Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

    Рӯзҳои 28-29 –ум  январи соли 2017 дар натиҷаи боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд мушкилот барои гузаштани нақлиёт эҷод гашт. Дар километри 51-52 шоҳроҳи мазкур ҳангоми аз он гузаштани нақлиёт садамае ба амал омад, ки бадбахтона  боиси канда шудани риштаи умри ҷавони – донишҷӯи курси аввали факултети тиббӣ, гурӯҳи 4 Носирова Фариза  (24.01соли 1998 соли таваллудаш) гардид.

Дили ҷавони пурорзӯи ҷавондухтар аз тапидан боз монд, ки бо ҳазор ормону умед, орзӯи табиб шудан ва ба халқу Ватан хизмат намуданро дошт.

Фаризаи ҷавонмарг бо кушишу ғайрати зиёд таҳсил мекард ва дониши хубаш боиси таҳсини устодону раёсати донишгоҳ гашта буд. Албатта, ин фоҷиаи бузург қалби дӯстону ҳамсабақон ва наздиконашро лабрези ғаму андӯҳ намудааст.

Роҳбарияти ДДТХ аз ин фоҷиаи фалокатбор изҳори андӯҳу ҳамдардӣ намуда, ба волидон ва пайвандони Фариза Носирова сабри ҷамил мехоҳад.

Бовари дорем, ки ёди ин ҷавондухтари аз сад гул як гулаш нашкуфта дар дили мо абадӣ хоҳад монд.

Раёсат ва созмонҳои ҷамъиятии ДДТХ

       
     Рӯзҳои 27-28-уми январи соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    Семинар-машварат дар мавзӯи «Технологияи навин – кафили шаффофияти таълим» гузаронида шуд. Семинар-машварат бо иштироки Маркази бақайдгирӣ ва машваратии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав  аз тарафи  сардори Маркази мазкур дотсент Хайров А.Г. ва мутахассиси ҳамин марказ Ҳасанов Ш.Р. гузаронида шуд. Дар семинар-машварат, ки ба масъалаҳои мубрами низоми кредитии таҳсилот бахшида шуд, аз ДДТХ мудирони кафедраҳои анатомияи одам  ва гистология, физикаи тиббӣ ва информатика, кафедраи забонҳо, кафедраи химия ва биологияи тиббӣ, кафедраи ҷомеашиносӣ, намояндагони деканат, шуъбаи таълим, омӯзгорон ширкат намуданд. Дар семинар масъалаҳои зерин мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд:

  1. Мақсади баргузории семинар-машварат, таркиби сохтори МБМ
  2. Меъёри баҳо, назорат ва баҳодиҳӣ, тарзи ҳисоби баҳо, тестҳо ва навъи онҳо
  3. Силабус - талабот ба таркиб ва мазмуни он. Ташкили КМРО ва кори курсӣ Таҳлили «Низомномаи намунавии таҳсилоти кредитӣ»-и Вазорати маориф ва илми ҶТ
  4. Вазифаи эдвайзерон, бақайдгирандагон, мутахассисон, сармутахассисон, маъмурон ва маъмурони калон
  5. Ташкили раванди таълим. Меъёри тақсимоти кредитҳо барои дараҷаи бакалавр, мутахассис, магистр ва доктор Pdh. дар ҷадвали дарсӣ
  6. Тартиби хориҷ, барқароркунӣ ва интиқоли донишҷӯ. Ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва роҳнамои донишҷӯ

Иштирокчиён семинар-машварат ба масъалаҳои гуногуни системаи кредитии таҳсилот таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Умуман, семинар-машварат дар масъалаи баррасии системаи кредитии таҳсилот, масъалаҳои марбути он нақши муассири худро гузошт.

