Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон пас аз таъсисёбӣ имрӯзҳо қадамҳои устувор ба пеш ниҳода истодааст. Ҳайати профессорону устодон дар ҳамдастӣ, мушкилиҳои зиёди дар пешистодаро тадриҷан паси сар намуда, барои боз ҳам беҳтар шудани вазъи заминаи моддӣ - техникӣ, афзун намудани имконияти молиявии донишгоҳ ва баланд бардоштани сатҳи дарсазхуднамоии донишҷӯён кӯшиши зиёд ба харҷ доданд.

Дар баробари ин, зарур буд, ки донишгоҳ рӯзномаю маҷаллаи худро дошта бошад. Аз ин лиҳоз, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон соли 2017 рӯзномаи «Пайки шифо» ва пас аз ду сол, яъне соли 2019 маҷаллаи «Симурғ» таъсис дода шуд. Хушбахтона, аз 16 мақолаҳои илмие, ки дар шумораи аввали маҷаллаи «Симурғ» нашр гардида буданд, 12 мақола аз ҷониби  ҳайати профессорону омӯзгорони ДДТХ пешниҳод шуда буд, ки ин дар ҳақиқат боиси ифтихор мебошад.  

Айни ҳол, маҷаллаи «Симурғ», ки соле чор маротиба нашр мегардад, мақолаҳои илмии кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва дигар муассисаҳои тиббии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Ҳайати профессорон ва омӯзгорони ДДТХ барои пурмазмун ва аз нигоҳи илмӣ пурбаҳо гардидани маҷаллаи мазкур хеле кӯшишу ғайрат намуданд. Дар ин росто хизмати холисонаву содиқона ва заҳматҳои шабонарӯзии сармуҳаррири маҷаллаи «Симурғ» - Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ва муҳаррири масъул Абдушукур Раҷабзод махсус қайд намудан лозим аст.

Инак, барои донишгоҳамон накусолии имсола аз баҳораш маълум гардид.  Дар ин рӯзҳои баҳорӣ барои донишгоҳ як муждаи хеле хушҳолкунанда, паёми хуш ва башорати нек расид. Дар саҳифаи таърихи донишгоҳ боз як аъмоли некаш абадӣ сабт гашт.

 Мутобиқи қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 - уми марти соли ҷорӣ маҷаллаи илмии «Симурғ» - нашрияи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба феҳристи нашрияҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.

Ин санаи муҳим барои  ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз муборак бошад!

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА