Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

     Санаи 17.11.2018с. аъзои Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ дар гирди мизи мудаввар ҷамъ омада, оид ба мавзӯи “Пешвои миллат-ифтихори модарон” сӯҳбат оростанд.

     Сараввал раиси Шӯрои занон ба иштирокчиён оид ба ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарон бо маъруза баромад намуданд.  

     Воқеан, Пешвои муаззами миллат нисбат занону духтарон ғамхориҳои рӯзафзун зоҳир намуда, баҳри боло бурдани мақому манзалати занҳо дар ҷомеа тадбирҳои муассир андешидаанд, ки натиҷаҳои назаррасро доранд.    

     Баъд аз шунидани маъруза, дар баррасии он донишҷӯдухтарон Гулова Таманно, Ҳусейнова Шоҳсанам, Лайлои Неъматулло, Пулатова Фараҳноз фаъолона иштирок намуданд. Сӯҳбат хеле, гарму ҷӯшон, гуворо ва манфиатбахш гузашт.

Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ

 

  

 

                                             Тоҷикистонам чароғон мешавад,

                                    Манбаи нури фаровон мешавад.

                              Аз фурӯғи дидаи Роғуни мо,

                                        Ҳафт кишвар ахтаристон мешавад.

      Аҷдодони мо аз қадимулайём ҳамчун миллати созанда, ҳунарманд ва меҳнатдӯст машҳури олам гашта, ба насли имрӯзаи хеш ин сифатҳои бузурги инсониро мерос гузоштаанд. Бо бунёди НОБ-и Роғун, ки мақсаду мароми ҳар як тоҷики ватандуст аст, мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ наздик мешавем ва дар навбати худ ояндаи насли навро дурахшон месозем.

     Ба кор шурӯъ кардани агрегати якуми НОБ-и Роғун барои ҳар як хонадони тоҷик, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон хурсандии беҳадду канор овард. Дар ин рӯз ҳамаи донишҷӯён ва устодони донишгоҳ тавасссути оинаи нилгун пахши мустақими кушодашавии агрегати аввалини ин манбаи нурро бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамошо карда, бо ифтихор якдигарро табрик намуданд.      

 

Муовинати тарбия ва фарҳанги ДДТХ

 

 

 

                          Эй роҳбари халқу ватан, эй Рустами майдони мо,

              Эмомалӣ Раҳмони мо, эй сояи Яздони мо.

                         Шукрона доремаш ҳама аз ҳиммату бахшандагӣ,

                 Вирди забони халқи мо ободиву созандагӣ.

     Санаи 16.11.2018с. дар толори бошукӯҳи фарҳангии ДДТХ ба ифтихори “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Президент – раҳнамои мо ҷавонон” баргузор гардид, ки дар он тамоми устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо суруру шодмонӣ ширкат варзиданд.

    Ин маҳфили бошукӯҳро бо суханони ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба таълим н.и.с., дотсент Аҳмадов Ш.Р. оғоз намуда, аҳли нишастро бо ин ҷашни фархундаи миллӣ табрик намуданд.

     Баъдан, маърӯзаи мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ дотсент Гулов А.А. дар мавзӯи “Президент-кафили сулҳу осоиштагӣ” шунида шуд.

     Китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби донишҷӯён-волонтёрони китобхонаи донишгоҳ ба намоиш гузошта шуданд.

    Суханрониҳо, қироати шеърҳо ва сурудҳо бо забонҳои гуногун аз ҷониби донишҷӯён дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба чорабинӣ ҳусни дучанд бахшиданд.

Муовинати тарбия ва фарҳанги ДДТХ

 

Бо мақсади мустаҳкам намудани донишу малакаи табибони оянда нахуст мебояд фонди китобҳои таълимӣ ва илмӣ ғанӣ бошанд. Аз ин рӯ, роҳбарияти донишгоҳ ва маъмурияти Китобхона кӯшиш намудаанд, ки тамоми китобҳои таълимиро дастраси ҳар як донишҷӯй намоянд.

Дар арафаи таҷлили “Рӯзи Президент” аз ҷониби мудири кафедраи ҷарроҳии асаби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, д.и.т. Бердиев Р.Н. китобҳои “Курси лексияҳо аз ҷарроҳии асаб” бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ туҳфа гардид, ки роҳбарияти донишгоҳ ва маъмурияти китобхона ба ин кори неки ӯ миннатдории самимии худро баён менамоянд.

Маъмурияти Китобхона

Подкатегории