Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    4 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ - адабӣ баргузор гардид, ки дар он мудирони кафедра, омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд.

   Ҳамоишро муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х. ҳусни ифтитоҳ  бахшид.

    Дар идомаи ҳамоиш мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДДТХ Гулов А.А., устодони кафедраи мазкур Абдулҳақов О.Ш., Мардонова Н.М., Илёсов Э. С., Давлатова Г.М. ва омӯзгори калони кафедраи химия ва биологияи тиббӣ Ҳошимов М.Т. оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

     Ҳамзамон, донишҷӯёни курси дуюми гурӯҳи 206 ва 204-и факултети педиатрӣ - Мирзоев Ш. ва Раҷабова Р.,  донишҷӯи курси сеюми гурӯҳи 310 - и факултети тиббӣ - Ботуров А.  оид ба Конститутсия бо забони русӣ маърӯза намуданд.

    Инчунин, сарвари шуъбаи илм ва инноватсия Норматова М.А. ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик карда, баргузории чунин чорабиниро хеле муҳим унвон намуд.

    Чорабиниро Қурбонмамадов С. Х. ҷамъбаст намуда, барои иштирокчиёни ҳамоиш ва маърӯзакунандагон изҳори сипос намуд.

 ХАБАРНИГОРИ СОМОНА