Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   Оғози  фаъолияти касбии  табиб-педиатр, корманди раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, дотсент  -  Кузибоева Наима дар шароити Беморхонаи чумхуриявии клиникии  Дангара

     Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бахши тандурустӣ бемайлон рушд ёфта, сол то сол дар заминаи таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бахши муҳим пешравиҳои назаррас рӯи кор омада истодааст. Давоми солҳои соҳибистиқлолии кишварамон  бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ технологияҳои муосири ташхисию табобатӣ, ба монанди дастгоҳҳои томографияи компютерии магнитию резонансӣ, томографияи компютерӣ, ангиограф, рентгени рақамӣ, эхокардиограф, ташхиси мамографӣ, дастгоҳи ташхиси ултрасадоии допплерӣ, дастгоҳи анализатори автоматикии озмоишӣ, плазмоферез, тасҳеҳи лазерии чашм ва гемодиализ ворид карда шуданд. Ин гуна таҷҳизоти муосир   замина фароҳам овард, ки дар муассисаҳои тиббии мамлакат роҳу усулҳои нав дар корҳои муолиҷавию табобатӣ   роҳандозӣ карда шаванд.

     Зимнан, дар баробари ба роҳ мондани ҳамкориҳои донишгоҳ бо Беморхонаи чумхуриявии клиникии  ноҳияи Дангара дар самти амалиётҳои  гуногуни ҷарроҳӣ, ҳамакнун дар бахши бемориҳои кӯдакона низ  аз аввали моҳи июни соли ҷорӣ ҳамкорӣ оғоз шуд. Ба сифати духтури кудакона дар шуъбаи дармонгох, ҳамзамон сардори шуъбаи таълими донишгоҳ – номзади илмҳои тиб, дотсент Қузибоева Наима ба фаъолият, яъне ба кори муолиҷавӣ шуруъ намуд.

     Лозим ба қайд аст, ки Қузибоева Наима факултети педиатрии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо дипломи аъло  соли 1996 хатм намуда, таҳсили баъдидипломии худро дар зинаҳои ординатура ва аспирантураи  кафедраи бемориҳои кӯдаконаи донишгоҳи номбурда  ба анҷом расонидааст. Соли 2002 мавзуи рисолаи илмии худро бо муваффақият ҳимоя намуда, аз соли 2012 то соли 2016 ба ҳайси дотсенти кафедраи бемориҳои кӯдакона фаъолият намудааст. Ихтсосаш духтур – педиатр, дорои тахассуси дараҷаи олӣ.

     Дар давоми ҳамагӣ 2 ҳафтаи фаъолияти тиббиаш номбурда, дар шароити ба тозагӣ таъсис ёфтани ДДТХ, кабули кудакони беморро ба уҳда дошта, муоина, таъиноти табобати накшавӣ ва  расонидани ёрии  аввалини тиббиро ба хубӣ  ичро намудааст. Дар ин давра тибқи муроҷиати ниёзмандон  ба  145 кудак ва наврасони  бемор аз синни 7 рӯза то 16 сола, вобаста ба  31 сохти  бемориҳои кӯдакона,  хизмати баланди касбии тиббӣ расонидааст.

    Тибқи натиҷаи маълумотҳои таҳлилӣ мушоҳида мешавад, ки аз хама зиёд ҳангоми муроҷиат ва муоинаи онҳо кудакони гирифтори беморихои системаи рудаю меъда, беморихои кирми руда, бемориҳои энсефалопатияи перинаталӣ бо фишорбаландии дохилисарӣ ба қайд гирифта шудаанд. Илова бар ин,  дар  50 дар сади  кудакони бемор зиёда аз 2  ва ё 3 беморихои хамрадиф  ба монади, бронхит + энтероколит + рахит  ва ё энсефалопатияи перинаталӣ бо фишорбаландии дохилисарӣ + рахит + бронхит муайян карда шуданд. Аз хисоби кудакони муоинашуда,  дар ин давра 10 нафарашон ба муоинаи такрори мурочиат карда, бо назардошти бехтаршудани вазъи саломатиашон чавоб дода шуданд. 4 нафари беморон барои тасдик кардани ташхис ва гузаронидани ташхиси тафриқавӣ  бо истифода аз усулхои нави ташхиси ба ш. Душанбе равона карда шуданд. 4 нафар дар якҷоягӣ бо ҷарроҳон муоина шуда, барои гузаронидани амлиёти ҷарроҳӣ тавсия дода шуданд. 4 нафари кудаке,  ки бо холати вазнин барои муоина мурчиат карда буданд, ба беморхонаи марказии н. Дангара  барои бистарӣ шудан роххат дода шудаанд. Инчунин ба нафароне,  ки ба гузаронидани усулхои иловагии ташхис ниёз доштанд, ба шуъбаи озмоишгохҳо роҳхат дода шудаанд.

     Бо назардошти корҳои гузаронидашуда дар самти  ташхису муоиличаи кӯдакони бемор  аз ҷониби духтур Қузибоева Наима барои беҳдошти саломатии қудакону наврасон,  махсусан   дар давраи гармои фасли сол тавсияҳои зерин пешниҳод карда мешавад.

 

     Кӯдакону наврасон мунтазам барои муоинаи тиббӣ аз духторони кудакона маслиҳатҳо пурсанд, гузаронидани саривақтии эмгузарониро риоя намоянд, ҳар моҳа инкишофёбӣ ва вазну қади кӯдаконро назорат баранд, қоидаҳои беҳдоти умумии санитарии кӯдак ва модарро ба ҷо оваранд,  тарзи дурусти хӯрокдиҳӣ ва тарзи дурусти нӯшонидани кӯдакони то сини 1 соларо риоя намуда, инчунин дар интихоби пӯшонидани либос, махсусан ба навзодон ба таври ҷиддӣ аҳамият дода шавад. Ҳамзамон таъкид карда мешавад, ки ҳангоми сар задани бемориҳои қайкунӣ, шикамравии дурудароз ва ҳаррорати баланд  ба худтабобаткунӣ машғул нашуда, балки сари вақт ба духтури кудакона муроҷмат намоянд.

    Роҳбарияти донишгоҳ дар доираи ҳамкориҳо бо Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара,  дар ояндаи наздик ният дорад, ки бо истифода аз потенсиали илмию тахассусии худ мактаби дараҷаи олӣ ва бисёрсоҳаеро, аз ҷумла, мактаби педиатрияро бо ташаббуси чунин олимони соҳа бунёд созад ва фардо тавонад, ки  дар тамоми самтҳои хадамоти тиббӣ ёрии тахассусноки сатҳи олиро ба аҳолӣ  пешкаш намояд, илова бар ин корҳои бузурги илмиву тадқиқотиро низ анҷом диҳад.

 

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

 

Санаи 2 - юми моҳи июни соли равон як гурӯҳ кормандони кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо роҳбарии профессори шинохтаи ҷумҳурӣ Сабурова Анна ба ДДТХ ташриф оварданд.  Зимни вохӯрӣ  бо намояндагони раёсати донишгоҳи навтаъсис   меҳмонон доир ба масъалаҳои ҳамкории кафедраҳо изҳори назар намуда, пешниҳод гардид, ки  кафедраи таҷрибадори биохимия дар ҳама маврид омодааст барои  таъсису ташаккули кафедраи биохияи ДДТХ кӯмаки амалии хешро расонад.

            Боиси тазаккур аст, ки аз тарафи меҳмонон 22 номгӯи китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ   ва як миқдор воситаҳои айёнӣ  ба донишгоҳ   тақдим карда шуд.   Дар навбати худ, Раёсати донишгоҳ ин иқдоми кафедраро, ки  барои рушду нумӯи  донишгоҳи навтаъсис дар ин давра  зарур аст, ҳамчун кори хайр қабул намуда, ба меҳмонон  изҳори сипосгузорӣ намуд.  

              Дар ҳақиқат имрӯз барои ташкил намудани фаъолияти муътадил     ва мустаҳкам намудани  заминаи моддӣ – техникӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    ба чунин  дастгириҳо ниёз дорад.

