9 - уми феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва 20 нафар намояндагони ВАО аз вилояти Хатлон ва дигар расонаҳои хабарии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Нахуст Ректори ДДТХ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон оид ба фаъолияти солонаи донишгоҳ ва дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён барои намояндагони ВАО маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
Дар идомаи суҳбат ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон доир ба самти таълиму тарбия, муносибатҳои байналмилалӣ ва корҳои хоҷагию молиявии донишгоҳ суханронӣ намуда, афзуд, ки «дар моҳи декабри соли 2020 ДДТХ аз аттестатсияи давлатӣ гузашта, ҳамзамон, дар донишгоҳ аввалин Конференсияи байналмилалии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами тиб ва таҳсилоти тиббӣ» бахшида ба эълон гардидани солои 2019 - 2020 «соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир гардид» ва ин яке аз дастовардҳои назаррас ба ҳисоб меравад.
Дар нишаст миёни роҳбарияти ДДТХ ва рӯзноманигорон оид ба натиҷаҳои сессияи зимистона ва тобистона, шароити зиндагии омӯзгорон ва донишҷӯён дар хобгоҳ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, фаъолияти Ситоди донишгоҳӣ дар шароити пандемия ва дигар масъалаҳои муҳим саволу ҷавоб сурат гирифт.
Намояндагони ВАО ба саволҳои хеш аз ҷониби ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА