19 - уми декабри соли 2020 марги беамон табиби ҳозиқ ва марди хирадманду накукор, доктори илмҳои тиб, профессор, мудири кафедраи тибби судии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибно Сино ХУШҚАДАМОВ ЗУЛМАКОН ҚУДРАТБЕКОВИЧ-ро дар синни 54 - солагӣ аз байни мо рабуд.
Хушқадамов Зулмакон 5 декабри соли 1966 дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ -и ҷумҳурии Тоҷикиситон таваллуд шудааст.
Ў доктори илмҳои тиб (2010), профессор (2013), Аълочии тандурустии ҷумҳурии Тоҷикистон (2013) мебошад.
Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино. Табиб - интерн (1996 - 97), ассистент (1997 - 2004) ва мудири кафедраи тибби судии ДДТТ (2005 - 2007). Докторанти Академияи тиббии шаҳри Москва ба номи И.М. Сеченов (2007 - 2010). Мудири кафедраи тибби судии ДДТТ (аз соли 2010). Дар мавзўи «Бахши рўдаи росту сигмашакли одам дар давраи онтогенези баъди таваллуд» рисолаи номзадии илм ва оид ба мавзўи «Арзёбии тиббӣ - судии осеби сўхтагӣ, ки бар асари сўзишвориҳои моеъ дар тани одам пайдо шудааст» рисолаи доктории илмро дифоъ намудааст.
Муаллифи беш аз 100 мақолаи илмӣ ва 15 дастури методӣ мебошад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз марги нобаҳангоми Хушқадамов Зулмакон сахт андўҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳад.
РАЁСАТИ ДДТХ