Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     1 - уми сентябри соли равон дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо намояндагони  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони соҳа вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

    Ҳадафи асосии вохӯрӣ иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ширкати фаъолона дар маъракаи интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, сафарбарии дружиначиёни ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар давраи интихобот арзёбӣ гардид.

    Коршиноси Комиссияи интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қодиров Н.  дар мавзӯи «Интихобот ҳамчун падидаи ҷомеаи демократӣ» маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Номбурда зикр кард, ки ҳар як шаҳрванд дар интихоби номзад озод буда, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки ба он дахолат кунад.

Обидзода Юсуф – полковники милитсия, намояндаи Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон риоя намудани тартиботи ҷамъиятиро ҳангоми интихобот аз ҷониби шаҳрвандон ва махсусан ҷавонон, хеле муҳим ҳисобид.  Қайд гардид, ки ҷавонон бояд аз таърихи начандон дур, яъне воқеаҳои солҳои 90 - уми асри 20 дарси ибрат гирифта, дар талоши сулҳу суботи ватани азизамон ҳамеша саҳмгзор бошанд. 

    Ҳуқуқшиноси Донишгоҳи давлатии Данғара - Нуриддинзода Зуриддин зимни суҳбат дар мавзӯи «Илму маърифат асоси муқовимат бо терроризму экстремизм ва ифротгароӣ» иброз намуд, ки андӯхтани дониш моро дар интихоб намудани роҳи дуруст дар зиндагӣ раҳнамо хоҳад буд.

    Амирзода Аловиддин – мудири Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Хатлон ба ҳозирин бо боварии қатъӣ изҳор намуд, ки ҷавонони имрӯза ҳангоми овоздиҳӣ ба номзади арзанда ба иштибоҳ роҳ нахоҳанд дод. 

Дар анҷоми вохӯрӣ муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг баргузории вохӯрии мазкурро хеле муҳим ҳисобида, ба меҳмонон изҳори сипос намуд. Қайд гардид, ки чунин вохӯриҳо маърифати ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсии донишҷӯёнро боз ҳам баланд мебардоранд.

МУОВИНАТИ ТАРБИЯ