Соли нав муборак ҳамватанони азиз!
Маъмурияти Китобхона
Санаи 26 – декабри соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон маҳфили “Олиҳаи тиб” дар мавзуи “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гашт, дар он гулдухтарони факултетҳои педиатрӣ ва тиббӣ аз рӯи шартҳои зерин маҳорату ҳунари худро нишон доданд:
Бо ҳисси ифтихор гуфтан мумкин аст, ки маҳфил хеле шавқовар гузашт ва маълум гашт, ки донишҷӯдухтарони мо натанҳо дар сабақомӯзӣ, балки дар кадбонугӣ ҳам дониши баланд доранд. Дар он тамоми донишҷӯдухтарони донишгоҳ иштирок намуда, барои худ аз ҳунари кадбонуӣ маълумоти фоидабахш гирифтанд. Дар маҳфил устодон Шарипова Ҳ.Я., Мамадавлатова М., Наботова О.З., Набиева А.А. иштирок намуда, ба ҳунари духтарон баҳои баланд доданд.
Раиси Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ
н.и.х.Усмонова У.Х.
Боиси хушбахтист, ки дар арафаи соли нави мелодӣ як гурӯҳ донишҷӯёни донишгоҳи навтаъсиси тиббии Хатлон дар озмуни «Донишҷӯи сол”, ки дар пойтахти вилоят - шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид, ширкат намуданд. Ин нахустин санҷиши донишу маҳорати шогирдони донишгоҳи ба тозагӣ таъсисёфта буд ва албатта, дар қалби иштирокчиёни он (Ҳамроев Муҳаммадзамон – донишҷӯи гурӯҳи 10-уми тиббӣ, Қаюмов Сино – донишҷӯи гурӯҳи 8-уми тиббӣ, Комилова Бибисоро – гурӯҳи 9-уми тиббӣ) ҳаяҷон, шодию сурури ифтихоромез ва дар айни замон бори вазнини масъулият маскан намуда буд. Натиҷаи озмун нишон дод, ки иштирокчиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Рӯзи 27-уми декабри соли 2016 дар шаҳри Қӯрғонтеппа нахустин конференсияи илмии олимон ва муҳаққиқони ҷавони вилояти Хатлон зери унвони «Ҷавонон ва рушди илми муосир», бахшида ба ҷамъбаст гардидани соли 2016, ки бо қарори раиси вилояти Хатлон «Соли рушди нерӯи зеҳнӣ», эълон гардида буд, баргузор гашт. Дар ин конференсия донишҷӯи гурӯҳи 9-уми факултети тиббӣ Ҳамроев М. барои гирифтани ҷойи 1-ум дар озмуни «Донишҷӯи сол” бо диплом ва тӯҳфаи хотиравӣ, Комилова Б. ва Қаюмов С. ва сардори шӯъбаи таълими донишгоҳ Кузибоева Н.К барои иштироки фаъолона бо сипосномаҳо мукофотонида шуданд.
Ин бори дигар далели он аст, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон беҳуда ҷавонон неруи созанда ва ояндаи миллати куҳанбунёди сарзамини тоҷикон шинохта нашудаанд. Пешниҳоди соли ҷавонон эълон гаштани соли 2017 бо хушнудии зиёде аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон пазируфта шуд. Боварӣ дорем, ки соли 2017 низ барои ин донишҷӯёни соҳибзавқу соҳибмаҳорати донишгоҳи тиббии вилоят дастовардҳои нав ба навро меоварад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон имрӯз мотам доранд. Марги нобаҳангом яке аз кормандони аъзои Раёсати донишгоҳ Гулмуродов Муҳамадиро шоми 26 –уми декабри соли 2016 бехабар аз байни мо рабуд.
Гулмуродов Муҳамадӣ 20 – уми декабри соли 1958 дар ноҳияи Бохтар таваллуд ёфтааст.
Соли 1982 мактаби омӯзишии милитсияро хатм намуда, то соли 2015 дар вазифаҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилаи ҷумҳурӣ содиқона, адои вазифа намудааст. Фаъолияти менҳнатии мибаъдаи худро марҳум дар давоми солҳои 2015 то лаҳзаи охирини умраш дар вазифаҳои таъминоти хоҷагидории ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон пайваст намуда буд.
Бо боварӣ ва ифтихори баланд метавон гуфт, ки Гулмуродов М. дар давоми умри пурсамари хеш, рисолати инсонии худро дар назди ёру дӯстон ва аҳли оила бо сарбаландӣ иҷро намуда, бо амалҳои неку хирадпешагӣ манзили охирати хешро пурнур гардонидааст.
Ҷои Муҳамадӣ Гулмуродов дар қалбҳои мо ҳамкасбону дӯстонаш холӣ буда, меҳру муҳаббат ва хотираи неку беғубори ин шахси саропо нексиришт дар ёдҳо ҷовидона боқӣ хоҳад монд, зеро:
Сабти номи хеш андар санги хоро шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад
Руҳат шод ва манзилат обод бод, Муҳамадӣ Гулмуродовичи азиз!
Бо эҳтиром, Раёсат ва ташкилотҳои ҷамъиятии ДДТХ
Маъмурияти китобхона тасмим гирифтааст, ки бо мақсади тарғиби фаъолияти комёбиҳои илми тиб ва амалияи он, такмил додани шакл ва усули кори китобхона ва ахборотию библиографӣ ба донишҷӯён намоиши адабиёти таълимиро бо номи «Ахтарони сайёр» дар сомонаи Донишгоҳ пешниҳод намояд. Ин намоиш ба хонандагон имконият медиҳад, ки бо адабиёти дар китобхона мавҷудбуда боз ҳам аз наздик ошно гарданд. Номгӯи китобҳое, ки дар ин намоиш оварда шудааст, онҳоро метавонед аз китобхонаи Донишгоҳ дастрас намоед. Маъмурияти китобхона кушиш мекунад, ки намоиши «Ахтарони сайёр» -ро тавассути сомона идома дода, номгуйи адабиётро ба дустдорони китоб, нав ба нав пешниҳод гардонад. Кормандони китобхона аз фурсати муносиб истифода бурда, Раёсат, кормандон ва донишҷӯёнро бо фарорасии Соли нави милодӣ муборакбод менамояд.
Руйхати адабиёт таълими
Т.1; Т.2. - 2010. - 832 с. ; 592 с. - ISBN 978-5-9704-1756-0-611.9/С32-ХР
Соли нав муборак ҳамватанони азиз!
Маъмурияти Китобхона