Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон


31 октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишгоҳ баргузор гардид.

Дар ҷаласа тибқи рӯзнома масоили корҳои таълимӣ - методӣ дар соли таҳсили 2019 - 2020, фаъолияти маркази таҳсилоти баъдаздипломӣ, фаъолияти кафедраи беҳдошт, эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, қарорҳои Шӯрои олимон “Дар бораи тасдиқ намудани барномаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ”, “Дар бораи пешниҳоди номзадон - омӯзгорон ба стипендияи Раиси вилояти Хатлон барои соли 2021” тасдиқ гардиданд.

  Ректори ДДТХ муҳтарам Убайдулло Қурбон аъзои Шӯрои олимонро бо таъиноти нави кадрӣ дар донишгоҳ шинос намуданд. Тибқи фармоиши ректори ДДТХ  муҳтарам Убайдулло Қурбон  сардори шуъбаи илм ва инноватсия номзади илм (PhD) Норматова М.А. таъин гардид.

Дар идомаи ҷаласа муовини ректор оид ба таълим Аҳмадов Ш.Р. аз натиҷаи корҳои Шӯрои илмӣ - методӣ, шуъбаи таълим, гурӯҳи назорати сифати таҳсилот, китобхона, Маркази технологияи иттилоотӣ, деканати факултетҳо ва кафедраҳо дар соли таҳсили 2019 - 2020 ҳисобот дод.

Қайд гардид, ки дар донишгоҳ  дар соли таҳсили 2019 - 2020       100 адад синфхона, 11 адад толори лексионӣ бо фарогирии  2286 ҷойи нишаст  мавҷуд мебошад.                 

 Дар сохтори  донишгоҳ моҳи сентябри соли 2019 вобаста ба миён омадани зарурияти истеҳсолӣ дар баробари дигар самтҳои фаъолияти донишгоҳ, дар самти  корҳои таълимӣ  5 кафедраҳои тахассусӣ, 1 шуъба (шуъбаи таҷрибаомӯзӣ) ва 1 марказ (Маркази курси малакаҳои амалӣ)  таъсис дода шуд.

Аз оғози соли таҳсили 2019-2020  14 кафедра фаъолият мекунанд,  ки 5 кафедраи он дар ҳамин сол таъсис дода шудааст.

Раванди баргузории машғулиятҳои амалӣ ва лексионӣ пайваста аз ҷониби шуъбаи таълим ва гурӯҳи назорати сифати таълим мавриди назорат қарор  дода шудаанд.

            Исоева Б.И. - мудири кафедраи беҳдошт, эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ оид ба фаъолияти кафедраи мазкур сухан ронда қайд намуд, ки айни замон дар кафедра - 1 номзади илми тиб, 3 нафар духтурони ботаҷриба, 1 нафар унвонҷӯ ва ду нафар омӯзгори ҷавон  фаъолият доранд.

            Омӯзгорони кафедра ҳангоми гузаштани дарс усулҳои муосири таълим ва аёният (видеороликҳо, презентатсияҳо, баннерҳо, муляжҳо, макетҳо ва ғ.) вобасата ба фанҳои таълим истифода мебаранд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедра 3 мақолаи илмӣ дар маҷаллаи илмии тиббии “Симурғ”, 2 мақолаи илмӣ дар маҷаллаи “Авҷи Зуҳал”, 5 фишурда дар конференсияи олимони ҷавони ДДТТ таҳия гардида, ба нашр расидааст.

            Сарвари Маркази таҳсилоти баъдаздипломии ДДТХ - Қурбонов З.Қ. оид ба фаъолияти сохтори мазкур маълумот дода қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Марказ дар якҷоягӣ бо кафедраҳои клиникии донишгоҳ 29 - барномаи интернатура, 8 - барномаи таълимии бозомӯзии касбӣ, 28 - барномаи таълимии такмили ихтисос  ва 13 - барномаи таълимии ординатураи клиникӣ, дар маҷмӯъ 78 барнома омода  карда шуда, бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ шудаанд.

            Оид ба қабули курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ ҳаминро метавон қайд кард, ки баъд аз мувофиқа намудани барномаҳо дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабули шунавандагонро метавон ба роҳ монд.

            Дар идомаи ҷаласа муҳтарам Убайдулло Қурбон омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ - Султонмамади Гулмамадро барои гирифтани нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд. 

            Профессор Убайдулло Қурбон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, доир ба масъалаҳои рӯзнома фикру андешаҳои худро иброз доштанд ва ба масъулини сохторҳои марбута супоришҳои мушаххас доданд.

 

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА