Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    15 - уми феврали соли равон дар кафедраи ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз фанни Этика оид ба  мавзӯи «Таълимоти ахлоқии мутафаккирони форсу тоҷик» дар курси  2 - юми гурӯҳи 201- и педиатрӣ дарси кушод доир гардид. Дарси кушоди мазкур аз ҷониби омӯзгори кафедра Қураева М. Қ. гузаронида шуд.

Дар дарси кушод сардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш., мутахассиси бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Ҳошимов И.Ш., мудири кафедраи ҷомеашиносӣ Гулов А.А. ва омӯзгорони кафедраи мазкур иштирок намуданд. 

Дар рафти дарс донишҷӯён хеле фаъол буданд ва ба саволҳои омӯзгор ҷавоби пухта дода, аз ашъори классикони форсу тоҷик мисолҳо меоварданд.

Омӯзгор Қураева М.Қ. аз усулҳои интерактивӣ ва технологияи иттиллотӣ  моҳирона  истифода бурда, кӯшиш менамуд, ки  донишҷӯён тамоми ҷузъиёт ва нозукиҳои мавзӯъро аз худ намоянд. Аз ҷумла, омӯзгор қайд намуд, ки мутаассифона дар ҷомеаи имрӯза костагии ахлоқи ҷавонон ба назар мерасад. Яке аз бартараф намудани костагии ахлоқи ҷавонон - рӯ овардан ба китобҳои бадеӣ мебошад. Бесабаб нест, ки сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» - ро эълон намуданд.

Ҳамин тариқ, омӯзгор  мисолҳои одӣ ва мушаххас аз ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мо оварда, дарси кушодро боз ҳам шавқовар гардонд.

КАФЕДРАИ ҶОМЕАШИНОСӢ