Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

                              

Объявление

Конкурс для участия в стипендиальной программы ЭРАЗМУС плюс КА1: «Кредитная мобильность» в рамках проекта с Университетом Пизы (Италия)

      В рамках программы Erasmus + KA1: «Кредитная мобильность» и подписанного двустороннего договора между Хатлонским государственным медицинским университетом (Таджикистан) и Университетом Пизы (Италия) объявляется конкурс на получение гранта админ и преподавательского состава для (5 дневного)обучения и обменом опыта.

   Основными требованиями для участников гранта являются высокая успеваемость и знание иностранных языков (английского или итальянского)(Уровень B2).
    Заявление кандидатов на участие принимаются до 10 мая 2019 года Центром Управления Проектов Эрасмус+.
    Более подробную информацию можно получить по тел. +992934088868 у Координатора проекта Эразмус плюс КА1: «Кредитная мобильность»

 (e-mail:mamadalieva.s.khatmedun@mail.ru).

Центр Управления Проектами Эрасмус+ ХГМУ      Мамадалиева С.А

    Аҳли донишҷӯён ва ҳайъати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон имсол чун анъана Наврӯзи Аҷам - соли нави миллии тоҷиконро, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифтааст, санаи 18 март бо омодагии ҳамаҷониба ва бо ба ҷо овардани ҳамаи суннатҳои некаш пуршукӯҳ пешвоз гирифтанд. 

    Чӣ хеле ки маълум аст, аз қадимулайём мардуми ориёитабор Наврӯзро дар канори рӯду чашмасорон, талу теппаҳои сарсабз ва шамоли форам истиқбол мегирифтанд. Аҳли устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҳамчун давомдиҳандагони анъанаҳои миллӣ Наврӯзро дар майдони сабзу хуррами донишгоҳ ҷашн гирифтанд.

 

     Барномаи идонаро ректори ДДТХ, узви вобастаи АИТ ВТ ва ҲИА ҶТ, доктори илмҳои тиб, профессор муҳтарам Убайдулло Қурбон бо суханони табрикотӣ ифтитоҳ бахшида, моҳияти Наврӯз, суннатҳои Наврӯзӣ ва шукӯҳу таҷаллии тоза пайдо кардани Наврӯзро дар давраи истиқлолияти давлатӣ қайд намуданд.

    Сипас, ғолибони озмунҳои донишгоҳии “Маликаи Наврӯз - 2019” -  донишҷӯи гурӯҳи 204, факултети тиббӣ Давлатова Нилуфар, “Омӯзгори сол -2019” - дотсенти кафедраи забонҳо Должикова Валентина Андреевна ва “Мураббии сол - 2019” - ассистенти кафедраи муолиҷавӣ, куратори гурӯҳи 305, факултети тиббӣ Омонов Эсанбой Омонович аз ҷониби ректори донишгоҳ бо ифтихорномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва тӯҳфаҳои арзанда сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, устодон ва донишҷӯёне, ки дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай - 18.03.2019 зодрӯз доштанд, табрик карда шуданд.

      

    Аз ҷониби донишҷӯён сурудҳои Наврӯзӣ, рақсҳои ҷолиб, саҳначаҳои ҳаҷвӣ, саҳнаҳои варзишӣ намоиш дода шуда, қалби ҳамагон шод ва вуҷудашон бо руҳияи идона саршор гардонида шуд.

Дар охир барномаи идонаро ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон ҷамъбаст намуда, бори дигар аҳли донишҷӯёну устодони донишгоҳро бо Наврӯзи омадаистода табрик намуданд.

Муовинати тарбия ва фарҳанги ДДТХ    

    Санаҳои 11-16 марти соли 2019 дар Донишгоҳ давраи кӯтоҳмуддати такмили ихтисос «Ҳолатҳои таъҷилӣ дар амалияи кӯмаки аввалияи тиббӣ» барои кормандони дорои маълумоти олии тиббӣ гузаронида шуд, ки дар он 17 нафар табибони Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии н.Данғара, Беморхонаи марказии н.Данғара ва КАТС-и н.Данғара иштирок доштанд. Ба ҳайати шунавандагон мудирони шуъбаҳои қабул, ҷарроҳӣ, бемориҳои даруна, табибони ҷарроҳ, уролог, осебшинос, офталмолог, тибби оилавӣ, кардиолог, бемориҳои дарунӣ ва кӯдакона шомил буданд.    

   

    Давраи кӯтоҳмуддати такмили ихтисосро олимон донишгоҳ дотсентон Гулов А.А., Пиров Б.С., Қузибоева Н.Қ., Ҳоҷиев М.А. ва омӯзгорони пуртаҷриба Одинаев Б.С., Сатторов  М.А. дар сатҳи баланди назариявӣ ва амалӣ гузарониданд.

    Дар рафти машғулиятҳо толорҳои лексионии донишгоҳ ва БҶК н.Данғара, шуъбаҳои клиникии БҶК  ва БМ ноҳияи Данғара, ки бо воситаҳои техникӣ ва таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳазанд, ҳамчун пойгоҳҳои таълимӣ истифода бурда шуданд.

    Давраи такмили ихтисос бо санҷиши тестӣ ва анкетаронии шунавандагон ҷамъбаст гардида, ба онҳо сертификатҳо супорида шуданд.

    Аввалин давраи кӯтоҳмуддати такмили ихтисос дар донишгоҳ нишон дод, ки заминаи кофии кадрию пойгоҳӣ барои минбаъд аз рӯи дигар ихтисосҳо гузаронидани чунин давраҳои таълимӣ мавҷуд мебошад.

Муовинати илм ва нашрия

   Аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои иштирок дар  Конфронси XIV-ми илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки 19 апрели соли 2019 баргузор мегардад, 42 фишурда пешниҳод карда шуд. Фишурдаҳоро 15 нафар омӯзгорони ҷавон ва 73- донишҷӯён, таҳти роҳбари 13 нафар олимон ва устодони донишгоҳ омода карданд. Аз ҷумла,  11 фишурда аз тарафи кафедраи морфология ва физиология одам, 9- фанҳои ҷарроҳӣ, 7- ҷомеашиносӣ, 5-фармакология ва микробиология, 3- фанҳои муолиҷавӣ, 3-физика, 2-химия ва биология, 2 фишурда аз кафедраи забонҳо пешниҳод карда шуданд.

   Дар 16 фишурдаҳои пешниҳодшуда масъалаҳои тибби амалӣ, 12 - масъалаҳои тибби назариявӣ, 3 - таърихи тиб, 7 - ҷомеашиносӣ, 2 - масъалаҳои химия ва биологияи тиббӣ ва 2 - забоншиносӣ ва ислоҳоти тиббӣ мавриди тадқиқ ва баррасӣ қарор дода шудаанд. 

Муовинати илм ва нашрия

Подкатегории