Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     1 - уми сентябри соли ҷорӣ муовинати таълим бо аъзои Раёсат ва мудирони кафедраҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуд. Дар ҷаласа муовини ректор оид ба таълим Аҳмадов Ш.Р. бо ҳозирин дар бораи гузаронидани аттестатсияи дохилидонишгоҳӣ барои ҳайати профессорону омӯзгорон маълумоти мушаххас дод.

   Қайд гардид, ки аттестатсияи дохилидонишгоҳӣ барои ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ пеш аз давраи аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузаронида мешавад. Аттестатсияи омӯзгорон дар ду қисмат ба роҳ монда мешавад.

   Дар қисмати аввал имтиҳон аз фанни забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, технологияи информатсионӣ ва педагогикаю психологияи мактаби олӣ баргузор мегардад.

  Дар қисмати дуюм корҳои таълимӣ - методӣ, илмӣ - тадқиқотӣ, муолиҷавӣ, тарбиявӣ ва дигар дастоварду мукофотҳои давлатии омӯзгорон натиҷагирӣ карда мешавад.

  Таъкид гардид, ки дар ҳамаи сохторҳои донишгоҳ  тамоми ҳуҷҷатҳои мавҷуда, ки  дар асоси қонунгузориҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда шудаанд, мавриди тафтиш ва санҷиши комиссияи дохилидонишгоҳӣ қарор дода мешаванд.  

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА