Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 7700 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6160 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷой 40 ҷои шартномавӣ
  • 8690 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

       Санаи 28 -уми апрели соли 2016 тибқи нақша – чорабиниҳои Комиссияи қабули Донишгоҳи далватии тиббии Хатлон, вохӯрии ректори донишгоҳ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон бо довталабон ва волидайни онҳо дар толори мактаби Президентӣ, баргузор гардид.
      Ректори Донишгоҳ, профессор У. Қурбон сараввал дар бораи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, маълумоти муфассал дод. Инчунин қайд гардид, ки зарурияти таъсис ёфтани боз як муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ дар кишвари азизамон бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ва қонеъ намудани талаботи кишвар ба мутахассисони соҳаи тиб мебошад.
       Дар рафти вохӯрӣ ректори донишгоҳ дар хусуси нақшаи қабул, қоидаҳои қабул, тартиби баргузории имтиҳоноти қабул, тартиби имтиёзҳои довталабон ва доир ба ноҳияҳое, ки ба онҳо коофитсентҳои имтиёзӣ муқаррар карда шудааст, маълумот дода шуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки соли ҷорӣ тибқи нақша бояд 350 нафар довталаб ба донишгоҳи тиббӣ қабул карда шавад. Аз ин миқдори тайиншуда, 150 ҷойи буҷавӣ ва 200 ҷой тариқи шартномавӣ пешбинӣ шудааст.
Аз рафти ҳуҷҷатсупории довталабон ба комиссияи қабул маълум гардид, ки аз аввали мавсим то 28 – ум апрели соли равон дар маҷмуъ 1295 нафар ба факултетҳои донишгоҳ ҳуҷҷат супоридааст, ки ин нисбат ба нақшаи қабул тақрибан 4 мартоба зиёд мебошад.
        Зимни суҳбат ректори донишгоҳ иброз намуд, ки роҳбарияти донишгоҳ мақсад ва тасмим гирифтааст, ки тамоми донишу малака ва таҷрибаҳои андӯхтаро баҳри ҷавобгӯйи талабот намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, таъмини пурраи шаффофияти маъракаи қабул ва рушду нумуи минбаъдаи Донишгоҳи далатии тиббии Хатлон равона намоянд.
Дар рафти вохӯрӣ ба довталабон ва волидайни онҳо имконият дода шуд, то ки саволу дархостҳои худро ба ректори донишгоҳ пешниҳод намоянд. Ба дархосту саволҳои иштирокчиён посухҳои муносиб дода шуда, ҳамзамон таъкид гардид, ки довталабони донишгоҳи тиббӣ бояд танҳо ба донишу заковат ва ҳисси баланди масъулиятшиносии хеш такя намуда, дар ин давраи ҳассос аз макру фиреби баъзе қаллобону мардумфиребон канорагирӣ намоянд.
       Дар ҷамъбасти вохӯрӣ бори дигар аз ҷониби ректори донишгоҳ профессор У Қурбон ба ҳамаи онҳое, ки барои имтиҳоноти қабул омодагӣ гирифтаанд барору комёбӣ таманно карда шуд.

 

Ба диққати довталабон расонида мешавад, ки санаи 02.05.2016 имтиҳони тестӣ бо чунин тартиб ба роҳ монда мешавад:


I.Дар навбати аввал имтиҳон аз соати 07:00 барои гуруҳҳои зерин оғоз мегардад:
Факултети тиббӣ аз 1-11
Факултети педиатрӣ аз 1-14
Факултети стоматологӣ аз 1-7

 

II. Дар навбати дуюм имтиҳон аз соати 09:00 барои гуруҳҳои зерин оғоз мегардад:
Факултети тиббӣ аз 12 боло
Факултети педиатрӣ аз 15 боло
Факултети стоматологӣ аз 8 боло

Хотиррасон мекунем, ки дар ДАСТХАТи довталабон рақами гуруҳ ба тариқи зайл дарҷ гардидааст:

 

 

Ба таваҷҷуҳи довталабони ДДТХ расонида мешавад, ки даври якуми имтиҳоноти қабул, ки ба таври тестӣ гузаронида мешавад, соати 07:00 – субҳи 02 – юми майи соли 2016 дар Муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ, воқеъ дар ҷамоати Корези н. Данғара баргузор мегардад.


Хотиррасон карда мешавад, ки довталаб бояд бо худ шиноснома ва дастхат (дастхат ба довталабоне дода шудааст, ки ў ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷат супоридааст) дошта бошад.

 

Sample Blog

 

           Мувофиқи нақша – чорабиниҳои   Комиссияи қабули Донишгоҳи далватии тиббии Хатлон,    вохўрии ректори  донишгоҳ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон   бо  довталабон ва волидайни онҳо     санаи 28 -уми апрели соли 2016, соати 12:00 дар толори Муассисаи таълимии давлатии  мактаби Президентӣ, воқеъ дар ҷамоати Корези ноҳияи Данғара   баргузор мегардад.

         Зимни вохўрӣ иштирокчиён метавонанд доир ба масъалаҳои вобаста ба раванди имтиҳонот ва фаъолияти комиссия қабул  саволҳо пешниҳод намоянд ва ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гиранд.

 

Раёсати ДДТХ

 

 

Subcategories