 

Шуъбаи таълим

Рӯзи 24-уми январи соли 2017 ба мақсади боз бештар шиносоӣ пайдо намудан бо қоидаҳои имлои нави забони  тоҷикӣ семинар барои ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид. Дар семинар муовини ректор оид ба таълим достент Ғафуров Б.А., мудирони кафедраҳои анатомия ва гистология, физикаи тиббӣ ва информатика, химия ва биологияи тиббӣ, ҷомеашиносӣ ва забонҳо, омӯзгорони кафедраи мазкур ширкат варзиданд. Оид ба муҳтавои имлои нави забони тоҷикӣ мудири кафедраи забонҳо, доктори илмҳои филологӣ Тағоймуродов Р.Ҳ. баромад намуданд. Қайд карда шуд, ки забони тоҷикӣ, дар баробари дигар забонҳои дунё, забони арҷманде аст, ки аз гузаштаҳои бисёр дур осори навиштории гаронқадре аз он бар ҷой монда, ки дарбардорандаи арзишҳои волои инсонист. Ин забон асрҳои зиёде забони расмиву фарҳангии бахши васее аз ҷаҳон, аз Осиёи Миёна то Осиёи Сағир ва Байнаннаҳрайн ва тамоми шибҳи қораи Ҳиндустон будааст ва на танҳо тоҷикони алоқаманд, балки бисёре аз ғайри форсизабонон  бо шавқу шӯр ин забонро фаро гирифта бад-он шеър суруда ва китоб навиштаанд. Ба дигар сухан, забони ноби тоҷикӣ ҳофизи ваҳдати қавми форситабор ва рамзи ҳувияти миллии мост.

Дар солҳои ахир ду омили дигар ин дигаргуниро шадидтар кард, яке, тарҷума аз забонҳои хориҷӣ дар ҳама бахшҳои иҷтимоъ, дигаре, шитобзадагии хабаргузориҳо, ки хабарҳои ҷаҳонро бидуни таҳаммул, бе назардошти сатҳи маърифати ҷомеа, баррасӣ карда, мекӯшиданд ҳар чи зудтар, дар ихтиёри матбуот ва дигар расонаҳои гурӯҳӣ қарор диҳанд. Дар натиҷаи тадриҷан суръат гирифтани равандҳои демократӣ дар ҷомеа ходимони матбуоту нашриёти ҷумҳрии мо, бо истифода аз озодии мутлақ, даст ба тағйиру табдили имлои ҷорӣ заданд. Мунтаҳо дар имло хараҷу мараҷ ба амал омад. Ин ҳолат зарурати таҷдиди имлои навро пеш овард.

Ба ин мақсад дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ Комиссияи имло таъсис ёфт, ки ба ҳайати он мутахассисону донишмандони пуртаҷриба ва шинохтаи муассисаҳои илмиву фарҳангии ҷумҳурӣ шомил гардиданд. Вазифа аз ин иборат буд, ки лоиҳаи Имлои забони тоҷикӣ дар асоси талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии давлат, махсусан Қонуни забони давлатӣ ва дастовардҳои илми забоншиносӣ таҳия ва ба муҳокима пешиҳод карда шавад. Ниҳоят лоиҳаи имло дар асоси принсипҳои овозшиносӣ, морфологӣ ва таърихӣ таълиф гардида, тавассути рӯзномаву маҷаллаҳои мамлакат пешкаши тамоми мардуми кишвар гардид. Гурӯҳи корӣ лоиҳаро аз аввал то охир ба риштаи таҳрир кашида, Имлои забони тоҷикиро ба Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард. Комиссия баъди баррасӣ онро барои тасвиб ба Ҳукумати ҶТ манзур намуд.

Ба ин мақсад қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октиябри соли 2011, №458 ба тасвиб расид, ки дар  банди 3 ин қарор чунин омадааст:

«Кумитаи забон ва истилоҳоти нази Ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи ҶТ, АИ ҶТ, вазорату идораҳо, ҳамчунин ташкилоту муассисаҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, нашри фарҳанги имло, дастурҳои таълимӣ, асарҳои бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва ҳамчунин асноди меъёриро бо дарназардошти Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба роҳ монад».

Иштирокчиёни семинар бо шавқу ҳаваси зиёде оид ба паҳлӯҳои гуногуни имло саволҳо медоданд ва аз ҷониби маърӯзачӣ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Дар охир қайд карда шуд, ки омӯхтану дар сатҳи зарурӣ азхуд кардани қавонину қавоиди имлои забони модарӣ амали хайру савоб, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, нишонаи мунавварфикрӣ, рамзи арҷгузорӣ ба Модар, Ватан, ниёгон, давлату ҳукумат ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон қаламдод кардан мунсифона ба назар мерасад.

Кафедраи забонҳо

Муассисаи давлатии таълимӣ «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» барои соли хониши 2017- 2018 барои ишголи ҷойҳои холӣ ба вазифаи мудири кафедра, профессор, дотсент, саромӯзгор, омӯзгор, ассистенти кафедраҳои зерин озмун эълон менамояд:

Кафедраи химия ва биологияи тиббӣ

- номзади илм дотсент - 2 воҳиди  корӣ (1 в/к биохимик ва 1в/к вирусолог);

- омӯзгор – 2,5  воҳиди  корӣ (биохимик);      

- ассистент – 1,25  воҳиди корӣ ( микробиолог).

Кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика

- омӯзгор - 1  воҳиди корӣ ( технологияи информатсионӣ) .

Кафедраи забонҳо

- саромӯзгор 0,5 воҳиди корӣ ( забони русӣ) ,

 - омӯзгор 3 в/ к (  англисӣ 1 в/к,  олмонӣ 1 в/к ва лотинӣ 1в/к ).

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

- доктор ё номзади илм, 1 воҳиди корӣ (таърихи халқи тоҷик ё фалсафа);

- саромӯзгор - 1  воҳиди корӣ (этика, эстетика ва ё мантиқ);

- омӯзгор- 2  воҳиди корӣ (сотсиология, 1 в/к ва ҳуқуқ аз рӯи ихтисос).

Кафедраи анатомияи одам ва гистология

 - доктори илм,  1  воҳиди корӣ (физологияи нормалӣ);

- доктор ё номзади илм, 1 воҳиди  корӣ (гистология);

- омӯзгор – 1,5  воҳиди корӣ (физиологияи нормалӣ); 

  - ассистент – 2,75 воҳиди корӣ ( анатомия 1,25 в/к  ва  гистология 0,5 в/к ва физиологияи нормалӣ 1в/к ).

Кафедраи фанҳои клиникӣ

-мудири кафедра - 1 воҳиди корӣ (доктор ё номзади илм);

- доктор ё номзади илм, 1,5 воҳиди корӣ ( валеология 1 в/к,  пешгирии бемориҳои стоматологӣ 0,25 в/к,   таълими асосҳои бемориҳои стоматологӣ 0,25);

- саромӯзгор – 1 в/ к таҷрибаи таълимӣ ;

- ассистент – 1 в/ к ( валеология 0,5 в/к, таърихи тиб 0,5 в/к.,)

- омӯзгор – 3,75 ( курси малакаҳои клиникӣ 1в/к., таҷрибаи таълими 2,75в/к.,

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи ректори донишгоҳ;
  • варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
  • шарҳи ҳол;
  • нусхаи диплом;
  • 4 адад расми 3х4;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупароранда);
  • маълумотномаи тиббӣ №086;
  • нусхаи РМИ (суғуртаи иҷтимоӣ).

 

 

Номзадҳо бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошанд: 

      • маълумоти олии тиббӣ ва тахассусӣ;
      • собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз 3 сол  (барои  
      • дипломи аъло,  ординатори клиникӣ, магистратура бе собиқаи корӣ);
      • донистани асосҳои педагогика ва психология;
      • кор кардан дар компютер ва шабакаи Интернет;
      • донистани ҳатмии забони давлатӣ ва хориҷӣ;
      • кобилияти коммуникативӣ ва ташкилотчигӣ ;
      • имтиёз ба дорандагони дараҷаи илмӣ ва дараҷаи тахассусӣ  дода  
      • мешавад.

 

Барои иштирок дар озмун маълумотнома (CV)-и номзадон аз 12.01.2017 то 30.05.2017 дар суроғаи: ш. Данғара, кӯчаи Исмат Шариф № 3  тел.8331221029,833121023 қабул карда мешавад. Инчунин номзадон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро тариқи почтаи электронии E-mail: info@khatmedun. tj  Web:www. Khatmedun.tj  ирсол намоянд.

Подкатегории