Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

27 марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишгоҳ баргузор гардид.

Сараввал, Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон мудири кафедраи физика ва информатика - Ситамов Саъдуллоро ба муносибати 75 - солагиаш самимона табрику таҳният намуда, иброз доштанд, ки хизмати устод дар тарбияи шогирдон ва пешбурди кори таълиму тарбия сазовори таҳсин мебошад. Ин аст, ки хизмати шоёни устод Ситамов С. ба назар гирифта,  моҳе пеш мавсуф бо унвони Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон сарфароз гардонида шуд, - ёдовар шуданд муҳтарам ректори донишгоҳ.

Дар идомаи ҷаласа тибқи рӯзнома масоили натиҷаи сессияи имтиҳонии зимимстонаи соли таҳсили 2020 - 2021, фаъолияти кафедраи фармакология ва микробиология, корҳои муолиҷавии ДДТХ ва рафти корҳои сохтмонии Коллеҷи тиббии ДДТХ дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, қарорҳои Шӯрои олимон “Дар бораи тасдиқи Низомномаи шуъбаи барномасозӣ ва молия”, “Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба масъалаи падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар ДДТХ”, “Дар бораи таъйин намудани мукофотпулӣ ба ҲПО ва кормандони ёрирасон” ва лоиҳаи “Маркази омӯзишии симулятсионӣ” тасдиқ гардиданд.

     Профессор Убайдулло Қурбон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, доир ба масъалаҳои рӯзнома фикру андешаҳои худро иброз доштанд ва ба масъулини сохторҳои марбута супоришҳои мушаххас доданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА