Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои муовинати тарбия  28 - апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» баргузор гардид, ки дар он ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд. 

Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х. ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чунин иқдоми наҷибонаи худ тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистонро ба китобдӯстӣ, китобхонӣ ва омӯхтани илму дониш даъват менамоянд.

Дар озмун профессори фахрии кафедраи забонҳо Должикова В.А. ва омӯзгори кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ, забони лотинӣ Каримов С.С. аз рӯи номинатсияи  хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон, мудири кафедраи беҳдошт,  эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ - Исоева Б.И. ва               муҳаррири масъули рӯзномаи донишгоҳии “Пайки шифо” - О. Саркорӣ аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти шифоҳӣ ширкат варзиданд.

         Ҳамзамон, аз байни донишҷӯён - донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ Эшназарова Ш. дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон, донишҷӯёни гурӯҳи 102-и тиббӣ    Убайдуллоева С., гурӯҳи 201-и тиббӣ Ниёзов Р., гурӯҳи 409-и тиббӣ Ҳ.Сӯҳроб аз рӯи номинатсияи  хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти шифоҳӣ дар озмуни мазкур иштирок намуданд.            

Қурбонмамадов С. Х. муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг чорабиниро ҷамъбаст намуда, барои ҳар як иштироккунанда, ки моҳи июни соли равон дар озмуни ноҳиявӣ иштирок хоҳанд кард, муваффақият ва комёбӣ орзу намуд. Қайд гардид, ки то озмуни ноҳиявӣ иштироккунандагон тайёрии ҳаматарафа дида, шеърҳои бисёртар ҳифз намоянд ва асарҳои бештар мутолиа кунанд.

МУОВИНАТИ ТАРБИЯ

ВА ФАРҲАНГ,

КИТОБХОНА