Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

         16 - уми феврали соли равон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар асоси супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар назди «Терминали мусофиркашонӣ» ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор  гардид.

Барои корҷӯён аз ҷониби муассисаҳо ва ташкилотҳои гуногун ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардид.

Аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ярмаркаи мазкур сардори шуъбаи кадрҳо - Асоев С.П. иштирок намуд. Барои корҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои гуногуни тиббӣ дар ДДТХ  14 ҷойи кори холӣ пешниҳод карда шуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА