Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    30 сентябри соли ҷорӣ дар ДДТХ бо сардорони гурӯҳҳо ҷаласа баргузор гардид, ки дар он декани факултетҳо, муовинони декан ва 104 нафар сардорони гурӯҳ  ширкат варзиданд.

   Дар ҷаласа масъалаҳои давомоти донишҷӯён дар дарс, истифодаи телефонҳои мобилӣ, пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID -19, супоридани маблағҳои шартнома ва обуна мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

    Муовини декани факултети  стоматологӣ Холов А.Д. қайд намуд, ки давомоти донишҷӯён пайваста зери назорати ҷиддии деканат ва кафедраҳо қарор дорад. Ҳангоми назорати ҳаррӯза аз ҷониби деканат, мутаассифона ҳолатҳои дермонии баъзе донишҷӯён мушоҳида карда мешавад.

     Қайд гардид, ки тибқи Оинномаи донишгоҳ истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳангоми дарсҳо қатъиян манъ аст.

     Холов А.Д. инчунин, оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID - 19 сухан ронда қайд намуд, ки дар байни донишҷӯён нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб бояд ҳатман риоя карда шавад.

    Ҳамзамон таъкид гардид, ки маблағҳои шартнома ва обуна сари вақт ба муҳосиботи донишгоҳ супорида шавад.

    Сардорони гурӯҳҳо вазифадор карда шуданд, ки масъалаҳои дар боло зикргардидаро дар ҷаласаи кураториашон бо кураторон мавриди баррасӣ қарор дода, камбудиҳоро сари вақт ислоҳ намоянд.

 ХАБАРНИГОРИ СОМОНА