Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

22 - уми апрели соли  ҷорӣ дар Академияи  тиббии Тошканд Олимпиадаи байналмилалӣ дар мавзӯи “Ворисони Сино (Последователи Авиценны)”  баргузор гардид.  Олимпиада аз рӯи  38 фанҳои клиникӣ ва заминавӣ  ба нақша гирифта шуда буд.

Бо даъвати Академияи мазкур донишҷӯёни ДДТХ низ дар олимпиада ба тариқи онлайнӣ ширкат варзиданд.

Бояд қайд намуд, ки олимпиада аз 3 марҳила - кор бо тестҳо,  саволҳо бо расмҳо дар шакли тестӣ, татбиқи малакаҳои амалӣ иборат буд.

Олимпиада 38 фанро дар бар гирифта, ҳар як фан аз 7 номинатсия ва 6 ҷои ифтихорӣ иборат буд.

Мувофиқи нақша олимпиада дар байни  11 давлат (Америка, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Литва, Россия, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон) гузаронида шуд, ки  зиёда аз 550 нафар донишҷӯён аз 11 донишгоҳи тиббӣ дар он фаъолона иштирок намуданд. 

Аз ДДТХ дар олимпиада 15 нафар   донишҷӯ иштирок намуда, донишҷӯи курси 4 - уми факултети тиббӣ - Юлдошев А.Н., донишҷӯи курси 4 - уми факултети тиббӣ - Сатторова А.П. ва донишҷӯи курси 5 - уми факултети педиатрӣ - Раҷабов Н.О. сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Донишҷуи курси 5 - уми факултети тиббӣ Азизов Ш.Ш. ҷои сеюмро ишғол намуд.

Раёсати ДДТХ ғолибонро сидқан табрику таҳният намуда, барояшон комёбиҳои беназир орзу менамояд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА