шодмон Раҷабович дода шуд, ки дар мавзӯи  «Аз таърих кай сабақ мегирем» баромад намуданд.

Устод Ахмедов Ш.Р., аз ҳодисаҳои  таърихии дирӯз ва имрӯзи кишварамон ёдоварӣ намуда, ҷиҳати таҳким  бахшидани  ҳисси худшиносии  миллӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи  арзишҳои миллӣ ба иштирокчиёни маҳфил маълумот дод.

Донишҷӯёни гурӯҳҳои 9-10 факултети  педиатрӣ-Сафаров Ҳ.  ва Муҳаммадии Саймустафо баромад намуда, барои шаффофтар намудани  мақсадҳои худ бо слайдҳо  итилоот омода намуда ба саҳми ҳозирин пешкаш намуданд. Як гурӯҳи донишҷӯён (Алишери Фарҳод, Алиев Алиҷон  гурӯҳи 2-юм  ва Султонов Хисрав гурӯҳи якуми стоматологӣ; Шӯҳратзода Шаҳноза, Мусоева Фарангис, гурӯҳи 5-6 –уми педиатрӣ) як саҳначае оид ба  фирефташавӣ ва воридшавии  ҷавонон ба гурӯҳҳои  номатлуб ва сӯзу нолиши модари бечора намоиш доданд. Баъд аз ба итмом расидани баромадҳо донишҷӯён ва устодон ба машварат ва муҳокимаи   масъалаҳои семинар гузашта, саволҳо ва ақидаҳои  ҷолибро пешниҳод карданд, ки аз ҷониби устодон ба ҳамаи онҳо ҷавоби  мушахас дода шуд.

Дар охир  муовини ректори ДДТХ оид ба таълим, дотсент Ғафуров Б.А. ҷамъомадро ҳусни хотима бахшида, барои иштироки  фаъоли донишҷӯён ва ҷаласаи аввалии  маҳфили мазкур бурдборӣ таманно намуд.

   

Санаи 01.12.2016 донишҷӯёни ДДТХ дар чорабинии бахшида ба “Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи Бемории норасоии масунияти одам”, ки дар Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2 ноҳияи Данғара баргузор гардид ширкат варзиданд.

Чорабинӣ бо иштироки намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, коллеҷи тиббӣ, намояндагони шӯъбаи ҷавонони ноҳия ва Маркази мубориза алайҳи БНМО дар ноҳияи Данғара иштирок доштанд.

 

   Дар оғози чорабинӣ омӯзгори кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Мардонзода Қ.М. бо маърӯза дар мавзӯи “БНМО - ВАБОИ АСР” баромад намуда, дар бораи таърихи пайдоиш, роҳҳои сироятёбӣ ва пешгирии ин беморӣ маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.

 

   Дар рафти чорабинӣ донишҷӯёни ДДТХ дар викторинаи бахшида ба рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи  БНМО фаъолона ширкат варзиданд ва аз ҷониби ҳакамон донишҷӯёни курси якум Азизов Шодрӯз ва Ғайратова Наврӯза сазовори ҷойҳои 1 ва 2-юм дониста шуда, бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Шӯъбаи кор бо ҷавонон

 

Подкатегории