Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

      Якуми апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ибтикори кафедраи ҷомеашиносӣ ва маъмурияти китобхона бахшида ба мавлуди шоири бузурги форсу тоҷик Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ маҳфили «Ҳофизхонӣ» дар толори китобхона баргузор гардид. Маҳфилро номзади илмҳои химия, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Умеда Хуршедовна ифтитоҳ намуд. Номбурда таъкид кард, ки ташкили чунин маҳфилҳои дилнишин ва маърифатӣ дар тарбияи ахлоқии донишҷӯён низ ниҳоят таъсиргузор аст.

       Дар маҳфили «Ҳофизхонӣ» мудири шуъбаи таълим С. Қурбонмамадов, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Гулов А.А., мудири кафедраи фармакология ва микробиология Исоева Н., декани факултет Боронов Ҳ.А., муовинони декан Омонов Э., Камолов А.С. ва Асоев, омӯзгорон аз кафедраҳои гуногун ва донишҷӯён иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар ташкил намудани чорабинии мазкур саҳми номзади илми фалсафа, омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ ва ҳамзамон мудири китобхона Саидова М. хеле назаррас аст.

   

  Омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ Ошурмаҳмади С. дар мавзӯи «Риндӣ ва озодандешӣ дар ашъори Хоҷа Ҳофиз» ва омӯзгори кафедраи мазкур Илёсов И. оид ба мавзӯи «Тасвири дӯстӣ дар эҷодиёти шоир» баромади пурмуҳтаво намуданд.
    Донишҷӯи курси 3-юми факултаи педиатрӣ Раҷабов Н. пас аз хондани маърӯза диққати иштирокчиёнро бо қироати шеър ба худ ҷалб кард. Донишҷӯдухтарони донишгоҳи мазкур ғазалҳои беҳтаринро аз ашъори Хоҷа Ҳофизи Шероз барои ҳозирин қироат намуданд. Дар маҳфил оид ба тарҷумаи ҳол ва ашъори шоир дар байни донишҷӯён саволу ҷавоб баргузор гардид.
   Илова бар ин, донишҷӯён саҳначаеро ба намоиш гузоштанд, ки сирф ҷанбаи тарбиявӣ дошт. Дар маҳфил мудири шуъбаи таълим н.и.ф. Қурбонмамадов С. суханронӣ намуда, барои баргузории чорабинии мазкур баҳои баланд дод. Номбурда қайд кард, ки ғазалҳои Хоҷа Ҳофизро бояд на танҳо аз ёд кард ва қироат намуд, балки дуруст тафсир намудан лозим аст.
Дар поёни барнома донишҷӯи курси сеюм Раҷабов Н дили ҳозиринро бо суруди дилнишинаш шод намуд.
    Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Умеда Хуршедовна маҳфилро ҷамъбаст намуда, барои иштирокчиён дар ташкили чунин чорабинии муҳими илмию фарҳангӣ ва тарбиявӣ изҳори сипос намуд.

Кафедра ҷомеашиносӣ ва маъмурияти китобхона

          Санаи 30 – юми марти соли равон ҷаласаи 7- уми Шӯрои олимони ДДТХ баргузор гардид, ки дар он 30 нафар аъзои Шӯро ба пуррагӣ иштирок доштанд. Дар ҷаласа мутобиқи рӯзнома, масълаҳо доир ба натиҷаҳои сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2018 -2019, маълумот дар бораи фаъолияти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва кафедраи фармакология ва микробиология дар соли таҳсили 2017 -2018 ва инчунин ахбор оид ба фаъолияти Комиссияи донишгоҳии муқовимат бар зидди коррупсия баррасӣ ва муҳокима гардиданд. 

    Зимни баррасии масъалаҳо маълум мегардад, ки натиҷаи имтиҳонсупории донишҷӯёни донишгоҳ боз ҳам хубтар гардидааст. Аз ҷумла, нишондиҳандаҳои сифати таълим назар ба соли гузашта зиёда аз 6 дар сад зиёд шуда, дараҷаи дарсазхудкунӣ бошад то 5 дар сад низ афзудааст. Аз рӯи натиҷаи корҳои таълимӣ ва тарбиявию илмии кафедраҳои зикршуда низ маълум мегардад, ки дар давоми соли таҳсили 2017 -2018 корҳои зиёди назаррас ба анҷом расонида шудааст.         Инчунин, интихоб ба тариқи озмун доир ба ишғоли вазифаҳои ҳайати профессорону омӯзгорон баргузор гардид. Тариқи овоздиҳии пӯшида 7 нафар аз омӯзгорони донишгоҳ ба вазифаҳои омӯзгор ва муаллими калони кафедраҳои донишгоҳ интихоб шуданд. 

      Дар ҷамъбасти ҷаласа ба муовинати таълим, ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани корҳо ва фаъолияти босамари минбаъдаи кафедраи ҷомеашиносӣ ва кафедраи фармакология, дастуру тавсияҳои лозимӣ дода шуд. 

 Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

   

    Санаи 28 марти соли 2019 дар Донишгоҳ ҷаласаи Комиссияи озмунӣ барои ишғоли вазифаҳои ҳайати профессорону омӯзгорон баргузор гардид, ки дар кори он ҳамаи аъзои Комиссия иштирок карданд.

     Барои ишғоли вазифаҳои омӯзгори калон  ва омӯзгор дар кафедраҳои бемориҳои ҷарроҳӣ, химия ва биологияи тиббӣ, физикаи тиббӣ ва информатика, забонҳо ва фанҳои ҷомеашиносӣ довталабон ариза пешниҳод намуданд.

    Довталабон аз фанни забони русӣ диктант супориданд, ки натиҷаи он дар рафти  озмун эълон карда шуд. Аз тарафи Комиссия барои дар Шӯрои олимон ба бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ доир ба интихоби озмунӣ ворид кардани номзадии 7 нафар довталабон қарори мусбӣ ва  2 нафар қарори манфӣ қабул карда шуд.

Муовинати илм ва нашрия

     Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои маҳфили  “Педиатрони ҷавон”- и дар кафедраи  фанҳои муолиҷавӣ   тасдиқ шудааст, санаи 12 марти соли 2019 дар  аз тарафи кафедра маҳфили “Педиатрони ҷавон” дар мавзӯи “ Пневмония дар кӯдакони хурдсол  -  этиология, патогенез, пешгирӣ ва табобати он ”  баргузор гардид.  Дар он донишҷӯёни аъзои маҳфил ва устодони кафедра  фаъолона  ширкат  варзиданд.

    Дар маҳфил донишҷӯи гуруҳи 306-и факултети педиатрӣ  Раҷабов Наимҷон ва Фарзонаи Убайдуллозода  бо маърӯзаи “ Пневмония дар кӯдакони хурдсол - этиология, патогенез, пешгирӣ ва табобати он ” баромад намуда  қайд  намуд, ки пневмония яке аз бемориҳои паҳншудатарин дар байни кӯдакони хурдсол мебошад. Сабаби асосии пайдоиши ин беморӣ оризаҳои гузаронидани бемориҳои вирусии  респираторӣ мебошад. Сабаби дигари ин беморӣ ин сустшавии системаи иммунии кӯдакони хурдсол мебошад.

   Раванди пайдошавии ин беморӣ,  ҳамчунин, бо этиологияи вирусӣ (стафилококк, стрептококк)  вобастагӣ дорад.  Ин микроорганизмҳо дар ҳолати ба организми кӯдак афтодан ба тақсимшавӣ шурӯъ намуда, ба вайроншавии сохтори шуш, бахусус алвеолаҳо оварда мерасонанд. Аломатҳои ин беморӣ :  сулфа, дар аввал сулфаи хушк баъд аз он сулфаи намнок, сустшавии нафаскашии везикулярӣ, пайдошавии садоҳои иловагӣ (крепитатсия, хиррос) дар шушҳо ҳангоми муоинаи узв. 

   Ҳамчунин Фарзонаи У.  илова  намуд, ки ин беморӣ табиати мавсимӣ дошта,  метавонад  дар натиҷаи хунукхурии аз ҳад зиёди кӯдакон пайдо шавад.

   Ин беморӣ хатарнок буда, оризаҳои бозгаштнопазир дорад, зеро дар ҳолати сари вақт муайян ва табобат накардани он метавонад ба фавти кӯдакони хурдсол оварда расонад. Табобати ин беморӣ комплексӣ буда,  дар натиҷаи якчанд маротиба гирифтани табобат бемор шифо меёбад. Дар ҳолати табобати нопурра, беморӣ метавонад аз нав хурӯҷ кунад. Барои табобати ин беморӣ аз антибиотикҳо, доруҳои зиддиилтиҳобӣ, витаминҳо истифода карда мешавад.

   Роҳбарии маҳфилро мудири кафедра н.и.т., дотсент Кузибаева Н.К ба ӯҳда дошт. Дар рафти маҳфил роҳбари илмии маҳфили донишҷӯён  Кузибаева Н.К. бо нишон додани муоинаи кӯдакони хурдсоли гирифтори  пневмония,  ба маҳфил ҳусни анҷом бахшиданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин нишон додани муоина ба донишҷӯён барои аз худ кардани маълумот ёрии зиёд мерасонад.

    Боиси қайд аст, ки ин донишҷӯён бо истифода аз видеороликҳо ва маводҳои пешкашнамудаашон ба маҳфил ҳусни тозае бахшиданд.

Мудири кафедраи фанҳои муолиҷавӣ

                                                           н.и.т., дотсент Кузибаева Н.К.

Подкатегории