Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

Марги беамон боз як марди хирадманду накӯкорро аз байни мо рабуд.

Тошпӯлод Гулмуродов - профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудири кафедраи ҷарроҳии дилу рагҳо ва роҳбари собиқи Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина, рӯзи 13 сентябри соли равон дар шаҳри Москва дар синни 67 - солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тошпӯлод Гулмуродов муаллифи зиёда аз 200 асари илмӣ, аз ҷумла 7 монография, 1 дастурамали таълимӣ, 4 кашфиёт буда, таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи докторӣ ва 22 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Профессор Гулмуродов раиси Ҷамъияти ҷарроҳони Тоҷикистон ва раиси Ассотсиатсияи ҷарроҳони дилу рагҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ буд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз марги нобаҳангоми профессор Тошпӯлод Гулмуродов сахт андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳад.

РАЁСАТИ  ДДТХ