Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    Тибқи фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муҳтарам Убайдулло Қурбон аз 27-уми августи соли 2020 таҳти № 27/01, аз рӯзҳои 8-ум то 10-уми  сентябри соли равон дар асоси талаботи муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ аз ҷониби Комиссияи дохилӣ аттестатсияи дохилидонишгоҳӣ гузаронида шуд.   

    Мувофиқи хулосаҳои комиссия, дар баробари санҷидани ҳуҷҷатгузории тамоми сохторҳои донишгоҳ, ҳамзамон барои санҷиши малака ва маҳорати касбии ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандони раёсат ва кормандони ёрирасони таълимӣ аз фанҳои забони тоҷикӣ ва забони русӣ - диктант, аз забони англисӣ ва технологияи информатсионӣ - тест гирифта шуда, вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саволномаҳо пешниҳод карда шуданд.

     Инчунин, аз рӯйи дастовардҳои илмӣ, методӣ ва нашри мақолаҳо ва дигар муваффақиятҳои соҳа низ холҳои муайян ба омӯзгорон дода шуд.

     Пас аз санҷиш омӯзгорон ва кормандони ёрирасони таълимӣ бо натиҷаи холҳои бадастовардаашон шинос карда шуданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА