Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  

 

   Имрӯз дар толорҳои ДДТХ устодону кормандон ва донишҷӯён ба таври мустақим Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаҷамъона тамошо намуданд.

    Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми навбатии солонаи худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар он сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ба таври возеҳу равшан инъикос ёфт.

    Пешвои миллат  дар паёми худ аз ҷумла зикр намуд, ки дар давоми соли сипаригардида Тоҷикистон  яке аз мушкилоти асосӣ – буҳрони молиявию иқтисодиро аз сар гузаронид. Бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрон дар натиҷаи татбиқи нақшаи чорабиниҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати мамлакат соли гузашта ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат зиёд гардидааст. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки амалишавии  барномаҳои қабулгардида имкон дод, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзуда, то 4 баробар зиёд шудааст.  Буҷаи даромади давлатӣ дар 15 соли охир аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ бошад 25 баробар  афзоиш ёфтанд.  Музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзудааст, ки ин имконият додаст  то   ки   сатҳи камбизоатӣ  се баробар паст гардад.

    Ҳамзамон дар Паём таъкид карда шуд, ки таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бояд  тамоми захираву имкониятҳо   барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ  сафарбар намоем.

  Бояд гуфт, ки сарвари давлат доир ба натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ибрози ақида намуда, оиди давра ба давра боз ҳам суръат бахшидани  иқтисодиёти миллӣ  ва дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зинаҳои гуногун вазифадор карда шуданд.

  Дар паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши иҷтимоӣ ва фароҳаам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум ҳадафи афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон эълон карда шуд. Қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба ҳалли проблемаву мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад ва сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ маблағгузориро барои рушди онҳо торафт зиёд мекунад. Ногуфта намонад, ки мақсади асосии Ҳукумати мамлакат дар ин самт аз он иборат аст, ки ҳифзи иҷтимоии мардум ҳарчӣ беҳтар таъмин гардад, соҳаҳои маорифу тандурустӣ рушди бештар пайдо намоянд, шабакаи технологияҳои иттилоотӣ тавсеа ёбад, барои тарбияи кӯдакону наврасони солим, таҳсили ҷавонон ва ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ шароити мусоид муҳайё карда шавад.

    Боиси ифтихор  аст, ки  дар хотимаёбии соли 2016 пешниҳоди Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар бораи эълон гаштани  Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор»  аз ҷониби  Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтааст, ки пеш аз ҳама ин иқдом аз ташабускориҳои Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. 

    Ба таври хулоса, метавон қайд кард, ки  паёми сарвари давлат дар раванди инкишофи минбаъдаи иқтисодиву сиёсӣ ва  иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳиме, ки тамоми соҳаҳои  ҳаёти ҷомеаро дар бар гирифтааст, нақши муҳим гузошта, на танҳо дурнамои рушду инкишофи минбаъдаи давлату ҳукумат, балки самтҳои нави кору фаъолияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриамонро ба таври равшан муайян намудааст. Пас вазифаи имрӯзаи ҳар яки мост, ки нишондодҳои Паёми сарвари давлатро ҳаматарафа омӯхта, барои дар ҳаёт татбиқ гаштани онҳо аз тамоми воситаю имкониятҳои дар ихтиёрамонбуда пурсамар истифода барем.   

 

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

Муҳтарам Убайдулло Қурбон!

          Ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва созмонҳои ҷамъиятии  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  Шуморо ба рӯзи мавлудатон  аз самими дил табрику муборакбод мегӯянд.

           Боварии комил дорем, ки зери роҳбарии Шумо муассисаи олии касбии тиббие, ки имсол дар вилояти Хатлон таъсис ёфтааст дар муддати наздиктарин ба яке аз марказҳои бузурги илмию маърифатӣ табдил ёфта, макони тарбияи мутахассисони ояндаи соҳаи тандурустии кишварамон мегардад.

         Дар ин рӯзи фараҳбахш ба Шумо   хуррамию сарсабзӣ, рӯзгори неку файзбор ва сиҳатмандиву сарбаландиҳои пойдорро таманно менамоем. 

 

 

 Бо эҳтиром,

 Шӯрои олимон ва созмонҳои ҷамъиятии ДДТХ

    ДДТХ дар асоси Шартнома оид ба ҳамкорӣ   байни Донишгоҳ ва Беморхонаи клиникии Ҷумҳуриявии н.Данғара ва Беморхонаи марказии н. Данғара, оид ба якҷоя ташкил намудан, такмил додан ва таъмини ёрии тиббӣ ба аҳолӣ, раванди  расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ, барои ҳамкориҳои судманди  мутақобила ба раёсати БКҶ ва БМ  изҳори миннатдорӣ  баён менамояд.

       Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки бо мақсади  беҳдошти вазъи солимии донишҷӯёни ДДТХ ва кормандон бо кӯмаку дастгириҳои  кормандони БКҶ ва БМ муоинаи тиббии донишҷӯёнро дар ДДТХ  гузаронад. Дар санаи 14.12.2016 дар ДДТХ муоинаи тиббии донишҷӯён оғоз ёфт.

 

Шуъбаи таълим

      Боиси хушҳолӣ ва фараҳмандист, ки  бо кӯмаку дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони хайрхоҳ   рӯз то рӯз Китобхонаи Донишгоҳ ободтару фонди он ғанӣ гашта истодааст. Санаи 14.12.2016  аз ҷониби Дотсенти кафедраи забонҳо, Корманди шоистаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Должикова Валентина Андреевна  18 нусха адабиёти дарсӣ-таълимӣ (забони русӣ Юлдошев У.Р с.2014 )  ба Китобхона туҳфа кард. Муаллима қайд  карданд, ки агар ҳар як омӯзгор  чунин масъулиятро ҳис намуда, саҳми худро дар  пешрафти кори Китобхона гузоранд, фонди Китобхонаи Донишгоҳ ғанӣ мегардад.   

        Маъмурияти Китобхона барои  чунин  кори  хайраш  изҳори сипос намуда, барояш тансиҳатӣ ва дар корҳои эҷодиаш мувафаққиятҳо таманно дорад.

                                                                                       Маъмурияти Китобхона

Подкатегории