Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

7 декабри соли равон дар кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ, забони лотинӣ маҳфили  навбатии “Анатомҳои ҷавон” баргузор гардид.

Аз рӯи нақшаи маҳфил иштирокчиёни гурӯҳи  “Ҷарроҳони  ҷавон” донишҷӯёни курси 2-юми факултети тиббӣ Имомова Л. бо забони тоҷикӣ ва Султонов С.  бо забони русӣ  дар мавзӯи «Роль анатомии в хирургии» маърӯза намуданд. Сипас, барои шавқовар намудани маҳфил ва боз ҳам мустаҳкам кардани дониши иштирокчиён оид ба мавзӯи мазкур сардори гурӯҳи  “Ҷарроҳони  ҷавон” Эшназарова Ш. викторина бо номи “Звёздный час” гузаронид. Гурӯҳҳо супоришҳоро фаъолона иҷро карданд ва ба саволҳои додашуда ҷавоб гардониданд.

Мудири кафедра Зарипов И.А. натиҷаи викторинаро эълон намуда, қайд кард, ки аз байни гурӯҳҳои иштирокдошта, гурӯҳи “Урологҳои ҷавон” бори дуюм дар маҳфили мазкур пирӯзӣ ба даст оварданд.   

 КАФЕДРАИ АНАТОМИЯИ

НОРМАЛӢ, АНАТОМИЯИ

ТОПОГРАФӢ ВА АМАЛИЯИ

ҶАРРОҲӢ, ЗАБОНИ ЛОТИНӢ