               Роҳбарияти донишгоҳ имрӯзҳо  барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшишҳо ба харҷ дода, боварӣ дорад, ки дар ҳамбастагӣ бо мақомоту идораҳо ва ташкилоту ҷамъиятҳои кӯмакрасон   фаъолияти бемайлону густурдаи донишгоҳро ба роҳ мемонад.  

 

 

 

Шуъбаи таҳлил, назорат

ва робита бо ҷомеа

              

              Ёдовар мешавем, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ДДТХ таъсис ёфт. Лозим ба қайд аст, ки ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти таълимии донишгоҳ, дар марҳилаи аввал, донишгоҳ чун дигар муассисаҳои навтаъсис  ба кӯмаку дасгириҳо ниёз дорад.

              Боиси фараҳмандист, ки имрӯзҳо аз ҷониби  баъзе шахсони хайрхоҳ ба Донишгоҳи навтаъсиси тиббӣ  лавозимоту воситаҳои аёнии таълимӣ ворид гардида истодааст, ки ин боз ҳам барои пешрафту тараққии донишгоҳи номбурда созгор хоҳад буд.

               Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта аз тарафи устодони кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва баъзе шахсони воқеӣ ба донишгоҳ кӯмакҳо ворид гардида буд. Хушбахтона, имрӯзҳо бошад, ин кори хайр идома ёфта истода, ин навбат  санаи   16- уми июни соли равон  намояндагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар ҳайати мушовири ректор - дотсент, Иззатуллоев К., мудири озмоишгоҳи физикаи умумӣ ва  назариявӣ –Ғаниев Ш.,  муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ –Сайдалиев А.   ба ДДТХ ташриф оварданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки  бо ташаббуси  ректори ин донишгоҳ   д.и.ф/м, Абдулло Ҳабибулло  як қатор номгӯи воситаҳои аёнии таълимӣ ба ДДТХ,  аз қабили  таҷҳизоти озмоишӣ барои муҷаҳасозии кафедраи физикаи биологӣ бо асосҳои информатика,    маводу препаратҳои химиявӣ барои кафедраҳои химия ва биология   ҳамчун тӯҳфа пешниҳод гардид.

Раёсати донишгоҳ барои чунин дастгириҳо бевосита ба ректори ДДК, Абдулло Ҳабибулло ва тамоми коллективи ин даргоҳ изҳори сипосмандӣ менамояд.

 

 

 Шуъбаи таҳлил, назорат вар обита ҷомеа

Имрӯз барои ишғоли вазифаҳои холӣ барои омӯзгорон  дар ДДТХ   озмӯн баргузор гардид.

            Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, дар асоси Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2016,  дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон    таъсис ёфта, ки мақсад аз ташкил ёфтани ин муассисаи олӣ қонеъ намудани талаботи кишвар бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат  ба мутахассисони соҳаи тиб мебошад. 

           Лозим ба қайд аст, ки ба озмӯн беш аз 50 нафар устодону омӯзгорони варзида аз муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат  пешниҳод намуданд, ки 11 нафари онҳо дорои дараҷаи илмӣ мебошанд. Ёдовар мешавем, ки барои соли якуми таҳсил дар донишгоҳи тозабунёд 5 кафедра таъсис дода шудааст ва  тибқи нақшаҳо ва сарбории  таълимӣ  аз  35  воҳиди корӣ иборат мебошад

            Зимнан,  Донишгоҳи тиббӣ моҳи майи соли равон дар асоси имтиҳоноти қабул 350 нафар довталабони  лаёқатмандро ба курси аввал қабул намудааст.   

           Раёсати донишгоҳ  барои амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат оид ба омодасозии мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ тамоми  воситаҳоро  ба кор бурда,   барои   беҳтар намудани   шароиту имкониятҳои таълимӣ  ба  таври самарабахш кӯшиш хоҳад намуд.

 

                                                                                   ШТН ва РҶ

Подкатегории