Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    3 октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар доираи чорабиниҳои муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

      Вохӯрии макзкурро ректори ДДТХ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

    Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода дар баромади худ қайд намуд, ки интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат ба шумор меравад.

    Дар анҷоми суханронӣ муҳтарам Абдулло Раҳмонзода бо боварии комил изҳор намуд, ки ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 70 фисади аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд ва ба тарафдории номзади арзандаи хеш муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон овоз хоҳанд дод.

     Дар идомаи вохӯрӣ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ баромад карда, истиқлоли Тоҷикистон ва нақши Президенти кишварро дар он васф намуданд ва изҳор доштанд, ки дар рӯзи интихобот ба тарафдории номзади арзанда - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  овоз медиҳанд.

    Ректори ДДТХ муҳтарам Убайдулло Қурбон вохӯриро ҷамъбаст намуда, бори дигар ба  раис ва кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории чунин мулоқоти пурмуҳтаво изҳори ташаккур намуданд.

ХАБАРНИГОРИ  СОМОНА