Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   

          Бо максади  тақвият бахшидани фаъолияти китобхона ва  иттилоотнокии  хонандагон санаи 12.12.2016 маъмурияти Китобхонаи ДДТХ маҳфил  дар  мавзӯи  «Фарҳанги иттилоотӣ» доир намуд. Маҳфил  дар  толори   хониши  Китобхона  баргузор  гардид.  Мақсади асосӣ   аз  баргузории  маҳфил  барои ҳарчи  бештар  ҷалб  намудани   хонандагон  ба Толори  хониш, китобхонаи электронӣ,    аз  наздик  шинос  намудани  онҳо бо адабиёти  дар  Китобхона мавҷудбуда, баланд бардоштани савияи  дониши  донишҷӯён  ва таъмин  намудани онҳо  бо китобу  дастурамалҳои таълимӣ  ва илмӣ иборат буд. Маҳфил дар фазои хуб оғоз гадида, дар он донишҷӯёни грӯҳҳои 9-10 педиатрӣ ширкат варзиданд. Дар раванди маҳфил мудири  Китобхона  Саидова М.Р ва сардори бахш  Ҳалимов М оид ба таърихи Китобхона ва  Қоидаҳои истифодабарӣ аз Китобхона суханронӣ намуданд. Сӯҳбат бештар дар мавзӯи  китобҳои  дарсӣ-таълимие, ки ба  наздикӣ ба Донишгоҳ  ворид гаштанд, сурат гирифт. Ҳамзамон, дар рафти маҳфил донишҷӯён аз толори нигоҳдории китобҳо, китобхонаи электронӣ  ва аз толори фонди Китобхона дидан намуданд.   

         Хотирасон менамоем, ки айни замон фонди Китобхонаи ДДТХ  11062 нусха китобро ташкил медиҳад, ки  9004 нусхаи он  китобҳои  дарсӣ-таълимӣ  мебошанд.                                   

         Маъмурияти  Китобхона  тасмим гирифтааст, ки чунин маҳфилҳоро  дар ҳамаи гурӯҳҳо бо  донишҷӯён  доир намояд.

                                                               Маъмурияти Китобхона

 

Раёсат, ҳайати профессорону устодон ва кулли шогирдону кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Амонулло Азизуллоевичи гиромиқадрро ба ифтихори ҷашни 65-солагиашон самимонаву содиқона табрику таҳният гуфта, таманнои тандурустӣ, сарсабзӣ, иқболи баландро доранд.
Шумо Амонулло Азизуллоевич дар тӯли умри пурбаракати хеш монанди офтоб нури гарму мунаввари худро бар сару рӯи фарзандони миллати тоҷик бедареғ нисор кардаву мекунед.
Мо дар таҷлили 65-солагии зодрӯзатон ба Шумо ҳамэҳсосу ҳамдилем. Умед дорем, ки қалби саршори Шумо хурӯшу туғёни тоза гирифта, мардуми тоҷикро боз ҳам шодоби илму маърифат мегардонад.
Бори дигар, Шумо ва аҳли хонадони Шуморо табрику таҳният мегӯем ва бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоем.
Ҷашни 65-солагӣ муборак, устоди азиз!

Бо эҳтироми самимӣ, раёсати ДДТХ

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  бо камоли эҳтиром ва ифтихори бепоён Хушқадамов Зулмакон Қудратбекович – ро ба муносибати ҷашни фархунда – 50 солагии зодрӯзашон самимона  муборакбод   менамоянд. 

Шумо Зулмакон Қудратбековичи азиз тавассути меҳнати шабонарӯзӣ  ва талошҳои пайваста  тавонистед, ҷиҳати расидан ба  ҳадафҳои баланди илми тиб дар назди худ мақсадҳои нек гузоред.  Ва ин заҳматҳо  натиҷа дод, то ин ки дар ин айёми ҷавонӣ ба унвони баланди илмии доктори илми тиб шарафёб гардед.   

Мо бештар аз он ифтихор дорем, ки имрӯзҳо Шумо ба ҳайси    сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ оид ба масълаҳои тибби судӣ ва ҳамзамон дар вазифаи мудири кафедраи  Анатомияи патологӣ ва тибби судии  ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  фаъолият карда, дар тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа  саҳми бузург гузошта, ҳамзамон дар таҳқиқу баррассии  масоили мубрами самти  ихтиссосатон  ҳиссаи сазоворе дар назди Ватани маҳбубамон  гузошта истодаед.                  

Бори дигар Шуморо бо ҷашни зодрӯзатон табрику муборакбод намуда, бароятон бахту иқболи баланд ва рӯзгори ободу осуда таманно менамоем.  

Субҳ бубинам орази бишкуфтаро,

Бишкуфад ҳар орзуи рӯзи ман.

Чун бубинам чеҳраи болидаро,

Бор орад ҷустуҷӯи рӯзи ман.

 

Бо эҳтиром, роҳбарияти ДДТХ

 

 

     Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  бо камоли эҳтиром ва ифтихори бепоён Абдуллоев  Ҷамолиддин  Абдуллоевич – ро ба муносибати ҷашни фархунда – 50 солагии зодрӯзашон самимона муборакбод менамоянд.  Шумо Ҷамолиддин Абдуллоевичи азиз дар ин умри бобаракати худ тавассути меҳнати бурдборона ва талошҳои пайвастаатон тавонистед, ба қуллаҳои баланди илми тибби муосири тоҷик қадамҳои устувор гузоред ва дар баробари фаъолияти пурсамари илмӣ ҳамчун устоди дӯстошта ва варзидаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар тарбияи як зумра мутахассисони ҷавони соҳа саҳмгирӣ намоед.  

      Боиси ифтихор аст, ки Шумо бештари умри азизи худро ба омӯзиш ва ҳаллу фасли мушкилоти яке аз соҳаҳои нозуки илми тиб - бемориҳои ҷарроҳӣ  сарф намудаед ва барои ин заҳматҳои зиёд ва роҳи пурпечутоберо паси сар гузоштед. Мо бештар аз он ифтихор дорем, ки баъди касби илм намудан Шумо тамоми қувваю неруи худро сарфи хизмати содиқона ба халқу Ватан намуда,  имрӯзҳо  ба сифати мудири кафедраи  бемориҳои ҷарроҳии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  фаъолият карда, дар тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа  саҳми бузург гузошта, ҳамзамон дар таҳқиқи бисёр масъалаҳои бемориҳои ҷарроҳиталаб ҳиссаи сазовор гузоштаед.     

     Бори дигар Шуморо бо ҷашни зодрӯзатон табрику муборакбод намуда, бароятон осмони софу  беғубор, тани дурусту хотири ҷамъ, хушбахтию некномиҳои зиёд орзу менамоем.

Бас аз хокистари хомӯш оташҳо фурӯзондӣ,

Шарарҳое басо аз сангҳои сард рӯёндӣ,

Ба қалби сарди бемор  шӯълаҳо  афрӯхтӣ аз меҳр,

Аз ин рӯ ҳамчу машъал дар сари дасти замон мондӣ!

                                                                                                                           

Бо эҳтиром, роҳбарияти ДДТХ

Подкатегории