Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон
  1. КАФЕДРАИ ЗАБОНҲО

- мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

- номзади илм, дотсент – 1,0  воҳиди корӣ;

- саромӯзгор – 1,0  воҳиди корӣ (забони англисӣ);

- омӯзгор – 2,0  воҳиди корӣ (забони англисӣ ва лотинӣ).

  1. КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ

- мудири кафедра, номзади илм- 1,0 воҳиди корӣ;

- доктори илм – 1,0  воҳиди корӣ;

- номзади илм – 1,0  воҳиди корӣ;

- саромӯзгор – 2,0  воҳиди корӣ;

- омӯзгор- 2,0  воҳиди корӣ.

  1. КАФЕДРАИ ХИМИЯ ВА БИОЛОГИЯ

 - мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

 -доктори илмҳо (химия, биология, тиб) – 1 воҳиди корӣ;

 - номзади илм, дотсент – 1 воҳиди  корӣ;

 - саромӯзгор – 1  воҳиди корӣ;

 - омӯзгор – 2,0  воҳиди  корӣ.

  1. КРАИ ФИЗИКАИ ТИББӢ ВА ИНФОРМАТИКААФЕД

- мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

- номзади илм, дотсент – 1,0  воҳиди корӣ;

- номзади илм, саромӯзгор – 1,0  воҳиди корӣ;

- саромӯзгор – 1,0  воҳиди корӣ;

- омӯзгор – 1,0  воҳиди корӣ.

  1. КАФЕДРАИ АНАТОМИЯИ НОРМАЛӢ

- мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

- доктори илм – 1,0 воҳиди  корӣ; 

- номзади илм саромӯзгор – 1,0 воҳиди корӣ;

- саромӯзгор – 1,0 воҳиди корӣ;

 ассистент – 4,0 воҳиди корӣ.

  1. КАФЕДРАИ АНАТОМИЯ ПАТОЛОГӢ, ГИСТОЛОГИЯ ВА ТИББИ СУДӢ

- мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

- номзади илм, дотсент – 1,0 воҳиди  корӣ; 

- номзади илм саромӯзгор – 1,0 воҳиди корӣ;

- саромӯзгор – 2,0 воҳиди корӣ;

 ассистент – 2,0 воҳиди корӣ.

  1. КАФЕДРАИ ФАРМАКОЛОГИЯ

- мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

- номзади илм, дотсент – 2,0 воҳиди  корӣ; 

- саромӯзгор – 2,0 воҳиди корӣ;

 ассистент – 3,5 воҳиди корӣ.

  1. КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ НОРМАЛӢ ВА ФИЗИОЛОГИЯИ ПАТОЛОГӢ

- мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

- доктори илм – 1,0 воҳиди корӣ;

- номзади илм, дотсент – 1,0 воҳиди  корӣ; 

- саромӯзгор – 2,0 воҳиди корӣ;

- ассистент – 4,5 воҳиди корӣ.

  1. КАСТОМАТОЛОГӢФЕДРАИ БЕМОРИҲОИ 

- мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

- номзади илм, дотсент – 1,0 воҳиди  корӣ; 

- саромӯзгор – 1,0 воҳиди корӣ;

- ассистент – 3,5 воҳиди корӣ.

  1. КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ҶАРРОҲӢ

- мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

- доктори илм – 1,0 воҳиди корӣ;

- номзади илм, дотсент – 1,0 воҳиди  корӣ; 

- номзади илм, саромӯзгор – 1,0 воҳиди  корӣ; 

- саромӯзгор – 1,0 воҳиди корӣ;

- ассистент – 2,5 воҳиди корӣ.

  1. КАФЕДРАИ БЕҲДОШТИ УМУМӢ

- мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

- номзади илм, дотсент – 1,0 воҳиди  корӣ; 

- саромӯзгор – 1,0 воҳиди корӣ;

- ассистент – 3,0 воҳиди корӣ.

  1. КАФЕДРАИ БЕМОРИҲОИ КӮДАКОНА

- мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

- доктори илм – 1,0 воҳиди корӣ;

- номзади илм, дотсент – 0,5 воҳиди  корӣ; 

- саромӯзгор – 2,0 воҳиди корӣ;

- ассистент – 3,5 воҳиди корӣ.

  1. КАФЕДРАИ МУОЛИҶАВӢ

- мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

- доктори илми тиб –1,0 воҳиди корӣ;

- номзади илми тиб, дотсент – 1,0 воҳиди корӣ; 

- саромӯзгор  – 2,0  воҳиди  корӣ;

- ассистент – 4,5 воҳиди корӣ;

  1. КАФЕДРАИ БЕМОРИҲОИ ЧАШМ, ГУШУ ГУЛӢ ВА БИНӢ (ЛОР)

- мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

- номзади илм, дотсент – 1,0 воҳиди  корӣ; 

- саромӯзгор – 2,0 воҳиди корӣ;

- ассистент – 2,5 воҳиди корӣ.

  1. КАФЕДРАИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

- мудири кафедра, номзади илм – 1,0 воҳиди корӣ;

- номзади илм, дотсент – 1,0 воҳиди  корӣ; 

- саромӯзгор – 2,0 воҳиди корӣ;

- ассистент – 4,0 воҳиди корӣ.

  1.  ШУЪБАИ РАВОБИТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

- сардори шуъба – 1,0 воҳиди корӣ;

- мутахассис – 1,0 воҳиди корӣ.

  1.  ШУЪБАИ КАДРҲО

- нозир – 1,0 воҳиди корӣ.

НОМЗАДҲО БОЯД БА ТАЛАБОТИ ЗЕРИН ҶАВОБГӮ БОШАНД:

  • Маълумоти олии тиббӣ ва тахассусӣ;
  • Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз 3 сол дошта  бошад (барои дипломи аъло,  ординатори клиникӣ, магистратура бе собиқаи корӣ);
  • Донистани асосҳои педагогика ва психология;
  • Кор кардан дар компютер ва шабакаи интернет;
  • Донистани ҳатмии забони давлатӣ ва хориҷӣ;
  • Қобилияти коммуникативӣ ва ташкилотчигӣ;

 Имтиёз ба дорандагони дарачаи илмӣ  ва дараҷаи тахассусӣ, дода мешавад.

БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН ҲУҶҶАТҲОИ ЗЕРИН ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАНД:

  • ариза ба номи ректори донишгоҳ;
  • варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
  • тарҷумаи ҳол;
  • нусхаи дипломҳо;
  • 6 адад расми 3х4;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи РМА-ИНН (рақами мушаххаси андозсупоранда);
  • нусхаи РМИ- СИН (суғуртаи иҷтимоӣ);
  • маълумотномаи тиббӣ №038;
  • маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Тавсифнома аз ҷои кори пешина.

Ҷиҳати иштирок дар озмун маълумотнома (CV)- и номзадон аз 14.05.2019 то 31.07.2019 ба суроғаи: ноҳияи Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3,

тел. 918-89-00-79; (83312)21029; (83312)21032; қабул карда мешавад.

Инчунин номзадон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол намоянд.

Музди миёнаи ҳайати профессорону омӯзгорон аз 1500 сомонӣ то 2900 сомонӣ муқаррар шудааст.

Маълумоти муфассал дар сомонаи донишгоҳwww.khatmedun.tj

    Санаи 18 – уми майи соли равон дар ДДТХ «Ҳафтаи ҷавонон» бо шукуҳ таҷлил гардид. Мутобиқи барномаи чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Раҳимов Х. доир ба фаъолияти ҷавонони донишгоҳ аз давраи моҳи июни соли 2018 то моҳи майи соли 2019 ба аҳли иширокчиён ҳисоботи муфассал дод. Аз ҷумла қайд гардид, ки Шуъбаи кор бо ҷавонон дар якҷоягӣ бо Раёсати донишгоҳ дар давоми соли 2018 - 2019, як қатор чорабиниҳои тарбиявӣ-фарҳангии саршор аз ғояҳои баланди ватандӯстиву инсонпарварӣ, ифтихори миллиро баргузор намуд, ки бешубҳа ҳар кадом дар тарбияи маънавии донишҷӯён ва дар онҳо бедор намудани ҳисси худшиносии миллию ифтихори ватандорӣ нақши босазои худро доранд. Роҳбарияти донишгоҳ дар якҷоягӣ бо Созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ ҳамасола кӯшиш менамоянд, ки ташаббусҳои нек, дастовардҳои илмӣ, таълимӣ ва варзишии донишҷӯёни фаъолро, ки дар чорабиниҳои дохилию берунӣ баҳогузорӣ гаштаанд, қадрдонӣ намуда, барои боз ҳам ҳавасманд гаштани онҳо имкониятҳои мусоид фароҳам орад. Махсусан дастгирии ятимону бепарасторон ва ниёзмандон ҳамеша дар мадди назар қарор дорад. Танҳо дар давоми соли таҳсили ҷорӣ 20 нафар чунин толибилмони ба қумак эҳтёҷманд ба маблағи бештар аз 20 ҳазор сомонӣ ба ғамхорӣ фаро гирифта шуданд.
   Зимни, баргузории чорабинӣ аз ҷониби ректори ДДТХ, профессор Убайдулло Қурбон ба 61 нафар аз ҷавонони фаъол ва болаёқати донишгоҳ барои ширкати босамар дар озмунҳои вилоятиву сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ба 3 нафар роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ барои саҳми назаррасашон дар тарбияи ҷавонон ва амалӣ намудани сиёсати ҷавонон дар ҷумҳурӣ, бо мукофотпулию туҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаҳои ДДТХ дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон ба 17 нафар донишҷӯёни ниёзаманд сару либоси мавсимӣ низ туҳфа карда шуд.
    Сипас, барои хотирмон гузаштани ин ҳамоиш барномаҳои фароғатию фарҳангӣ ва театрикунонидашудаи созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ ба диққати ҳозирин пешкаш карда шуд.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

       Чӣ тавре ки ҳамагон медонанд, бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардида буд. Ин нишонаи олии эҳтирому эътиқоди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ба ҷавонони саодатманди диёр ва дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани ин қишри ояндасози кишвар мебошад. Зеро, ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи тиллоии миллату давлат ҳастанд. Гузашта аз ин, онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу амалҳои созандаи Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд.
     Гуфтан ба маврид аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати давлатии ҷавононро ҳамчун як самти афзалиятнок ва ҳадафманди сиёсии худ қарор дода, барои давра ба давра ҳаллу фасл намудани проблемаю мушкилоти мавҷудаи ҳаётии ин қишри ҷомеа тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамояд, ки ин бесабаб нест. Зеро имрӯзу ояндаи кишвар ва нуфузу эътибори давлати мо дар миқёси ҷаҳонӣ маҳз аз ҷаҳонбинии солим, маърифати баланди сиёсӣ, донишҳои замонавӣ, омодагии касбӣ, соҳибмаърифативу соҳибфарҳангӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву худшиносии ҷавонони ҳушманди мо вобастагии қавӣ дорад. Дар Тоҷикистон амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар оғоз ёфт. Қадами нахустин баҳри роҳандозӣ намудани сиёсати мазкур моҳи марти соли 1992 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” ниҳода шуд. Бо назардошти дигаргуниҳо ва талаботи ҷавонону ҷомеаи муосир соли 2004 Қонуни мазкур бо тағйиру иловаҳо дар таҳрири нав қабул шуда, Қонун “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ном гирифт.
   

            Дар ин раванд, санаи 18-майи соли равон муовинати тарбия ва фарҳанг дар якҷоягӣ бо шуъбаи кор бо ҷавонон дар толори бузурги фарҳангии ДДТХ барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҳафтаи ҷавонон зери унвони “Поянда бод ҷавонӣ" баргузор намуданд. Мақсад аз доир намдани чорабинии мазкур дар он буд, ки яксола кӯшишу ғайрати донишҷӯёни Донишгоҳи азизи мо аз ҷониби роҳбарияти ДДТХ қадрдонӣ карда шавад.
            Сараввал намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои донишҷӯён, намоиши китобҳои сиёсӣ ва таълимӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҳимов Х бо маърӯзаи пурмуҳтавои худ баромад намуданд. Инчунин, аз ҷониби ректори ДДТХ д.и.т.,профессор муҳтарам Убайдулло Қурбон маросими супоридани Ифтихорномаҳову туҳфаҳои хотиравӣ ба ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, донишҷӯёни фаъол ва ятимон бахшида ба “Рӯзи ҷавонон”, сурат гирифт                    Ҳамзамон, аз ҷониби дастаи “Дурахшон” суруду мусиқиҳои рангоранг дар васфи ҷавонӣ, саҳначаҳои ҳаҷвию тарбиявӣ намоиш дода шуд. Гулдухтарони зебои мо бо рақсҳои мавзуни худ тавонистанд табъи ҳозиринро болида намоянд. Раёсати Донишгоҳ чорабиниро дар сатҳи хуб арзёбӣ намуданд. Дар анҷоми барнома ректори ДДТХ д.и.т.,профессор муҳтарам Убайдулло Қурбон ҳамаи устодон ва донишҷӯёнро бори дигар бо “Рӯзи ҷавонон” табрику таҳният намуда, ба муттасадиён ва иштирокчиёни дастаи “Дурахшон” изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

                                                                                       Муовинати тарбия ва фарҳанг

 

    Мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи раёсати донишгоҳ ва шуъбаи таълим рӯзҳои 13-14 -уми майи соли 2019 имтиҳонҳои кафедравӣ барои донишҷӯёни соли сеюми факултетҳои тиббию педиатрӣ аз фанни таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона баргузор гардид. Синфхона бо тамоми таҷҳизоту муляжҳои зарурӣ таъмин карда шуда буданд.
  Имтиҳони марҳилавӣ аз тарафи мудири кафедраи фанҳои клиникӣ н.и.т., Кузибоева Н.К., омӯзгорони кафедра Сатторов М., Муъминова Р., Ғуломова Р. гирифта шуд. Рафти имтиҳон аз тарафи сардори шуъбаи таълим Қурбонмамадов С.Х., сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П. , декани факултетҳо Боронов Ҳ.А., муовинони декан ва сардори Маркази технологияи иттилоотӣ Мардонзода Қ. назорат карда шуд.
   Саволномаҳои имтиҳон тарзе тартиб дода шуда буданд, ки донишҷӯён ҳам ба таври назариявӣ ба онҳо ҷавоб дода, инчунин дар муляжу дигар маводҳои таълимӣ ин ё он дастамали дар саволнома нишондодашударо иҷро мекарданд.
   Рӯзи 15-уми май низ имтиҳони кафедравӣ аз фанни пешгирии бемориҳои кӯдакона барои донишҷӯёни соли сеюми факултети стоматологӣ баргузор гардид.

Шуъбаи таълим

Подкатегории