Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    3 - уми сентябри соли равон аз ҷониби маъмурияти китобхона дар якҷоягӣ бо Шӯрои занон ва духтарон бахшида ба зодрӯзи психиатр, доктори илмҳои тиб, профессор, Узви вобастаи АИТ ИҶШС, духтури шоистаи ҶШСТ, Арбоби шоистаи ҶШСТ Ғуломов Минҳоҷ  маҳфили «Нобиғаҳои илми тиб» баргузор гардид.

    Дар маҳфил оид ба ҳаёт ва фаъолияти пурмаҳсули ин олими варзида дар соҳаи тиб маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки Ғуломов Минҳоҷ муаллифи 377 мақолаи илмӣ, 8 китоб, 18 монография, 48 дастурамал, ва 15 кашфиёт буда,  тадқиқоташ асосан ба масъалаҳои умдаи психиатрия бахшида шудаанд.

    Холбобоева Ибодат донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ дар мавзӯи «Ғулом Минҳоҷов – психиатри нотакрор»  баромад карда, оид ба ҳаёт ва фаъолияти ин олими намоёни тиб маълумот дод.

   Сипас дар байни аъзои маҳфил муколама ва саволу ҷавоб баргузор гардид.

  Роҳбари маҳфил н.и.ф. Саидова М.Р. дар анҷом қайд намуд, ки тибқи нақша минбаъд низ тавассути маҳфили «Нобиғаҳои илми тиб» барои аъзо ва иштироккунандагони маҳфил аз зиндагинома ва фаъолияти чунин донишмандони варзидаи соҳаи тиб маълумоти мушаххас пешниҳод мегарад.

МАЪМУРИЯТИ КИТОБХОНА