Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    30  январи соли 2021 ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид.

  Нахуст Ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон мудири кафедраи фанҳои педиатрӣ - Кузибаева Н.К. ва мудири кафедраи анатомияи патологӣ, гистология ва тибби судӣ - Боронов Ҳ.А. - ро барои гирифтани унвони дотсентӣ самимона табрик намуданд.

  Дар ҷаласа масоили фаъолияти кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1 дар соли таҳсили 2020 - 2021, фаъолияти бахши хоҷагӣ ва маъмурии ДДТХ дар соли 2020,  иҷроиши сметаи даромад ва хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва хусусии ДДТХ, тайёрии шуъбаи таълим, деканат ва кафедраҳо ба семестри 2 - юми соли таҳсили 2020 - 2021  мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

  Ҳамзамон, масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, қарорҳои Шӯрои олимон

  “Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи Комиссияи доимоамалкунандаи донишгоҳӣ оид ба танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо барои соли 2021”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи  Профессори фахрии ДДТХ”, “Дар бораи тасдиқ намудани Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар ДДТХ”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи  Китобхонаи ДДТХ”, “Дар бораи тасдиқ намудани сохтори ДДТХ” ва “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи бахши аспирантура, докторантура ва ординатураи клиникии ДДТХ” тасдиқ гардиданд.

  Ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон масъалаҳои дар боло зикргардидаро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, бо мақсади рафъи камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани кору фаъолият ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд. 

     Дар анҷоми ҷаласа профессор Убайдулло Қурбон мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика Ситамов С.С. ро ба таври тантанавӣ бо унвони “Профессори фахрӣ” сазовор гардонида, самимона табрик намуданд. Қайд гардид, ки Ситамов С. солҳои тӯлонӣ дар соҳаи маориф заҳмат кашида, шогирдони зиёдро ба воя расонидааст. Номбурда собиқаи кории хеле бой дошта, соли 1985 дар мавзӯи “Термодинамикаи корношоямшавии полимерҳо ҳангоми таъсири моеъҳо ва шиддатҳои мураккаб дар ҳароратҳои паст” дар Донишкадаи асбобсозии шаҳри Москва рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Зиёда аз 200 таълифоти илмӣ дорад.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА