Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 
  14 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ - адабӣ баргузор гардид, ки дар он мудирони кафедра, омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд.

   Ҳамоишро декани факултетҳо Боронов А.Ҳ. ҳусни ифтитоҳ  бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Номбурда таъкид намуд, ки хизмати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давраи аввали солҳои фаъолияташ то ин замон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақиқатан шоистаи таҳсин мебошад.

    Дар идомаи ҳамоиш профессори фахрии кафедраи забонҳо Должикова В.А. дар мавзӯи «Эмомали Раҳмон - яркая героическая личность славного народа Таджикистана» маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.

   Сипас, ассистенти  кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ  Абдулҳақов О.Ш. оид ба «Шакли идоракунии президентӣ ва инъикоси он дар Конститутсия» маърӯза намуда, аз муҳтавои боби «Президент»-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуд.

   Бояд қайд намуд, ки дар ҳамоиши мазкур донишҷӯён фаъолияти хеле зиёд зоҳир намуда, ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.

       Аз ҷумла, бахшида ба фаъолияти қаҳрамонона ва ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби донишҷӯи курси якуми факултети педиатрӣ Болтаева Ф. дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон ва рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ Исмоилзода Мижгона дар мавзӯи «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат», донишҷӯи курси 4-уми факултети педиатрӣ Ҳошимзода С. дар мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат дар соҳаи тиб» ва донишҷӯёни курси панҷуми факултети тиббӣ Фурохов И. ва Ҳабибова З. дар мавзӯъҳои  «Пешвои миллат - ҳомии миллат» ва «Эмомалӣ Раҳмон - қаҳрамони Ваҳдат ва сипари Истиқлолият» маърӯзаҳои пурмазмун ироа гардиданд.

  Ҳамзамон, Раҷабов Р.  донишҷӯи курси дуюм факултети педиатрӣ дар мавзӯи «Вклад Эмомали Рахмона в развитие Таджикистана в годы независимости» ба забони русӣ ва Абдуллоева М. «Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар рушди таҳсилоти байналхалқии ҷавонони Тоҷикистон (The contribution of Emomali Rakhmon to the development of international education of youth)» ба забони англисӣ маърӯза намуданд.

  Ҳамоиши илмӣ - адабиро муовини ректор оид ба фарҳанг ва тарбия Қурбонмамадов С. Х. ҷамъбаст кард ва аҳли нишастро бори дигар ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта,  барои иштирокчиёни ҳамоиш ва маърӯзакунандагон изҳори сипос намуд.

 ХАБАРНИГОРИ СОМОНА