Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

5 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ - адабӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Сараввал, Ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳамаи устодон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳро ба муносибати Рӯзи Конститутсия самимона табрик намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ композитсияи адабӣ - мусиқӣ таҳти унвони «Конститутсия - бахтномаи миллат» ба намоиш гузошта шуд.

Чорабинӣ аз қироати шеърҳо дар бораи Конститутсия, иҷрои сурудҳои дилнишин дар васфи Ватан ва рақсҳои миллии тоҷикӣ иборат буд.  Дастаи ҳунарии «Дурахшон» - и ДДТХ бо ҳунарнамоии хеш дилҳои ҳозиринро  шод намуданд.

Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ Ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони барномаи фарҳангӣ - адабӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори ташаккур намуданд.

 ХАБАРНИГОРИ СОМОНА