Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   25 декабри соли 2020 дар таърихи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аввалин конференсияи байналмилалии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами тиб ва таҳсилоти тиббӣ» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 - 2020 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид.

    Конференсияи мазкурро ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшиданд ва ҳозиринро барои баргузории аввалин конференсия дар ДДТХ табрик намуда, ҷиҳати  иштироки фаъол дар он барои меҳмонони дохилӣ ва хориҷи кишвар изҳори сипос намуданд. 

     Дар рафти конференсия як гурӯҳ ходимони варзидаи сиёсиву илмии кишвар, аз ҷумла, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдуллозода Ҷ.А., муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қодирзода Диловар Баҳриддин, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Фарҳод Раҳимӣ ва намояндагону меҳмонон аз хориҷи кишвар тавассути онлайн ширкат варзиданд. Дар кори конференсия ҳамзамон, ректори Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Муҳиддинов Нуриддин Давлаталиевич, Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳаётзода Нурхон Шариф ва муовини ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба корҳои муолиҷавӣ Қобилов Қобилҷон Кенҷаевич шахсан иштирок карда, суханронӣ намуданд.

    Инчунин, дар конференсия намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумла, аз Хадамоти матбуотии вилояти Хатлон, ТВ «Хатлон» ва «Кӯлоб», рӯзномаҳои  «Новый Хатлон», «Хатлон» ва «Симои Данғара»  иштирок намуда, бо бархе аз  донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ мусоҳиба оростанд.

   
 Баъд аз ҷаласаи пленарӣ конференсия кори худро дар ду бахш идома дод, ки масъалаҳои тиббӣ ва фанҳои клиникӣ, инчунин, нигаҳдории тандурустӣ, фанҳои назариявии умумитиббӣ ва фанҳои ғайритиббиро дар бар мегирифт.

    Бояд қайд кард, ки ба конференсияи имрӯза беш аз 210 нафар олимону пажӯҳишгарони соҳаи тиб аз муассисаҳои гуногуни илмию таълимии мамлакат, ҳамзамон, 12 нафар аз 7 кишвари хориҷӣ (Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Англия, Арабистони Саудӣ, Хитой, Қувайт) маърӯзаҳо ва мақолаҳои илмии хешро пешниҳод намудаанд, ки фарогири масоили гуногуни баҳсноки тибби амалию назариявӣ мебошад.

      Баъд аз ҷамъбасти конференсия дастаи ҳунарии «Дурахшон» бо барномаи ҳунарии таҳиянамудаашон дили ҳозиринро шод намуданд.

      Дар анҷоми конференсия ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон барои ҳамаи иштирокчиён аз самими қалб изҳори сипос намуданд.

 

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА