Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   
 17 ноябри соли равон дар кафедраи физикаи тиббӣ ва информатикаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз ҷониби омӯзгори ҷавон Шокиров М.У. дар мавзӯи «Ҷадвали электронии Excel» дар курси курси 1 - уми гурӯҳи 102 - и факултети педиатрӣ дарси кушод баргузор гардид. Дар дарси кушод сармутахассиси назорати сифати таълим Қурбонов Х.Ш., нозири шуъбаи таълим Ҳошимов И.Ш., мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика Ситамов С. ва омӯзгорони кафедраи мазкур иштирок намуданд. Омӯзгори ҷавон Шокиров М.У. дарсро аз аҳамияти омӯхтани илм шурӯъ намуд. Сипас, ба пурсиши мавзӯъ оғоз намуда, бо истифода аз усулҳои нави таълим ва технологияи иттиллотӣ дарси назариявиро бо амалӣ моҳирона алоқаманд менамуд. Ҳар як донишҷӯе, ки ба доир ба мавзӯъ маълумот медод, бо компютер дар тахтаи электронӣ онро амалан нишон медод. Дарси кушодро сармутахассиси назорати сифати таълим Қурбонов Х.Ш. ҷамъбаст намуда, ба омӯзгор барои гузаронидани чунин дарси шавқовар ва пурмуҳтаво баҳои баланд дод.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА