Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     5 - уми феврали соли равон дар доираи таҷлили сазовори ҷашни    30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти кишвар дар  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мулоқоти муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Назарзода Р. Ш., муовини Раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Б.  бо донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ баргузор гардид.

Муовини ректори ДДТХ Аҳмадиён Ш.Р. меҳмононро муаррифӣ намуда, ҳадафи мулоқотро баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ маънидод намуд.

Сипас, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Р. Ш. зимни суханронӣ баён намуд, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ба ҷавонони кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дастгирии ин табақаи ҷомеа ба таври доимӣ аз сӯи давлату ҳукумат ба назар мерасад.

Ҳамзамон, муовини Раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Б.  қайд кард, ки вазъи ҷаҳони муосир мураккаб гардида, гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба ҳар роҳу восита хостори амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопокашон мебошанд. Аз ин лиҳоз,  ҷавононро зарур аст, ки  сарҷамъу муттаҳид гардида, дар ҳифзу ҳимояи арзишҳои давлатӣ саҳмгузор бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Дар идомаи мулоқот таъкид гардид, ки ҷавонон бояд дар хизмати  содиқона ба  халқу Ватан баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ, эҳтирому гиромидошти арзишҳои  миллӣ, таҳдиду хатарҳои замони муосир, хусусан, пахншавии бемориҳои сироятӣ ва пайомадҳои ногувори онҳо ба саломатии аҳолӣ, мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм ва ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату халқи худ ҳамеша омода бошанд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА