Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    2 октябри соли равон дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ аз  ҷониби омӯзгори кафедраи мазкур Давлатова Г.М. дар мавзӯи «Назарияи иқтисодӣ, заминаҳои густариш ва таҳаввули он» дар курси   4-уми гурӯҳҳои 403 ва 404-и факултети тиббӣ дарси кушод баргузор гардид. 

    Дар дарси кушод сармутахассиси назорати сифати таълим Қурбонов Х.Ш., мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ н.и.ф. Гулов А.А. ва омӯзгорон аз кафедраи забонҳо иштирок карданд. 

    Давлатова Г.М. дар рафти дарс барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониш ва ба пуррагӣ сарфаҳм рафтан ба мавзӯъ барои донишҷӯён доир ба вазифаҳои фанни назарияи иқтисодӣ маълумоти муфассал дод.

     Дар идомаи дарси кушод донишҷӯёни гурӯҳи 403 Маманазаров И., Ҳакимова М., Шамсов Х. ва донишҷӯйи гурӯҳи 404 Саидова С. оид ба аҳамияти омӯзиши фанни назарияи иқтисодӣ баромад намуда, ба саволҳои донишҷӯён ҷавоб доданд.  

     Дарси кушодро мудири кафедраи ҷомеашиносӣ Гулов А.А. ва сармутахассиси назорати сифати таълим Қурбонов Х.Ш., ҷамъбаст намуда, ба омӯзгор барои боз ҳам шавқовартар гузаронидани дарсҳои минбаъда тавсияҳои муфид доданд.

КАФЕДРАИ  ФАНҲОИ

 ҶОМЕАШИНОСӢ