Тибқи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаи гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва нақшаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 декабри соли 2020 аттестатсияи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон оғоз гардид.
Ба ҳайати комиссияи аттестатсионӣ муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Содиқзода Хурсанд ба ҳайси раиси комиссия, сардори раёсати назорати давлатии илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ - Давлатзода Баҳрулло, сардори шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ - Садуллоев Алишер, мудири бахши муносибатҳои байналмилалӣ - Назарзода Маҳмуд, сармутахассисони агентӣ - Убайдзода Ҷӯрахон ва Юсупова Дилоро, мутахассисони пешбари агентӣ - Сафарзода Сафармад ва Давлятова Муҳайё ва сардори раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҷабова Зулайхо ҳамчун аъзо шомиланд.
Тибқи нақшаи таҳиягардида комиссияи аттестатсионии мазкур 17 декабри соли равон кори худро ба анҷом хоҳад расонд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА