Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

Интихоботи президентӣ ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ мусаллам аст, ки метавонад дар рушди тамоми соҳаҳо нақши бузургро иҷро намояд.

Тибқи иттиллои раиси участкаи интихоботии №7 Шамсуллоев Р.С., ки марказаш бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мебошад, теъдоди умумии ду ҳазору нуҳсаду шасту ҳафт нафар овоздиҳанда ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин шумора, 34 нафар маъюбу бемори бистарианд, ки барояшон қуттиҳои сайёр ташкил карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки 226 нафар бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд. Сад нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

Аҳадов Ш.Ф. - муовини раиси участкаи интихоботии № 7 боварӣ дорад, ки шаҳрвандон 11 октябри соли ҷорӣ дар интихоботи президентӣ фаъолона ширкат меварзанд.  Номбурда  иттилоъ дод, ки корҳои омодагӣ дар асоси қонунгузории интихобот ва  Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба ташкил ва баргузор кардани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, амалӣ гардиданд. Дар участкаи интихоботӣ рӯйхати интихобкунандагон омода шуда, ба онҳо дар бораи рӯзи интихобот ва ширкат дар он хабарномаҳо фиристода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттиллои раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Данѓара № 54 Абдуллозода Қурбоншо оид ба интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии мазкур 59 участкаи интихоботӣ таъсис ёфтааст, ки теъдоди овоздиҳандагон дар ҳавза 92 ҳазору 350 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин 866 нафарашонро маъюбу бемор ташкил дода, 1 ҳазору 489 нафар шаҳрванд бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд. Ҳамзамон, 4 ҳазору 775 нафар шаҳрванд дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

 ДАР АРАФАИ  ИНТИХОБОТ

 

Дар рӯзи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар участкаи интихоботии № 7 барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва озоду меъёрҳои демократия баргузор намудани чорабинии сиёсӣ чораҳои ниҳоии омодагӣ андешида шуданд.

Бо мақсади риояи чораҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирии пандемияи коронавирус, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар кардааст, дар  участкаи мазкур чораҳои зарурӣ андешида шуда, захираи зарурии маводҳои  ҳимояи шахсӣ ва безараргардонӣ таъмин карда шуд.

Интихобкунандагон дар рӯҳияи озоду демократӣ ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок намуданд.  

 НАТИҶАИ ИНТИХОБОТ

 12 - уми октябри соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён пахши мустақими натиҷаи интихобот намоиш дода шуд.

Маълум гардид, ки ба ҷонибдории номзади ҳизби аграрӣ - Рустам Латифзода 127 ҳазору 72 овоз, яъне 3,3 %, ҳизби сотсиалист - Абдуҳалим Ғаффорзода 62 ҳазору 835 овоз 1, 49%, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ - Рустам Раҳматзода 90 ҳазору 587 овоз,  2,19 % ва ҳизби коммунистӣ - Мироҷ Абдуллоев – ҳамагӣ 49 ҳазору 212 овоз, яъне 1, 17 %-и интихобкунандагон овоз доданд.

Аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 ё худ 90,92 дар садро Президенти кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиб гардид.

Бино ба маълумоти КМИР, дар интихоботи Президенти Тоҷикистон аз шумори умумии 4 млн. 221 ҳазору 76 - нафар 85,39% - и интихобкунадагон дар ин маъракаи муҳим ширкат карданд.

Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байналмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ), ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байналмилалӣ ташриф оварданд.

 ХАБАРНИГОРИ СОМОНА