Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   Тибқи низомномаи “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш” - и минтақаи Кӯлоб оид ба баргузории марҳилаи дуюми мусобиқаҳои варзишӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоикистон аз санаи 1.04. то 6.04.2019. дар Донишгоҳи давлатии Данғара мусобиқа аз рӯи намуди “Волейбол” баргузор гардид.
   Дар ин мусобиқа дастаҳои писарона ва духтаронаи 4 донишгоҳ - ДДТХ, ДДК, ДДД ва ДДТК иштирок намуданд. Мусобиқа дар фазои дӯстиву рафоқат ва якдигарфаҳмӣ сурат гирифта, ҳар як даста бо маҳорати баланди варзишии хеш таваҷҷуҳи тамошобинонро ба худ ҷалб менамуданд.
Аз ҷумла, вохӯрии дастаҳои духтаронаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон хеле шавқовар буд.
Бояд қайд намуд, ки мавқеи зан дар ҷомеа мақоми хосеро ишғол менамояд. Зеро солимии онҳо ва тарғибу ташвиқи бонувон ба варзиш дар мадди аввали Ҳукумати ҶТ қарор дода шудааст.
   Дар ДДТХ бо дарназардошти омода намудани ихтисосмандон дар соҳаи тиб ба саломатии донишҷӯён низ аҳамияти махсус дода мешавад. Маҳфили варзишии волейбол ва дастаи духтаронаи волейболбозони ДДТХ соли сеюм аст, ки таъсис ёфта ва роҳбарии онро Қурбоналиев Ҷӯрабек ба ӯҳда дорад. Реҷаи машғулиятҳо ҳафтае ду маротиба роҳандозӣ шудааст.
   Ин аст, ки дастаи волейболбоздухтарони ДДТХ бар муқобили дастаи пурзӯри ДДК, ки бештари онҳо дар ихтисос ва факултаи тарбияи ҷисмонӣ таҳсил менамоянд, истодагарӣ намуда, аз худ маҳорати баланд нишон доданд.
  Спартакиадаи варзишӣ боиси шиносоӣ ва дустиву рафоқати байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии минтақаи Кӯлоб гардида ва ин дустиву рафоқат дар оянда низ бо баргузории чорабиниҳои илмию фаннӣ ва маърифатию фарҳангӣ густариш хоҳад ёфт.

Кафедраи физика ва информатикаи тиббӣ        

 

    Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо камоли  эҳтиром ва ифтихори бепоён Зикриёхоҷаев Дилшодро ба муносибати ҷашни фархунда ва камолоти 70 -  солагии зодрӯзашон самимона муборакбод менамоянд.
    Лозим ба қайд аст, ки устод Дилшод Зукирович бештари умри худро ба омӯзиш ва ҳаллу фасли  мушкилоти яке аз соҳаҳои нозуки илми тиб - саратоншиносӣ сарф намуда, барои ин заҳматҳои зиёд ва  роҳи дарози пурпечутоберо паси сар намудааст. Барои нозукиҳои ин соҳаи дардноки ҷомеаро аз худ  намудан, бо бузургтарин марказҳои саратоншиносии ҷаҳон ҳамкорӣ намуда, дар мавзӯҳои «Саратони  шуш, бо зухуроти аввалини метастаз» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Нефрабластома ва  нейробластома дар кудакон,Тадқиқоти клиникӣ -иммунологӣ» рисолаи докториро бо муваффақият  дифоъ намуда, соли 1987 ба дараҷаи баланди илмии доктори илми тиб ва соли 1989 бошад ба унвони  профессор шарафёб гаштааст.
    Дар баробари касби илм намудан устод тамоми қувваю неруи худро сарфи хизмати содиқона ба халқу Ватан намуда, тӯли солҳои зиёд ба ҳайси ташкилотчии шуъбаҳои ҷарроҳии онкологӣ, декани факултети муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳамзамон Узви пайвастаи Ассотсиатсияи саратоншиносонӣ дар самти кӯдакон, раиси Шӯрои диссертасионӣ аз рӯи самти саратаншиносӣ ва акушерию гинекологии КОА Федератсияи Россия пурсамар фаъолият намудааст.
    Бояд ёдовар шуд, ки аз рӯи натиҷаҳои корҳои илмӣ аз ҷониби Дилшод Зукирович 10 монография, 6 дастурҳои методӣ, 400 таълифоти илмӣ ва 34 пешниҳодоти ратсионализаторӣ кашф шуда, инчунин 23 нафар номзадони илм ва 9 нафар докторони илмро тарбия намудааст. Барои заҳмату талошҳои содиқона ба унвони баланди «Корманди шоистаи илму техника» -и Ҷумҳурии Тоҷикистон мушараф гаштаанд.
   Бори дигар Устоди азиз Зикриёхоҷаев Дилшод Зукировичро бо ҷашни зодрӯзашон табрику муборакбод намуда, барояш осмони софу беғубор, тани дурусту хотири ҷамъ, хушбахтию некномиҳои зиёд орзу менамоем.

Бо эҳтиром,
Раёсати ДДТХ

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ва боздид аз биноҳои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон қайд намуданд, ки яке аз воситаҳои муассири тарбияи маънавию меҳнатии ҷавонон ба мисли даврони шӯравӣ ташкил намудани дастаҳои донишҷӯёни бинокор мебошад. Аз ин сабаб хуб мешуд, ки худи донишҷӯён дар корҳои сохтмонии биноҳои бунёдшавандаи донишгоҳ саҳми худро гузоранд. Ба ин мақсад аз тарафи Шуъбаи кор бо ҷавонони  донишгоҳ  як теъдоди донишҷӯён номнавис карда шуда, имрӯзҳо дар баробари таълиму тарбия ба корҳои сохтмонӣ низ машғул мебошанд.

       Рӯзи 8-уми апрели соли 2019 донишҷӯёни соли дуюми факултети педиатрӣ гурӯҳи 206 бо роҳнамоии раиси КИКД -Камолов Д. дар вақти фориғ аз таълим  дар бинои асосии донишгоҳ ба корҳои ободкуниву тозакунӣ машғул шуданд. Аз ғайрату шавқу ҳаваси донишҷӯён маълум буд, ки онҳо аз ин кори худ ифтихор доранд, чунки дар қомат афрохтани бинои муҳташами донишгоҳ саҳми кучаки худро расонида метавонанд. Аз ин сабаб бо ғайрату илҳоми барои ҷавонон хос хишт мекашонданд, партову маслоеҳи нолозими сохтмониро ба поён мекашонданд. Бори дигар боварӣ ҳосил кардан мумкин буд, ки ин саҳми пешгирифтаи роҳбари гурӯҳ дар тарбияи меҳнатдӯстиву ватанпарварии донишҷӯён чи нақши муассире  дорад.  Боварӣ дорем, ки донишҷӯёни гурӯҳҳои дигар низ ин ташаббуси наҷибонаро дастгирӣ хоҳанд кард ва он рӯз дур нест, ки бинои муҳташами донишгоҳ дари худро ба рӯи омӯзгорону донишҷӯён боз хоҳад кард.

Кумитаи итифоқи касабаи донишҷӯён ва кормандон

     Рӯзи 8-уми апрел соли 2019 тибқи  нақшаи шуъбаи таълими ДДТХ  дарси кушоди дотсенти кафедраи забонҳо Должикова В.А. аз фанни забони русӣ дар гурӯҳи 107-уми факултети педиатрӣ,курси 1 баргузор гардид. Қайд кардан лозим аст, ки Дар дарси кушод сардори шуъбаи таълим,    сармутахасис оид ба назорати сифати таълим, мудири кафедраи ҷомеашиносонӣ, омӯзгорони кафедраҳои морфология ва физиологияи одам, химия ва биологияи тиббӣ  иштирок доштанд. Дар қисмати муқаддимавии дарс Должикова В.А. ҳангоми пурсиши вазифаи хонагӣ аз рӯйи матни «Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ» ба донишҷӯён саволҳо медод ва онҳо барои буррову бехато ва бо риояи меърёҳои сарфу наҳви забони русӣ посух додан кӯшиш мекарданд. Ба мақсади таҳкими  захираи луғавии худ зарбулмасалу мақолҳои гуногунро  ба забони русӣ гуфта маъноҳои онро шарҳ медоданд Должикова В.А. ҳамзамон қайд намуданд, ки забони русӣ ба гурӯҳи забонҳои флективӣ шомил аст ва донистани қоидаҳои сарфу наҳви он ба донишҷӯён барои хубтар аз худ намудани ин забон кӯмак хоҳанд расонид.  

       Дар ҷамъбасти дарс муовини декани факултутҳо Омонов Э.А, сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П. баромад карда, бори дигар зарурияти омӯзиши забони русиро таъкид намуда, ба Должикова В.А., донишҷӯён ва омӯзгорони иштирокчии ин дарси кушод маннатдории хешро иброз намуданд.

Шуъбаи таълим
Кафедраи забонҳо

Подкатегории